ХАБАРИ ДОҒ

Доварони бозиҳои навбатии тими миллии Тоҷикистон

  • Душанбе, Март 07 2016

Доварон ва ҳайати намояндагии хизматрасони ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 дар квартети «В» маълум шуданд. Сардовари бозии даври нуҳӯми ин мусобиқа миёни мунтахабҳои миллии Австралия ва Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал»-и шаҳри Аделаида доир мешавад, рефери 30 солаи ФИФА аз Қатар Фаҳад Ҷаббор Ал-Маррӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Юсуф Ориф Ал-Шамарии 26 сола аз Қатар ва Муҳаммад Ал- Абакрии 36 сола аз Арабистони Саудӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии ин вохӯриро  рефери 33 солаи ФИФА Чуан Ху Фу аз Сингапур ба зимма дорад. Нозири доварон Азимӣ Бин Абдулло аз Малайзия ва комиссари бозӣ бошад, Томохиро Каисе аз Япония таъин шуданд. Ба ин тартиб, ин ҳайати хизматрасонро интернатсионалӣ низ номидан мумкин аст. Ҳаминро илова мекунем, ки бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. 

Бозии мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 муқобили Қирғизистон, ки рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 доир хоҳад шуд, ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери 35 солаи ФИФА Азиз Асимов таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Руслан Серазитдинови 33 сола ва Андрей Тсапенкои 29 сола кӯмак мекунанд. Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн нозири доварон ва Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъин шуданд. 

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 19:30 (14:00 ба вақти Душанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Фаҳад Ҷаббор Ал-Марри (Қатар).

Ёварон: Юсуф Ареф Ал-Шамари (Қатар), Муҳаммад Ал-Абакри (Арабистони Саудӣ).

Довари эҳтиётӣ: Чуан Ху Фу (Сингапур).

Нозири доварон: Азимӣ Бин Абдулло (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Томохиро Каисе (Япония).

Аделаида, Варзишгоҳи «Аделаида Овал»

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Оғоз соати 18:00 

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Сардовар: Азиз Асимов (Узбекистон).

Ёварон: Руслан Серазитдинов, Андрей Тсапенко ( Узбекистон).

Довари эҳтиётӣ: Алибек Сапаев (Туркманистон).

Нозири доварон: Ҷассим Муҳаммад Абдулкарим (Баҳрайн).

Комиссари бозӣ: Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ (Лубнон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter