ХАБАРИ ДОҒ


Оё воқеан айёми рукуди ин ҳайати “шоҳона” расидааст?
“Реал Мадрид” дар бозӣ бо “Тоттенхэм” ба шикасти дандоншикане рӯ ба рӯ шуд. Лондониҳо бесобиқа бозида, ҷоизадори феълии мусобиқотро мағлуб карданд. Вале маҳкум намудани бозии “Дастаи шоҳона” чун бозии “мурда” нодуруст аст. Аммо каме ҳам бошад, “Реал” ба ин эътирози расонаҳо ва коршиносон сазовор аст, зеро худро аз ҳад зиёд боло бардоштанд ва ин “нокдаун”-и аз “Тоттенхэм” ба онҳо расида, барои шуруъи ин эътирозҳо кифоягӣ мекунад. Ин ҷо мо низ каме бозии дастаи Мадридро баррасӣ мекунем.

“Реал” бад бозӣ мекунад?
Шояд. Вале на он қадар. Вохӯрӣ бо “Жирона” (диққат! Дастаи 13-уми Ла Лигаи Испания)-ро бозигарони “шоҳона” қариб аз ҳама ҷиҳат бохтанд. Ҳиссиёте ҳаст, ки баъди ранҷонидани “Барселона” дар бозӣ барои Суперҷоми Испания “Реал” каме худашро “гум” кардааст. Футболбозон гӯё ҳамон бозиҳоеро мекунанд, ки дар мавсими гузашта мекарданд. Дар назар бозиашон ҳам ҳатто ҳамон хел мебарояд, аммо он бозии қаҳрамонӣ, ҳиссиёти мағлубнопазирӣ гӯё аз байн рафтааст, ё муваққатан хомӯш шудааст. Мушкилӣ ҳам дар ҳамин аст. Ҳама бозигарон дар ҳамон мавқеъ ҳамон корро мекунанд, танҳо натиҷа дигар шудааст ва “Реал” худ намефаҳмад, ки чӣ хел аз ин афтиши натиҷа халос шаваду ба натиҷаҳои гузашта боз расад. Ба даста барои қувваи эҳтиётӣ ё ба истилоҳ “ротатсия” бозигарони нав наомадаанд. Не, аниқтараш омадаанду ҷойҳои Хамесу Мората ва Пеперо, ки дар баробари ба майдон баромаданашон қувваи “Реал” зиёд мешуду кам не, гирифта натавонистанд. Барои 1-2 бозии нохуб наметавон Роналдуро аз ҳайати асосӣ берун кард. Бенземаро низ ҳамчунин, чунки франсуз аз ҷиҳати системавӣ бисёр барои Роналду муҳим аст. Кроос, Модрич ва Каземиро то ҳол беҳтарин сегонаи нимҳимоятгаронанд. Ҳимоятгарон низ аз беҳтаринҳои ҷаҳон мебошанд. Системаи бозӣ бисёр олӣ гузошта шудааст ва дар назар бояд хуб кор диҳад. Ҳатто тибқи омори нишондодашуда, даста бисёр нишондодҳои нағз нишон медиҳад, лек натиҷа ва он қувваи бузурги ғолибӣ нест.

РеалVSРеформа!!!
Фикре ҳаст, ки муддати бозии қаҳрамононаи 1 даста 3 сол аст ва баъди он бозии даста рӯ ба рукуд мениҳад. Сипас, бояд ё сармураббӣ ё ҳайат иваз шаванд. Яъне реформа лозим аст! Мисоли бараъло-ин “Барселона”-и Гвардиола аст. Ин даста 3 сол беҳтарин даста буду 2 бор Лигаи Чемпионҳоро соҳиб шуд. Пеп баъди шикаст аз Челсӣ фаҳмид, ки вақти солории дастааш гузаштааст. Зидан бошад, қариб 2 сол шудааст, сармураббии “Дастаи шоҳист”, лек хишти аввали ин дастаи “қаҳрамонон”-ро на Зидан, балки Анчелоттӣ гузошта буд. Ӯ чунин сохторро гузошта буд: Роналду ва Бенземаи якдигарро хуб ҳискунанда ҳама хатти ҳимоя ва алоқаи Кроос-Модрич. Дар вақти Зидан танҳо ба 2 нимҳимоятгар Каземиро илова карда шудаасту халос. Шояд ин тактика оҳиста-оҳиста қувваи худро аз даст дода истодааст? Пас ин вазъиятро чӣ тавр Зидан бартараф мекарда бошад?

Тотенхэми гурусна барои дастовардҳо
Дар ҳамин ҳол ба “Дастаи шоҳона” беҳтарин ҳайати таърихии “Тоттенхэм” рӯ ба рӯ шуд. Айни ҳол лондониҳо дар ҳолати бисёр хуб қарор доранд ва бозии Топ-дастаро нишон медиҳанд. Тактикаи онҳо хеле хуб кор медиҳад ва аллакай, онҳоро ҳеҷ кас дастаи миёна намеҳисобад. Хатти ҳимоя бо ҳимоятгарон-Вертонгену Алдервейрелд чунон моҳирона гузошта шудааст, ки яке аз дастаҳоест, ки ба дарвозаи худ кам гол сар додааст. Шояд номҳои ин 2 ҳимоятгарро дар баъзе ҷойҳо шунидаед, вале Триппйер, ки ин қадар “Реал”-ро нороҳат сохт, кам касест, ки шиносандаш. Бозии лондониҳо то ҳамон дараҷа ҷолиб аст, ки ҳеҷ кас Уокери хеле муҳими мавсими гузаштаи фурӯхташударо ҳатто ба ёд намеорад. Якҷоя бо ин хатти ҳимояи пурқувват хатти ҳамла низ бисёр олӣ корашро анҷом медиҳад. Кейн, Аллӣ, Эриксен ва ҳатто Сон аллакай футболбозони топ маҳсуб мешаванд. Ин гуфтаҳо на дар назария, балки бештар дар амалия исботи худро ёфтаанд ва ҳатто зидди ҷоизадори феълии ин мусобиқот ин тактика хеле хуб аз худ хабар дод. “Тоттенхэм” дар ин вохӯрӣ ҳам миқдори лозимаи ҳолатҳои головар ва ҳам шумури лозимаи голҳоро ба ҳадаф расонд. Онҳо дар ЛЧ дигар мисли мавсими гузашта беғайратонаву беқувватона бозӣ намекунанд ва “Уэмблӣ”-ро низ ба 1 саҳнаи тамошобоб табдил додаанд. Ҳоло Зидан бояд 4 ракаат намози шукрона гузорад, ки Тотенхэм голи 4-ашро назаду Реалро шармандаи 2 олам накард!!!

Постскриптиум
Хуб. “Тоттенхэм” воқеан хуб аст. Ин маълум. Вале бозии “Реал” аз ҳад бад буд?  Не! Мадридиҳо бо “Жирона” дарвоқеъ бад бозиданд, вале бо лондониҳо аз бисёр ҷиҳат корашон омад накард. Аз рӯи ҳолатҳои головар ҳатто мизбононро мағлуб карда буданд. Аммо мо ин ҷо боз ҳам бо мушкилии нуқтаи охири ҳамла ё зарбаи ҳалкунанда задан рӯ ба рӯ мешавем. Ба бозии ҷолиби “Тоттенхэм” ба ваҷд наомада намешавад, лек Мадридро барои ин бозӣ танқиди сахт нашояд. Роналду дар ин вохӯрӣ бозии хуб нишон дод, ҳам зарба зад, ҳам бо Марсело бозигузориҳои ҷолиб кард, ҳам гузаришҳо ва ҳам партофтҳои хуб дошт ва низ лидер будан хост. Ва ҳатто гол ҳам зад. Ҳатто бозии аз ҳама нуқтаи заъфи даста-Ҳакимӣ низ на он қадар бад буд.
“Реал” миёнаҳои қисми дуюми дидор аллакай аз ҳисоби ҳолатҳои хавфнок аз мизбонон пеш гузашт, вале мушкилӣ дар он буд, ки он лаҳза ҳисоб 3:0 буд ва соҳибони майдон онҳоро барои камаҳамиятиашон ҷазо дода буданд. Ба ҳар ҳол, муҳокимаро аз рӯи гол ё худ натиҷа мебароранд, ки он то охири ин бозӣ ба шогирдони Зайнидин даст надод. Бо ин ҳама “Реал” воқеан даст бардоштааст? На, агар мушкилие ҳам бошад, он аз характери бозӣ дур аст. Аҷиб ҳам намояд, вале натиҷаи ин бозӣ бояд ба нафъи ҳар 2 даста шавад. “Тоттенхэм” ахиран ба ҳама фаҳмонд ва махсусан, ба худ, ки дар ҳақиқат топ-даста аст. “Реал” бошад, ки то ҳол дар ин мавсим бо дастаҳои пурқувват набозида буд, дар навбати худ бояд аз “осмон” каме фуруд ояд ва ҳис кунад, ки чизеро иваз кардан лозим аст. Вале оё Зидан калиди ин мушкилро меёфта бошад?

Муродов Маҳмадшариф,
шореҳи футбол

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter