ХАБАРИ ДОҒ

“Локо”-ро дар Маскав ранҷониданд

  • Ҷумъа, Нояб 03 2017


Даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дишаб ба поён расид, ки дар он бозиҳои ҷолиб кам набуданд

Гурӯҳи А
Славия П 0:2 Вилярреал. Варзишгоҳ: Синот Тип (Прага, Чехия). Довари асосӣ: Бобби Мадден (Шотландия) Голҳо: Карлос Бакка (15), Симон Делӣ (89, автогол).
Дар сабқатҳои гурӯҳӣ дастаи “Астана”-и Қазоқистон бозии сазовор нишон дода, айни ҳол дар зинаи дуюми гурӯҳи А бо 7 имтиёз, ҳамагӣ 1 хол камтар аз мақоми 1 ҷойгир аст. Далели возеҳтари ин гуфтаҳоро остонагиҳо дар бозии дишаба бо “Маккабӣ Т-А” бо дақиқкории худ нишон доданд ва ғалабаи навбатии худро ҷашн гирифтанд.
Маккабӣ Т-А 0:1 Астана. Варзишгоҳ: Нетания (Нетания, Исроил). Довари асосӣ: Павел Рачковски (Варшава, Полша). Голҳо: Патрик Твумасӣ (57).

Гурӯҳи В
Янг Бойз 0:1 Динамо К. Варзишгоҳ: Стад де Суисс Ванкфорд (Берн, Швейтсария). Довари асосӣ: Тони Шапрон (Флерс, Фаронса). Голҳо: Виталий Буялский (70).
Партизан 2:0 Скендербеу. Варзишгоҳ: Партизан (Белград, Сербия). Довари асосӣ: Карлос Дел Серро Гранде (Мадрид, Испания). Голҳо: Зоран Тошич (39), Леандре Тавамба (66).

Гурӯҳи С
Истанбул Башакшехир 1:1 Хоффенхайм. Варзишгоҳ: Бешикшехир Фатих Терим (Истанбул, Туркия). Довари асосӣ: Харалд Лехнер (Австрия). Голҳо: Эдин Вишча (90+4) – Флориан Гриллич(47).
Лудогоретс 1:1 Брага. Варзишгоҳ: Лудгоретс Арена (Разград, Булғористон). Довари асосӣ: Владислав Безбородов (Санкт-Петербург, Русия). Голҳо: Марселинё (68), Франсержио (83).

Гурӯҳи D
Риека 1:4 Аустрия В. Варзишгоҳ: Руевитса (Риека, Хорватия). Довари асосӣ: Якоб Кехлет (Дания). Голҳо: Домагой Павичич (61), Доминик Прокоп (41, 62), Таркан Зербест(73), Кристоф Моншайн(83).
Дастаи “Милан” бо харҷи бесобиқаи пул дар таърихи худ то ҳол бозии хубро нишон дода наметавонад. Миланиҳо агарчи дар гурӯҳ дар ҷои авваланд, вале дар вохӯрӣ бо “АЕК Афина” бозии на он қадар хуб нишон дода, ҳамагӣ 2 зарбаи рост доштанд. Бо ин ҳама, сармураббии клуб Монтелла мегӯяд, ба даста ва футболбозонаш бовар дорад. Шояд онҳо воқеан ба ин боварӣ сазоворанд? Шояд не!
АЕК Афина 0:0 Милан. Варзишгоҳ: Олимпик-Спирос Луис (Афина, Юнон). Довари асосӣ: Мануэл Жорже Соуза (Порту, Португалия). Голҳо: -

Гурӯҳи Е
Аполлон Л 1:1 Аталанта. Варзишгоҳ: ГСП (Никосия, Кипр). Довари асосӣ: Андрис Трейманис (Кулдига, Латвия). Голҳо: Эмилио Селая (90+4), Йосип Иличич (35, пеналти).
“Эвертон” бо бохти бузургаш аз “Лион” бадтарин дастаи англисӣ дар таърихи Лигаи Аврупо дониста шуд. Ливерпулиҳо бо он, ки дар мавсими трансферии гузашта 8 футболбози нав гирифтанд, вале то ҳол на дар Премйер-лигаи Англия ва на дар ЛА бозии лозимаро нишон дода наметавонанд. Онҳо дар нуқтаи афтиши ПЛА (мақоми 18) ва дар гурӯҳ бо ба даст овардани ҳамагӣ 1 имтиёз, ҷои чорум, яъне охиринро касб намудаанд.
Лион 3:0 Эвертон. Варзишгоҳ: Стад де Люмйер (Лион, Фаронса). Довари асосӣ: Орел Гринфилд (Исроил). Голҳо: Бертран Траоре (68), Уссем Ауа (76), Мемфис Депай (88).
          
Гурӯҳи Ғ
Копенгаген 3:0 Фастав. Варзишгоҳ: Паркен (Копенгаген, Дания). Довари асосӣ: Никола Дабанович (Черногория). Голҳо: Михаэл Люфтнер (40), Бенямин Вербич (49, 90+2).
Баъд аз он, ки дастаҳо бозии аввалинашонро дар Молдова мусовӣ - 1:1 карда, буданд, интизор мерафт, ки дар Маскав мизбонон молдавиҳоро шикаст медиҳанд, аммо “Локо” ғайриинтизор, лек сазовор (тибқи омори бозӣ) шикаст хӯрд. Ба замми ин, дар ҳошияи вохӯрӣ бо “ССКА” 2 футболбози асосии худ-дарвозабон Гилерме ва ҳамлагар Эдерро бо сабаби ҷароҳат бардоштан аз даст дод.
Локомотив 1:2 Шериф. Варзишгоҳ: РЖД Арена (Маскав, Русия). Довари асосӣ: Себастйен Делферйер (Белгия). Голҳо: Ҷефферсон Фарфан (26), Зигей Бадибинга (41), Йосип Брежоветс (58).

Гурӯҳи G
Стяуа 1:1 Хапоел Б-Ш. Варзишгоҳ: Натсионал (Бухарест, Руминия). Довари асосӣ: Халис Озкахя (Туркия). Голҳо: Флоринел Коман (31), Бен Сахар (37).
Виктория Плзен 4:1 Лугано. Варзишгоҳ: Дусан Арена-Места Плзне (Плзен, Чехия). Довари асосӣ: Жонатан Лардо (Белгия). Голҳо: Милал Крменчик (4,19), Томаш Горжава (45), Алеш Чермак (56), Давид Марианӣ(15).
                                           
Гурӯҳи Н
Чун барои баромадан аз гурӯҳ ба “Арсенал” мусовӣ ҳам кифоя буд, даста он қадар қувваи худро сарф накард ва бо мусовӣ 0:0 ба даври плей-офф роҳхат гирифт. Бояд гуфт, ки дар ин дидор қисме аз футболбозони калидии лондониҳо-Санчес ва Озил бозӣ накарданд. Агарчи ҳама интизори ғолибияти шогирдони Венгер буданд, вале онҳо бо мусовӣ иктифо намуданд.
Арсенал 0:0 Срвена Звезда. Варзишгоҳ: Эмирейтс-Эшбертон Гроув (Лондон, Англия).  Довари асосӣ: Лука Бантӣ (Италия) Голҳо: -
Кёлн 5:2 БАТЭ. Варзишгоҳ: Райн-Энергӣ (Кёлн, Олмон). Довари асосӣ: Александр Ставрев (Македония). Голҳо: Симон Соллер (16), Юйа Осако (54, 82), Серу Гирассӣ (63), Милош Йойич (90), Неманя Милунович (31), Николай Сигневич(33).

Гурӯҳи I
Дар вохӯрии дастаҳои Витория Гимарайнши Португалия ва Марсели Фаронса аввалин корти сурх дар таърихи футбол, ки бозӣ сар нашуда ба футболбоз нишон дода шуд, аз сӯи довари венгриягӣ-Томаш Богнар ба ҳимоятгари марселиҳо Патрис Эвра дода шуд. Сабаби ин яке аз мухлисони дастаи худро барои таҳқир бо пой бо усули легендаи “Манчестер Юнайтед” Эрик Кантона, задани легендаи дигари дастаи Манчестер-Эвра аст. Бояд қайд кард, ки дар рафти ин вохӯрӣ бозигари дигари “Марсел” Бубакар Камара низ бо гирифтани 2 корти зард ва корти сурх дар дақиқаи 86 майдонро тарк кард. Ин бозӣ 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Витория Гимарайнш 1:0 Марсел. Варзишгоҳ: Афонсу Энрикеш (Гимарайнш, Португалия). Довари асосӣ: Томаш Богнар (Венгрия). Голҳо: Паоло Уртадо(80).
Ред Булл Залтсбург 0:0 Коняспор. Варзишгоҳ: Ред Булл Арена-Валс-Зитсенхайм (Залтсбург, Австрия). Довари асосӣ: Паоло Силвио Массоленӣ (Италия). Голҳо: -

Гурӯҳи J
Герта 2:0 Заря. Варзишгоҳ: Олимпиаштадион (Берлин, Олмон). Довари асосӣ: Ҷон Битон (Шотландия). Голҳо: Дейвӣ Зелке(16, 73).
Атлетик Б 1:0 Эстерсунд. Варзишгоҳ: Сан-Мамес (Билбао, Испания). Довари асосӣ: Павел Гил(Полша). Голҳо: Арис Адурис(70).

Гурӯҳи К
Витесс 0:2 Зюлте-Варегем. Варзишгоҳ: Гелредом (Арнем, Ҳолланд). Довари асосӣ: Евгений Арановский (Украина). Голҳо: Марвин Бодрӣ(3), Онур Кая(70).
Латсио 1:0 Нитсса. Варзишгоҳ: Олимпико(Рим, Италия). Довари асосӣ: Хесус Хил Мансано (Испания). Голҳо: Максим Лу Маршан(90+2, автогол).

Гурӯҳи L
Аз ибтидо ба ин гурӯҳ таваҷҷуҳ зиёд буд, чунки 2 дастаи довталаби ЛА дар ин гурӯҳ ҳунарнамоӣ карда истодаанд. Инҳо яке “Зенит” ва дигарӣ “Реал Сосйедад” мебошанд ва мубориза барои ҷойҳои аввали ин гурӯҳ ҳам миёни ҳамин 2 даста ҷараён дорад. Дар ин давр петербургиҳо ба меҳмонии “Русенборг” рафтанд ва испаниҳо бошанд, дар майдони худ “Вардар”-ро қабул карданд. Коршиносон мегуфтанд, ҳар 2 даста ҳам дар ин вохӯрӣ довталаб ҳастанд. Ба фикрам, худи дастаҳо низ чунин фикр мекарданд. Воқеан, “Реал Сосйедад” чуноне ки интизор мерафт, ғалабаи осон ба даст овард, аммо “Зенит” то дақиқаҳои охир хавфи аз ин дидор тамоман имтиёз нагирифтанро дошт. Футболбози беҳтарини имсолаи “Зенит” Кокорин ба даста 1 имтиёз овард, ки барои баромадани даста ба плей-офф кифоя аст.
Русенборг 1:1 Зенит. Варзишгоҳ: Леркендал (Тронхейм, Норвегия). Довари асосӣ: Сердар Гозюбийк(Ҳолланд). Голҳо: Никлас Бентнер(55, пеналтӣ), Александр Кокорин(90+3).
Реал Сосйедад 3:0 Вардар. Варзишгоҳ: Аноэта (Сан-Себастян, Испания). Довари асосӣ: Роберт Шёргенхофер(Автрия). Голҳо: Хуанмӣ(31), Алберто де ла Биля(69), Хон Орхилйес(81).

Муродов Маҳмадшариф,
донишҷӯи курси 4-и факултети журналистикаи ДМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter