ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикписар ғолиби «Смешанное единоборство»

  • Чоршанбе, Март 16 2016

Рӯзҳои 12, 13 ва 14-уми марти соли равон дар вилояти Курски Федератсияи Русия 2-умин сабқати байналхалқӣ бо номи «Смешенное единоборство» миёни ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа аз шаҳри Маскав 7 нафар дар вазнҳои гуногун ширкат варзиданд. Хушбахтона танҳо тоҷикписар-Меҳроҷ Назруллоев, истиқоматкунандаи ш.Маскав, дар вазни 93 кг баромад ва рақибони худро мағлуб кард ва ба гирифтани мақоми 1 сазовор шуд. Ногуфта намонад, ки Меҳроҷ ҷияни генерал Саидшоҳ Шамолов ва набераи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, Мирзоватан Миров аст. Ин мусобиқа бо ташаббуси муштзани маъруфи ҷаҳон-Александр Повадкин баргузор гардид. Аҳли қалами газетаи мардумии СССР бо хушнудӣ М.Миров ва ҳам С.Шамоловро барои дастоварди фарзандашон таҳният мегӯем. Умед дорем, ки минбаъд ҳам Меҳроҷ дар сабқатҳои байналмилалӣ ширкат варзида, обрӯи Тоҷикон ва тоҷикистониҳоро дар арсаи байналхалқӣ боло мебардорад! Зеро Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter