Принт

ПРЕМЙЕР-ЛИГАИ АНГЛИЯ

ПЕШ АЗ ДАВР

“Бозӣ дар “Стэмфорд-Бриҷ” ҳамеша нисбат ба дигар бозиҳо барои ман каме фарқ дорад”-мегӯяд, Жозеф Моуриню, дар нишасти матбуотии пеш аз сафар ба Лондон барои вохӯрӣ бо собиқ дастаи худ. Ишораи ӯ танҳо барои он нест, ки “Челсӣ” дастаи собиқи ӯст. Агар Шумо мавсими гузаштаи футболи Англияро дида бошед, пас мефаҳмед, ин ишора барои чист. Соле пеш маҳз дар ҳамин варзишгоҳ шогирдони Конте ва худи ӯ низ “Манчестер Юнайтед”-ро сахт ранҷонда буданд. Он вохӯрӣ бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфта буд ва он ҳангом миёни сармураббиёни клубҳо нофаҳмӣ сар зад. Баъди чанд муддати ин дидор мутахассиси португалӣ бо шогирдонаш боз озими сафар ба ин варзишгоҳ шуданд, танҳо ин бор дар доираи Ҷоми Англия ва ин навбат на бо ҳисоби бузург, балки бо задани 1 гол лондониҳо ғолиб омаданд, вале боз Моуриню аз он ки бозигари калидии онвақтааш Эррера дар ин вохӯрӣ корти сурх гирифт, сахт ранҷид ва нияти гирифтани “қасд” аз “нафақахӯрон”-ро дошт. Ӯ мегуфт, ки Андер қоидавайронкунии ба корти сурх мувофиқро анҷом надодааст. Ҷавоби ин ранҷишҳояшро Моуриню дар бозии даври 33-юми Премйер-лига, дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” гирифт. Дар ин дидор “Девҳои сурх” чунон бозӣ карданд, ки кабудпӯшҳо ҳатто 1 зарбаи рост ба дарвоза ҳам надоштанд. Голҳоро дар дақиқаи 8-ум Рэшфорд ва дар дақиқаи 49 Эрерра ба самар расонданд. Шояд манчестериҳо дар бозии даври дарпешбуда чунин бозии ҷолибро нишон медиҳанд. Ва шояд ҳам Моуриню “автобуси машҳур”-и худро дар “Стемфорд-Бриҷ” ба кор дарорад. “Автобус” ё бозии ҷолиб, инро пагоҳ мебинем, вале қатъан “Челсӣ” он бозии дар “Театри орзуҳо” нишондодаашро карданӣ нест ва ба таври ҷиддӣ ғолиб шуданист, зеро агар давом додани муборизаро барои медали тиллои ПЛА хоҳад, бояд меҳмононро бо нокомӣ гусел кунад.
“Мо метавонем “Манчестер Ситӣ”-ро мағлуб кунем”-гуфтааст Арсен Венгер, чанде пеш. Ба эҳтимоли зиёд ва тахминҳои коршиносон Венгер мавсими охиринашро дар “Арсенал” сипарӣ карда истодааст. Натанҳо ӯ, балки 2 футболбози калидии даста-Санчес ва Озил агар мавсими трансферии зимистона ҳам фурӯхта нашаванд, тобистон ҳатман аз “Эмирейтс” мераванд. Вале ин ҳама гуфтаҳо маънии онро надорад, ки онҳо даст бардоштаанду бозии лозимаро нишон намедиҳанд, албатта, бозиҳояшон дар сатҳе, ки бояд бошад, нест, лек онҳо ҳамту 3 имтиёзро ба дасти рақибонашон доданӣ нестанд, боз вақте рақиби даври онҳо “Манчестер Ситӣ”-и дар ҳолати бисёр хуббуда бошад. Дар ин давр 2 бозии топ-дастаҳо моро интизор аст. Агар дар вохӯрии “Челсӣ” ва “МЮ” эҳтимоли пӯшида шудани бозӣ зиёд бошад, пас дар ин дидор, ки 2 клуби бештар ба ҳамла диққатмедода-“МС” ва “Арсенал” бо ҳам вориди майдони рақобат мешаванд, эҳтимоли хеле кам ва ҳатто, нашудани бозии пӯшида дар назар аст. ”Ситӣ” дар ҳамаи мусобиқаҳои иштирокмекардааш бозии бисёр ҷолибро нишон дода истодааст. “Арсенал” бошад, дар навбати худ, дар бозии Лигаи Аврупо бештари бозигарони ҳайати асосиашро эҳтиёт карда, ба майдон набаровард, то дар бозӣ бо манчестериҳо монда нашуда, бо рӯҳияи баланд бозӣ кунанд. Яъне, ин ҳама гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки тамошои ин бозиро аз даст додан мумкин нест.

Матлабҳои дигар