ХАБАРИ ДОҒ

Моуриню дигар «махсус» нест...

  • Чоршанбе, Нояб 08 2017


Дар даври навбатии топ-лигаҳои Аврупо бозиҳои ҷолиб зиёд буданд. Даври 11-уми Премйер-лигаи Англия 1 не, 2 бозии марказӣ дошт. Сараввал пешгоми мавсими имсола “Манчестер Ситӣ” дар майдони худ “Арсенал”-и Лондонро қабул намуд. Чуноне ки интизорӣ мерафт, ин бозӣ аз ҳолатҳои хатарнок бой буд ва голҳо низ кам нашуданд. Вале дар он натанҳо ин ҳолатҳо буд, балки пеналтии баҳсбарангез ва голи аз оффсайдзадашударо низ дар он дидан мумкин буд. Инро Венгер низ баъди бозӣ гуфт, ки сатҳи касбияти доварони ПЛА торафт паст шуда истодааст ва ӯ аз ин зиёд дар ташвиш аст. Гвардиола низ дар ҷавоб ба мутахассиси фаронсавӣ қайд кард, ки ин футбол аст ва бе иштибоҳ намешавад. Ин гуна иштибоҳҳо натанҳо боиси фоидаи “шаҳриҳо”, балки ба лондониҳо низ кам нафъ навардааст. Лекин новобаста аз шикояти Венгеру баъзе футболбозони дигари “Арсенал”, манчестериҳо 3 имтиёзи навбатии худро соҳиб гаштанд. Ҳисоби бозӣ – 3:1.
“Моуриню акнун дигар “Махсус” нест”- чунин мегӯянд, расонаҳои варзишии олам баъди бохти навбатии “Манчестер Юнайтед” дар “Стэмфор Бриҷ” аз дастаи қаблиаш. Воқеан, ин гуфтаҳо то ҷое асос доранд, чунки ба бозии дастаи вай нигариста, дигар наметавон фикр кард, ки ин ҳамон дастаи “ташна”-и пирӯзиҳои Моуриню аст. Вай дигар он ҳиссиёту хоҳишеро, ки барои дастаи ғолиб зарур аст, ба футболбозонаш дода наметавонад. Дастаи ӯ ҳангоми баромадан аз хати ҳимоя ва гузаштан ба ҳамла чунон мушкилии ҷиддие дорад, ки инро аксари мухлисони даста пай бурдаанд. Худи мутахассис бошад, ин ҳолатҳоро ба хастагии футболбозон ва набудани Погба, Иброҳимович ва Рохо бо сабаби ҷароҳат доштанашон, рабт медонад. Вале агар иштибоҳ накунам, соли гузашта ҳарсеи онҳо қариб то охири мавсим бозӣ карда буданд ва “МЮ” чемпионатро дар ҷойи 6-ум ба итмом расонид. Яъне, шояд гап дар Погба ё дигарӣ бошад, вале на ба он ҳадде, ки Жозе мепиндорад.
Бояд зикр кард, ки акнун лидерони ҳозираи ПЛА –“Мачестер Ситӣ” аз ҳамсогони худ – “Девҳои сурх” баъди ғалабаи худ ва бохти онҳо, 8 имтиёз пеш гузаштаанд ва Моуриню гуфт, ки ин 8 хол ӯро ба ташвиш овардааст, вале боз илова намуд: “Ин Примераи Испания ё Бундеслигаву Лигаи 1-у Серияи А нест ва мо метавонем, аз онҳо гузарем”.
Дар Англия хабари дигари муҳим ин барканор шудани Славен Билич аз курсии сармураббигии “Вест Хэм Юнайтед” мебошад. Баъди оне ки даста мавсими имсоларо бо натиҷаҳои нохуб шурӯъ намуд, “Вест Хэм” ҳоло дар мақоми афтиш аз ПЛА, яъне ҷойи 18-ум ҷойгир аст ва ин роҳбарияти дастаро маҷбур сохт, ки сармураббиро иваз кунанд. Хабари барканор шудани вай рӯзи 6-уми ноябр дар сомонаи расмии даста пахш шудааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, довталаби асосӣ барои ин вазифа Дэвид Мойес, ки қаблан дар Премйер-лига, дар дастаҳои “Сандерленд”, “Манчестер Юнайтед” ва “Эвертон” низ кор кардааст, ба шумор меравад.
Роналу ва Мессӣ дар бозиҳои охирин: 0 гол! Бовар мекунед?...
Дар даври навбатии Ла-лигаи Испания “Барселона” дар майдони худ “Севиля”-ро пазируфт ва новобаста ба он ки ситораи асосии даста – Лео Мессӣ кӯшиши зиёде намуд, то амали натиҷадореро анҷом бидиҳад, вале натавонист. Мессӣ ки назад, бояд кӣ занад? – Суарес ? На, вай 5 бозӣ шуд, ки гол назадааст. Ба фикр кардан шояд номи ӯро наёбем, вале Пако Алкасер дар ин дидор дубл кард ва ғалабаи дастаи худро таъмин намуд. Вай баъди бози иброз дошт, ки аз имконияти омада дар “Барса” бояд 100% истифода намуд, вагарна аз бозӣ кардан дар ҳайат мондан мумкин аст.
“Реал Мадрид” баъди нокомиҳо каме ҳам бошад, ба худ омад ва инро дар бозӣ бо “Лас-Палмас” нишон дод. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 3:0 ба фоидаи “Дастаи шоҳона” хотима ёфт. Шояд нафарони ин сабқатронадида фикр кунанд, ки 1 ё 2 ва ё худ ҳарсеяшро Роналду зада бошад. Лекин на. Вай голе назад. Аммо гол назаданаш тамоман маънои онро надорад, ки вай бад бозӣ карда бошад. Роналду яке аз беҳтаринҳои майдон буд ва як паси головар ба Иско дод. Баъди ин бозӣ қариб ҳамаи футболбозони Мадрид якдигарро дастгирӣ намуданд ва ба он суханоне, ки гӯё муносибати касе бо дигар кас дар даста “сард шуда бошад”, қатъиян ҷавоб доданд, ки ягон мушкилии ҷиддие нест.
Мбаппе рекорди нав гузошт
Дар вохӯрии даври навбатии Чемпионати Фаронса клуби “ПСЖ” дар майдони худ ба дарвозаи “Анже” 5 голи беҷавоб зада, ғалабаи комили худро ҷашн гирифт. Неймар бо сабаби дар даври гузашта корти сурх гирифтанаш дар ин дидор ширкат надошт. Вале Мбаппеи ҷавону Кавании ботаҷриба бо дублҳои худ барои ғалабаи бузурги даста шароит фароҳам оварданд. Акнун дар шумури голҳо Мбаппе футболбози ҷавонтарини муаллифи 20 гол дар Лигаи 1-и Фаронса шуд.
Бош наздик ба барканорист
Дар ин даври Бундеслига “Классико”-и олмонӣ баргузор шуд. Он дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк” доир гашт. Мизбонон – “Боруссия”-и Дортмунд яке аз бозиҳои беҳтарини мавсимро нишон доданд, вале чун дар нуқтаи ҳалкунанда муваффақ набуданд,он кифоя набуд, ки “Бавария”-ро мағлуб кунанд. Баръакси ин, мюнхениҳо қариб ҳамаи ҳолатҳои дар назди дарвозаи соҳибони майдон ба миён овардаашонро бо гол анҷом доданд. Натиҷаи бозӣ 1:3.  Пас аз ин бохт эҳтимоли аз вазифааш барканор шудани сармураббии “Боруссия” Петер Бош хеле баланд шуд, агарчи то ҳол хабари расмие дор ба ин мавзӯъ нест.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter