ХАБАРИ ДОҒ


Таҳти сарпарастии газетаи мардумии СССР,  кӯмаки молии Кумитаи варзиш ва ҷавонӣ, дастгирии Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 9-умин бозиҳои Ҷомии СССР-2017 дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор мешаванд. Хотиррас мешавем, ки ин Ҷомро 2 бор Маркази варзишии ш.Душанбе, 1-борӣ дастаи Вахшу Истиқлолу Варзоб ва 3 маротиба Равшани Кӯлоб соҳиб шудаанд…

Нашунидам нагӯед!!!
Ба таваҷҷӯҳи дӯстдорони футбол мерасонем, ки аз 2 то 6 декабр дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2002 (U-15) барои дарёфти Ҷоми газетаи мардумии СССР бахшида ба таҷлили “Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур аз рӯи шумора 9-умин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи СССР мебошад. Тартиби баргузории мусобиқа аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Редаксияи газетаи мардумии СССР тасдиқ шудааст.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш иштирок мекунанд. Роҳбарии умумӣ оид ба ташкил ва баргузории мусобиқа ба зиммаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, ФФТ ва Редаксияи газетаи СССР гузошта шудааст. Рафти бевоситаи баргузории мусобиқаро доварон ба уҳда доранд.
Шитобед ва аз тамошои бозиҳои ҷолиби мусобиқа бенасиб намонед.

Нуралӣ Хоркашев,
шореҳи футболи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter