ХАБАРИ ДОҒ

1 000 000 сомонӣ-тӯҳфаи Исмоилзода ба тими футболи «Хатлон»

  • Душанбе, Фев 12 2018


Тими футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо пешниҳоди бозингарон ва ҳукумати шаҳр  номашро ба «Хатлон» иваз намуд. Абдуалим Исмоилзода, раиси ш.Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо мухбири СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки ба дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки сарпараст надошт, ҳукумати шаҳр 1 000 000 сомонӣ ҷудо кардааст.
Гуфта мешавад, ки то омадани Абдуалим Исмоилзода ин даста муассиси ҳақиқӣ надошт. Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа соли 1969 дар водии Вахш таъсис ёфта, дар ин муддат чанд маротиба номашро иваз кардааст. «Вахш» аз дастаҳои  ҳирфаӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, борҳо ғолиби лигаи 1-уми мамлакат низ шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter