Принт

Равшан капут!!!



Равшан тӯҳфаи президентро ҳам фурӯхт…
Бузургтарин ва маъруфтарин дастаи футболи кишвар-равшани Кӯлоб, 2 карат қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон ба назар мерасад, ки нафаси охирини худро баровард. Даста муфлис шуд…
Ахиран хабар расид, ки барои пардохти қарзҳояш дар Лигаи Якум Равшан охирин дороияш-Автобуси ҳадякардаи Президенти Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмонро фурӯхтааст. Автобусро, ки дар с.2012 баъди 2 карат қаҳрамонии пайиҳамӣ, Президенти ҶТ ба Равшан тақдим карда буд, кӯлобиҳо ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо нархи 87.000 сомонӣ, чизе баробар ба 10.000 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд. Зеро агар намефурӯхтанд, даста банкрот эълон мешуд. Вақте охирин дороӣ рафту сарпарасте нест, гумон аст, аз Равшани номӣ чизе боқӣ монад. Алвидоъ, Равшан…

Парвои Равшан надоре(м)д…
Равшан аз қадимтарин дастаҳои футболи ватанист. Бо чанд ном, вале сар аз солҳои 30-уми асри пор зуҳур кардааст. Русҳои болшевик нахустин коре, ки дар самти спорт карданд, ин таваллуди футбол дар сарзамини Хатлон буд. Табиист, ки бо номҳои супер-коммунистӣ ин даста таъсис ёфт. Дар авоили солҳои 60 номи имрӯзаи хеш-Равшанро гирифт. Аммо ин ба маъное нест, ки Равшан ҳамагӣ 55-60 сола аст. Таърихи дастаро бояд аз рӯзи нахустини таваллудаш бо ҳар номе, ки буду ҳаст, ёд кунем. Таърихшинос-футболшиносон бояд сари ин нукта тамаркуз кунанд.
Дар солҳои 70 бузургтарин футболисти ҳама давру замонҳои Тоҷикистон Валерий Турсунов маҳз аз ҳамин дастаи Равшан зуҳур кардаву ба Помири Душанбе омад, то дар Лигаи 1 бозаду соҳиби тӯби тиллоӣ гардад. Заҳамоти Турсунов&Co буд, ки Помири Шариф Назаров дар соли 1988 соҳиби медалҳои тиллои Лигаи 1 шуда, ба Лигаи Олии СССР барояд. Воқеан ҳам, агар СССР барҳам намехӯрд, Помир то ин рӯз дар ин Лига мебозид. Чунки бузургтарин бозингарони ин Лига маҳз аз Тоҷикистон буданд…



Равшан нест, Ӯротеппа нест, Вахш ликвидатсия шуд
Аммо бо ин ҳама ба назар мерасад, ки ФФТ ва мақомоти варзишӣ парвое надоранд, ки Равшан бо таърихи қадимтарини футболӣ ва мухлисини суфуфашон аз 1 млн нафар ҳам зиёд, дар сакароти мавт мавқеъ дорад. Барои ин чиновникҳо аслан фарқе надорад, ки Равшану Ӯротеппа, Хуҷанд, Вахш чӣ буданду чӣ мешаванд. Вагарна Равшан муфлису Ӯротеппа (сароғоз Далерону сипас) маҳв ва Вахш ликвидатсия намешуд.
Шарҳи вазъ: Имсол барои дастаи Вахш 1 млн сомонӣ ҷудо карданд, аммо номашро Хатлон гузоштанд. Вахше, ки ба таъбири раҳматии Шарифи Мисайзод 2 аср «гремет» мекард, бо имзои 1 чиновник нест шуд. Ҳамин аст, дигар футболдониву футболфаҳмии миллати футболие, ки умед дорад, дар Чемпионати ҷаҳон рӯзе не рӯзе баромад хоҳад кард…
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

М. Мубориз
Махсус барои СССР

Матлабҳои дигар