ХАБАРИ ДОҒ

Чемпионати 25 – Чемпионати ҷашнӣ!!!

  • Душанбе, Март 28 2016

Чемпионати футболи 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, рӯзи шанбеи 8-уми апрели соли 2016 шурӯъ мешавад.

Чемпионат дар соле доир мегардад, ки мардуми шарифи кишвару мухлисони асили футболи Ватан муқаддастарин ҷашни миллӣ – 25 солагии Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Мухлисон ҷузъи хеле муҳим ва асоси футболи Миллиянд! Дар ин зимана, чемпионати имсолаи Тоҷикистон низ бояд дар сатҳи баланди ба ин ҷашни фархунда мувофиқ ташкил шавад. Мо аҳли қалами ФутболVSСССР аввалӣ шуда, соли таҷлили ин санаи мубораки таърихро ба мухлисони футболи Тоҷик сидқан муборакбод мегӯем ва дар баробари ин тамоми мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимиятҳои маҳаллӣ, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъият ва ҳамаи шахсони алоҳидаи ҳуқуқиро новобаста аз мансубиятҳои қавмию нажодӣ ва динию мазҳабияшон ба ҳамкории судманди дуҷониба ҷиҳати рушду инкишофи футболи кишвар даъват менамоем.

11 даста дар чемпионати ҷашнӣ... 

Дар ин чемпионат 11 даста иштирок мекунанд. Чемпионати футболи Тоҷикистон-2016 дар ду қисм баргузор хоҳад шуд. Ҳар як даста дар чемпионати имсола 20 бозӣ мегузаронад. Дар 25-умин чемпионати ҷашнии футболи мамлакат дастаҳои “Истиқлол”, КМВА “Помир”, “Барқчӣ” (ҳама аз Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Равшан” (Кӯлоб), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Хайр” (Ваҳдат), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Ҳосилот” (Фархор) иштирок мекунанд. Ба дастаҳои иштирокчии чемпионати соли гузаштаи лигаи олии Тоҷикистон, ғолиби порсолаи лигаи якуми мамлакат “Ҳосилот”-и Фархор ҳамроҳ шудааст. Ба ғайр аз ин, дастаи “Барқи Тоҷик” дар мавсими имсола тағйири ном карда, бо унвони “Барқчӣ” баромад мекунад. Ҳангоми қуръакшӣ ҳар як дастаи иштирокчии мавсими имсолаи футбол рақами тартибии худро соҳиб шуд, ки бо ин рақам ба тақвими имсолаи чемпионат дохил карда мешавад. Ин рақам дастаи ҳариф ва тартиби бо он вохӯрданро дар давоми даврҳои чемпионат нишон медиҳад. Тақвими имсолаи чемпионати мамлакат бо ёрии ҷадвали шоҳмотбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер мураттаб гардонида мешавад.

Дар даври аввал инҳо вомехӯранд:

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

«Хуҷанд» – «Парвоз»

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Хайр» – «Ҳосилот»

«Далерон-Уротеппа» – «Равшан»

Шакли пурраи тақвим баъд аз тасдиқ шуданаш интишор мешавад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter