ХАБАРИ ДОҒ

Медали тиллои Комроншоҳ дар Анталия

  • Душанбе, Апр 09 2018


Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони Тоҷик дар давраи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, ки дар Анталияи Туркия баргузор гашт, бар рақибони худ пирӯз омада, ғолиби ин мусобиқот гашт.
Комроншоҳ Устопириён шоми 8.04.2018 дар қувваозмоии ниҳоӣ бо паҳлавони дигари ҷаҳонӣ Неманҷа Маҷдов гӯштин гирифта, пирӯзӣ ба даст овард. Ҷоми ҷаҳонии дзюдо “Анталия Гран При”, ки ҳамасола дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, паҳлавонони тамоми оламро ҷамъ менамояд. Паҳлавони дигари Тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар даври 3-юм мағлуб гардида, аз медал маҳрум гашт. Саидҷалол Саидов, боз 1 паҳлавони дигари мо низ натавонист то марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёбад, зеро бо 2 ғолибият ва 2 шикаст аз гирифтани медал бебаҳра монд.

СССР




ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter