Принт

Душанбе аз Комроншоҳ истиқбол кард


 Шоми дирӯз даҳҳо нафар аз дӯстон ва мухлисони паҳлавони шинохта Комроншоҳ Устопириён ба пешвози ӯ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омаданд. Комроншоҳ Устопириён пас аз ба даст овардани ғолибият дар Гран-Прии Анталия, ки ҳафтае қабл сурат гирифта буд, бо медали тилло ба Ватан баргашт. Дар баробари мухлисону дӯстон Комроншоҳро падару модар, завҷа ва писарчаи 9-моҳааш Муҳаммадҷон низ пешвоз гирифтанд.
 - Аҳли оилаамро хеле пазмон шудам, алалхусус писарчаамро, ки бо дидану ба оғӯш гирифтанаш тамоми хастагиам баромад. Аз тамоми мардуме, ки ба пешвозам баромаданд, сипосгузорам. Кӯшиш мекунам ин бовариро аз байн набарам, - гуфтааст Комроншоҳ ба журналистон.
Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони Тоҷик дар давраи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, ки дар Анталияи Туркия баргузор гашт, бар рақибони худ пирӯз омада, ғолиби ин мусобиқот гашт. Комроншоҳ Устопириён шоми 8.04.2018 дар қувваозмоии ниҳоӣ бо паҳлавони дигари ҷаҳонӣ Неманҷа Маҷдов гӯштин гирифта, пирӯзӣ ба даст овард. Ҷоми ҷаҳонии дзюдо “Анталия Гран При”, ки ҳамасола дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, паҳлавонони тамоми оламро ҷамъ менамояд. Паҳлавони дигари Тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар даври 3-юм мағлуб гардида, аз медал маҳрум гашт. Саидҷалол Саидов, боз 1 паҳлавони дигари мо низ натавонист то марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёбад, зеро бо 2 ғолибият ва 2 шикаст аз гирифтани медал бебаҳра монд.





 

Матлабҳои дигар