ХАБАРИ ДОҒ


Эҳдо ба 61-умин солгарди зуҳури Сурайёи Қосим дар саҳнаи ҳунари Тоҷик: 1970-2018

Зуҳури сиёсӣ…
Соли 1970 олами санъати Тоҷик такон хӯрд. Кӯдаки хубчеҳрае бо лаҳни ширини тифлӣ ва бо забони лакнатдор яке аз маъруфтарин таронаи сиёсии он давру замонро, ки мутааллиқ ба килки шоири шӯридаи мардумӣ, Сайдалӣ Вализода ва фантазияи бастакор Анвар Баротов буду борҳо дар иҷрои хунёгари бемисл ва сарояндаи бе ҳамто Одинаи Ҳошим садо медод, тариқи ТВ хонд.
Дал шашяки лӯи замин,
Бал давлати мо офалин.
Калд мулки моло нозанин,
Ленин, балодал, лаҳнамо…
Агар дилхоҳ нафари дигар Ленин-доҳии вақти пролетариатро бародар неву баЛодаЛ мехонд, дақиқан маҳбасӣ мешуд. Аммо садои ин кӯдак ба ҳадде ширину дилнишин буд, ки на танҳо мардум, ки дар Политбюрои вақт низ ба ифтихораш каф кӯфтанд. Бо ҳамин дарҳои саҳнаи бузурги давлати абарқудраттарини олам-СССР, ки сахт сиёсӣ буданд, ба рӯи ин хубчеҳра кушода шуданд.
Ленин балодал…парастон ҳоло намедонистанд, ки ҳамагӣ 20 сол ба баъд доҳии азизашон мардуд мегардаду ҳайкалҳояшро аз сартосари Тоҷикистон барчида мепартоянд, вале ин духтарча умри тӯлонитар аз шарафи Ленинро дар соҳаи санъати миллӣ касб мекунад.
Ин духтарча он замон Раҳима ном дошт: Раҳима Қосимова…

Аз Раҳима то Сурайё
Сурайё он давронро ба хотир оварда, аз 2 воқеа завқ мебарад:
1.Вақте ки устод Қурбон Зардаков ба ман гуфтанд, ки бояд суруди «Ленин, бародар, раҳнамо»-и Вализодаро бар оҳанги Одина Ҳошим бихонӣ, чанд рӯз гиря карда, зора менамудам, ки маҷбурам накунанд, зеро ман «Суруди мардакӣ» намехонам!!!
Ба он ваҷҳ, ки сурудро аллакай устод Одина хонда буд. Шумо тасаввур мекунед, ки маро дар мактаб чӣ қадар мазоҳ мекарданд, ки «Суруди мардакӣ» мехонӣ? Феълу хӯйи ҳамсинфону ҳамсояҳоро медонистам, ки ҳатман чунин мешавад. Аммо Қурбон Зардаков пофишорона ва қотеъона амр карданд:
-Мехонӣ ва тамом!
Баъдтар ман дарк кардам, ки устод барои ман шоҳроҳи санъатро кушода будааст. Зеро дар он замона танҳо тавассути суруди сиёсӣ кас метавонист ба саҳнаи бузург роҳ ёбад.
2.Маро ҳама Сурайё мегуфтанд. Ман низ ба ин ном одат карда будам. Вале чун ба театр омадаму аз ман ҳуҷҷат пурсиданд, маълум шуд, ки номи расмии ман дар Шаҳодатномаи таваллуд…Раҳима будааст. Зимнан, пас аз баромади нахустинам омадаму ба ҳамсинфон гуфтам:
-Дигар маро Сурайё нагӯед! Ман Раҳима ном дорам!!!
Зеро рӯзҳои аввал дар саҳна маҳз бо номи Раҳима Қосимова муаррифиям мекарданд. Чунки Сурайё он замон номи сиёсӣ будаасту мо бе хабар!...
Хуб, дигар шӯри машҳаре бархост. Бо ман ҳатто қаҳрӣ шуданд дугонаҳоям, ки аллакай аз худ рафтааму номамро иваз кардаам. Чӣ қадар мефаҳмонидам, ки не охир, номи саҳнавиям Раҳима аст, бовар намекарданд. Дар охир ман тан додам ва боз Сурайё шудам. Раҳмат ба ҳамсинфон, ки ин номи хеле зеборо барои ман ҳифз карданд. Вагарна ман кайҳо Раҳимаи Қосим мешудам. Ба пиндорам номи Сурайёи Қосим гӯшнавозтар аст. Барои ин хизмати кӯдакони даврони баччагиям, як умр аз ишон миннатдорам…».

Сурайё-зани Шоҳи Эрон
Сурайё ном гирифтани Раҳимаи кӯчак низ қиссаҳо дар бар дорад. Бобои Раҳмон, боре ба хонаи келинаш Давлатбӣ, ба Кӯлоб меҳмон шудаву тифли зебову кӯчакро дар гоҳвора дида, аз ҷамолаш шод мешавад ва мепурсад, ки чӣ номаш гузоштаанд? Зану шавҳари ҷавон мегӯянд, ки Раҳима. Мӯсафед бо андеша ба умқи чашмони тифл нигариста, мегӯяд, «Номашро Сурайё монед!» ва меафзояд:
-Сурайё охирон маликаи мо ориёиҳост. Исми зани шоҳи Эрон аст! Ин духтар мисли маликаи Сурайё бояд номбардори миллати мо гардад!!!
Воқеан ҳам дар соли 1957 Шоҳи Эрон аз номдортарин ва хабарсозтарин чеҳраҳои таърихӣ буд, ки аробаи шалақи ин давлати осиёиро сӯи пеш мекашид. Он замон дар дигар қораҳои исломӣ кашмакашу гуруснагиву ҷангу ҷадалҳо давом мекарданд, аммо Эрон оромтарин давлат ва пешсаф ҳам буд: Давлати шик ва Пориси сонӣ Эрону Теҳронро ном мебурданд. Вале ин ҳама то инқилоби исломии Эрон давом кард, ки сарнавишти он шоҳу хонадонаш тамоман қиссаи дигар аст.
Хулласи калом, зани дуввуми сарвари Эрон-Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ, Сурайё Исфандиёри Бахтиёрӣ, ки бо ҳусну малоҳат ва сухандониву нукташиносӣ маъруфу машҳури оламиён гардид, ангуштнамои мардуми прогресси Шарқ буд. Аммо ин чеҳраҳо, ки аз табори шоҳон буданд, табиист, ки ба миллионҳо мардуми шӯравӣ, ки мубаллиғи ҷаҳонбинии пролетариву душмани асливу усулии  сарватмандон маҳсуб мерафтанд, тамоман ноошно буданд. Аҷиб аст, ки аз паси панҷараи оҳанини идеологияи шӯравӣ ин мӯсафеди кӯҳистонӣ аз куҷо хабари ҳусну малоҳат ва фаросату завқи Сурайё Исфандиёри Бахтиёриро дарёфтаву набераи кӯчакашро ба исми ӯ номгузорӣ карда буд?
Ҳар чӣ буд ва ё на, ин мӯсафед нахустин хишти маъруфиятро бар бинои умри Сурайёи Қосим ҳанӯз аз гоҳвора гузошт, ки Худо раҳматаш кунад…

Айёми туфуллият
Сурайё Қосимова 21 апрели соли 1957, дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Падараш дар овони донишҷӯӣ,бо модараш, ки ошпази Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр буд, ақди никоҳ баставу баъди таваллуди фарзанди 4-ум модари Сурайёро партофта меравад. Пештоз мегӯем, ки солҳо ба баъд Сурайё падарро пайдо кардаву хоҳараку бародарони аз ӯву завҷаи дигар доштаашро сарпарастӣ мекунад ва ба синаи меҳр мекашад…
Садбарг, Сурайё, Шамс ва Файз аз хурдӣ ятим мемонанд, вале модари бузургворашон-Давлатбӣ Қосимова ба масале гули хӯроку гули пӯшокро ба онҳо пешкаш мекард, то миёни ҳамсолон шикастарӯҳ набошанд. Воқеан ҳам ин қадар шикасту рехте, ки ин шабу рӯзҳо тангназарон садди Сурайё кардаанду ӯ аз ҳамаи имтиҳоноти тақдиру таърих сарбаландона берун мешавад, натоиҷи ана ҳамон даврони туфуллият аст: ӯро зиндагонӣ обутоб додааст!
Сурайё аз нозпарвардаҳои давр нест. Ӯ худаш худро сохтааст ва сар аз кӯдакӣ бо заҳмати хеш нон мехӯрад. Чунин одамонро шикастан имкон надорад…
Сурайё имрӯз хеле назифу нозук ба чашм мехӯрад. Дар асл, ӯ мисли аксарияти кӯдакони он даврон, коҳдараву алафғундорӣ мерафт, таппак мечиду ҳашар мекард, об мекашиду кунда мекафонд ва ғ. ва ҳ.
Бо ин ҳама Сурайё айёми тифлии худро ба некӣ ёд меорад:
«Ман тифли хушбахт будам. Мисли тамоми ҳамсолонам. Ҳарчанд дар он замон қасру кӯшкҳо касе надошт, аммо бовар доштем, ки фардои ҳамаи мо рахшон аст. Зеро ба мисли даҳҳо миллион кӯдаки шӯравӣ бовар доштем, ки коммунизм дармерасаду тамоми одамон дар ақсои олам хушбахт мешаванд. Ва ҳама сӯи ана ҳамон хушбахтии хаёлӣ-Коммунизм равона будем…».

Кохи ҷавонӣ
Дар асл, онҳо дар як бинои нимдаврашакли кӯчаи Куйбеш (Куйбишевро дар Кӯлоб ҳамин хел ном мебурданд) бо чанд оилаи дигар мезистанд. Чунин биноҳо дар он даврон «барак» ном доштанд. Дар баракҳои сталинӣ ва хрушевӣ, таври маълум, ҳама бо ҳам унс мегирифтанд. Зеро дигар хел зистан имкон надошт. Чунки тақрибан якҷо умр мегузарониданд: шустушӯ мекарданд, хӯрок мехӯрданд, телевизор тамошо мекарданд, бозӣ мекарданд, ҷангу ҷанҷолу хархаша менамуданд ва соате ба баъд оштӣ мекарданд. Тӯйю сур ва маъракаи мотаму шодияшон низ якҷоя буд. Хулоса, мисли узви як оила буданд, сокинони чунин «баракҳо». Ва ин ки имрӯз Сурайё дастгири ҳама ва ғамшарики аксарияту хидматгузори кулли мардуми диёр аст ва дастурхонаш ҳамеша барои ҳама меҳтару кеҳтар ва ҳатто гадову талбандаву ҷӯгӣ, бангиву ҳангӣ, афсару аскар, фарҳангиву бефарҳанг кушода аст, нишоне аз гуманизми ҳамон баракҳои сталинист, ки одампарастиро дар хуни мардум эм мекарданд…
Сурайё аз ҳамин барак баромада, номи барак, кӯча, диёр ва сипас кишварашро маъруфи оламиён намуд. Ин аст, ки дар кӯчаи Куйбеш аз Сурайё дида, нафари обрӯманде нест. Сокинони ин кӯча, ки дар Кӯлобу атрофаш номиянд, барои Сурайё кӯҳро талқон мекунанд. Зеро Сурайё ба кадом қуллае, ки нарасида бошад, ба масале, ятимдухтаре аз ҳамин баракҳои Куйбеш аст ва мемонад: бараке, ки бештар аз Кӯшку Кохҳои сарватмандони имрӯзист:
Кохи мардумӣ ва Кӯшки мардуми камбизоат…

Холаи Давлатбӣ…
Давлатбӣ Қосимоваро дар шаҳри консерватории Кӯлоб, ки аҳолияш аслан пуритан-суннатпарастанд, ҳама медонанд. Ин ҷои баҳс нест. Мо иғроқ накардаем. Зеро Кӯлоб аслан шаҳрест, бо таърихи беш аз 2700 сола, ки таоруфу расму русуми худро дорад. Дар ин шаҳр ҳама якдигарро мешиносанд. Вале ин аввали кор аст. Агар шумо сокини ин шаҳри бостонӣ нестеду падару модар ва ё бобову бибиятон кӯлобист, шуморо дар кӯчаҳои шаҳр …ҳис мекунанд, ки кӯлобиед, шаҳриед. Ин вежагии мардуми Кӯлоб аст, ки онро бо илми муосир ва кӯмаки компутару интернет наметавон муайян кард. Ин супервежагии Кӯлоб аст…
Вежагии дигари Кӯлоб, ин аст, ки дар ин шаҳри бостонӣ як вожаи аҷибе дар равуост: «Қиш». Қиш гуфта, қишлоқӣ, деҳотиро дар назар доранд. Ҳар нафаре, ки бе одоб асту бе фарҳанг, ӯро бо ҳамин вожа-«Қиш» ном мебаранд. Яъне Кӯлоб воқеан ҳам ШАҲР аст ва деҳотӣ, қишлоқӣ, яъне бефарҳангиро намепарварад. Ин вожа посухи саҳеҳ ба он камбинони маҳаллагарост, ки аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб шак меоранд. Воқеан ҳам чунин бархӯрди шаҳриён дар олами Тоҷик боз дар 2 шаҳри дигар вомехӯрад:
Дар Хуҷанд, ки деҳотиёнро «мастчоӣ» ном мебаранд ва дар Самарқанд, ки бефарҳангеро бинанд, «ӯзбак» мегӯянд…
Вале аҷобати Кӯлоб ин аст, ки агар аз Парижу Риму Маскав ҳам омада бошед, чун зодаи ин шаҳр нестед, пас шумо…қишед!
Давлатбӣ зодаи ана ҳамин шаҳри пуритан буд ва ӯро нек мешинохтанд. Ӯ боз шахсияте ҳам буд хайрхоҳ, дастдароз, дастгир ва бо нону намак. Давлатбӣ солҳои тӯлонӣ дар ошхонаву тарабхонаҳои шаҳр кору фаолият карда, ба масале ба аксарияти ин мардум нон додааст. Нону намаки ин зани нуронии хубчеҳра, маҳфилоро ва хушсуханро аксарият пос медоранд.
Холаи Давлатбӣ бештар аз як зан буд! Ӯ аз ҷавонӣ бева монд, вале нахост сари фарзандони падарпартофтарафтааш марди дигареро орад, то тифлакони маъсумаш азияти падарандарро кашанд. Ин аст, ки баъди фирори шавҳар ба масали маъруфи кӯлобӣ «миёнро аз 7 ҷо маҳкам баст!». Шабу рӯз кор мекард, то Садбаргу Сурайё, Шамсу Файз азияти ятимӣ накашанд, чашм ба луқмаи касе набанданд, дили танг аз дидани либоси ҳамсолон надошта бошанд. Баракс, холаи Давлатбӣ инҳоро чунон мепӯшонид, ки рашку ҳаваси падардорон меомад.
Вале хидмати холаи Давлатбӣ ин нест. Бузургтарин хизмати Давлатбӣ Қосимова он аст, ки мисли дигар модарони ифротӣ ва хурофотпараст садди роҳи ҳунари духтарон нашуд. Ба онҳо шонс дод, то худро муаррифӣ кунанд, карйера созанд ва муваффақ шаванд.
Агар садоқати Давлатбӣ бар санъати миллӣ намешуду бовараш бар духтаронаш намебуд, имрӯз мо ситораеро чун Сурайё дар хоби шаб ҳам намедидем…Ба вежа, аз шаҳри пуританӣ ва таоруфии Кӯлоб…

Кӯлоби Сурайё
Шаҳре, ки Сурайё таваллуд шудааст, воқеан ҳам вежагиҳои пуританӣ ва бастагиҳои консерваторие дорад, ки агар перомунашон садҳо китоб нависӣ, чизе нагуфтаӣ. Вале агар чизе дар бораи онҳо нанависем, шояд симои Сурайё равшан нашавад. Ин шаҳри 2700-сола қонуну қавоиди нонавиштае дорад, ки онро ҳама пос медоранд. Масалан, иззати меҳмон.
Ҷонибеки Асрориён-таърихнигори Тоҷик боре навишта буд, ки дар Кӯлоб аз қадимулайём меҳмон атои Худо буд. Барои меҳмон хонаи алоҳида, ҳезуми алоҳида, гандуми алоҳида ва барои аспаш ҷави алоҳида мегузоштанд. Ва агар гуруснагӣ ҳам ба хонавода таҳдид мекард, асло ба ин захираи меҳмони эҳтимолӣ, ки меояд ва ё
на-маълум нест, дастдарозӣ намекарданд.

Ҳиммати кӯлобӣ
Қисса мекунанд, ки дар Виёни Балҷувон Паҳлавон Вайс ном шикорчие зиндагӣ мекард. Дар солҳои аввали инқилоби болшевикӣ, ки дар ин водӣ гуруснагии чашмнодиде ҳукмрон буду мардум аз сахтии гуруснагӣ ба ҳар деҳу буна ба гадоӣ мерафт, ин паҳлавон ҳар субҳ болои бом баромада, бо дурбин атрофро наззора мекард ва чун мусофиреро медид, ки лакоту афгор меояд, дастурхон мегустурд ва ба писараш Паҳлавон Раҷаб мефармуд, ки рафта меҳмонро орад. Ин меҳмон чанд рӯзе, ки мехост, дар ин хонадон гиромӣ буд. Ғизои ҳар меҳмон 1 кабк ва 1 фатир будааст. Ин дар ҳоле ки худи фарзандону кеҳлинҳои Вайс менюи дигар доштанд (Воқеан ҳам келин, ки мо фикр дорем, вожаи туркист, дар асл калимаи сирф Тоҷикист, вале танҳо корбасташ дигар шудааст. Вожаи асил «Кеҳлин» аст, ки бар асари ассимилятсия ҳарфи «ҳ» афтодааст. Кеҳ, яъне хурд, антоними Меҳ-бузург аст. Арӯси хонадон, албатта, мавқеи пасттар, яъне хурдтар аз Хусуру Хушдоман-Меҳони хонадон дорад, зимнан Кеҳлинаш мегуфтанд. Ҳоло дар лаҳҷаи кӯҳманзари Яғноби Зарафшони Тоҷикон то ин рӯз ба асли хеш, яъне Кеҳлин корбаст мешавад-СМ).
Хулласи калом, кампири Раҷабгули 96 сола, келини ин хонадон ва момаи муаллифи ин сутур, солҳо ба баъд ба ман қисса мекард, ки «Паҳлавон Вайс, ки бар ҷанги бабри кӯҳӣ тани танҳо ва бо шамшеру корд мерафтааст, барои ҳар меҳмон 1 кабку 1 фатир медоду барои 4 нафари мо 2 кабку 2 фатир». Яъне ними нон барои фарзанду 1 нони бутун барои меҳмон…
Овозаи кадхудоӣ ва ҷавонмардии Паҳлавон Вайс то дуриҳо рафта буд ва ҳамарӯза гуруснагону бечорагон ба хонааш меомаданд. Шояд суоле пайдо шавад, ки сафи ин меҳмонҳои гурусна оё зиёд намешуд? Ана ин суолро нафаре медиҳад, ки кӯлобӣ нест! Зеро ҳар нафаре, ки қувват мегирифт, ор мекард, ки бештар дар ин хонадон истад ва худаш аз пеши худаш баромада мерафт. Паҳлавон Вайс ҳатман ба кӯлбори ӯ боз 2 кабк ва 2 фатир мегузошт. Тӯшаи роҳ!
Инро ҳиммати дорандагони кӯлобӣ ва зуд аз меҳмонии сарватманд бадар рафтани камбағалонро-нанги кӯлобӣ мегӯянд.

Шаҳре, ки мисли Кӯҳи Қоф буд!
Аз қадим ин шаҳру ин водиро забт накардаанд. Ҳатто Искандари Мақдунӣ бо кӯлобиҳо сулҳ баст ва аз ҷанги рӯбарӯ бо ишон тарсид. Арабҳоро кӯлобиҳо варшикаста карданд ва 1 умр тамғаи «табармусалмон» бар ишон ёр шуд. Абёти ҳиҷоии маъруфи самарқандиҳо, ки танзи аъроб буд, аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Ҳашан низор омадия!
Ин памфлети нахустини Тоҷикони Самарқанд бар Саъди Ваққоси  араб буд, ки дар Кӯлоб миёни лашкарашро шикастаанд. Суоле посух мехоҳад, ки чаро араб шикаст хӯрд, вале кӯлобиҳои табармусалмон исломро пазируфтанд?
-Кӯлобиҳо баъди чандин сол дарк карданд, ки дини Ислом дини барҳақ аст ва бар он гаравиданд. Исломро қабул карданд, аммо арабро на!
Шаҳру қасабаҳои кӯлобиҳо дар солҳои муҳлики ҳуҷуми Чингиз ба ин мавзеъ хароб шуд. Зеро онҳо нахостанд юғи муғулро баргузинанд. Мурданд, аммо таслим нашуданд. Ба кӯҳҳо ақиб нишастанд, то баъдтар ҳуҷум кардаву сарзаминашонро озод кунанд.
Шоҳи Ҳулбук, охирин намояндаи сулолаи Шерони Хатлонӣ, ба даъвии ривоятҳо, чун тани танҳо монд, худ ба набард баромад ва то дергоҳ синаи муғул медаррид, то кушта гардид. Ин набардро зану духтарону модари шоҳ наззора доштанд ва чун Шоҳ фавтид, ҳамагӣ худро аз бунаи ҳисори баланди подшоҳ ба замин партофтанд, то фавтанд, вале таслими душман нагарданд.
Бо русҳо аз ҳама бештар дар Кӯлоб ҷангиданд. Ҳаракати босмачигарӣ дар ин водӣ то солҳои 40 давом мекард. Беҳуда нест, ки босмачиҳо аз Афғонистон маҳз тавассути Кӯлоб ба давлати шӯроҳо шабехун мезаданд. Зеро аксарияти лашкарашон аз ҳамин мавзеъ буд…
Ҷанги охирини граждании мо бори дигар исбот намуд, ки ин мардум далер ва меҳанпарастанд. Шояд аксарият надонанд, ки ин ҷанг маҳз ба хотири поси номуси як бонуи Кӯлобӣ, ки депутат буд, сар задааст. Нафаре дар майдон гуфт, ки дар Душанбе ба хоҳари мо дастдарозӣ карданд ва пиру барно шӯрид, ҷанг кард, ҳукуматро барқарор сохт ва ғ. ва ҳ. Дигар ҳама гуфтаву навиштаҳо дар мавриди сабабҳои ҷанги гражданӣ дар Кӯлоб шарҳи танҳо ана ҳамин 1 эпизоди номусдории Кӯлобшаҳранду бас…

Чилномус-рамзи иффати Кӯлоб
Ривояти дигареро аксарият медонанд. Искандари Мақдунӣ чун бар Кӯлоб расид, бонувони баландкӯҳ зиддаш шӯриданд. Дар мавзеи Чилдухтарони Муъминободи Кӯлоб ин духтарон то тиру пайкони ахирин ҷангиданд ва чу диданд, ки душман бартарӣ дорад, аз Худо дуо карданд, то онҳоро санг кунад. Имрӯз низ ин Чиҳил Пайкараи Кӯҳӣ дар ин мавзеъ бо номи Чил Духтаракон дар дараи Лангари Муъминобод побарҷост.
Албатта, ривоят ва афсона аст ин ҳама. Аммо! Ин кӯҳпайкараҳо рамзи отифат ва намои ору нанги бонувони маҳаллӣ мебошанд. Духтари кӯлобӣ санг мешавад, мемирад, месӯзад…аммо ба душман сар намефарорад! Ин аст маънии ин мистика.

Духтари Кӯлоб
Ин ҳамаро чаро овардем? Барои исботи далерии Сурайё, ки новобаста аз таоруфи хунии Кӯлоб, ки барояшон рӯи саҳна баромадани зан, ба вежа, бонуи маҳаллӣ, ор буд, ба ҳама мардон исбот намуд, ки ӯ барои саҳнаи бузурги миллӣ лозим аст ва ба ӯ ин иҷозатро… Кӯлоб дод! Маҳз Кӯлоб иҷозаташ дод, Шаҳри Кӯлоб, на аҳолии он. Зеро ин Шаҳр организми зинда аст ва барои дарки ин гуфта, бояд дар Кӯлоб ақаллан 10 сол зист… Яъне Сурайё инқилобе дар мафкураи мардони Кӯлоб кард, ки ба нисбат, на камтар аз револютсияи Ленин дар соли 1917 ва ё тӯфони Сангак дар соли 1992 буд…

Кӯлобӣ будан мартаба аст, ё ҷазо?
Барои бештар ошноӣ пайдо кардан ба ин шаҳри консерватор ва аҳолии пуритан, ё худ таоруфияш, лозим донистем, матлаби психологии журналисти варзидаи маҳаллӣ, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳро ин ҷо орем. Хондани ин мақола барои бошандагони кишвари азиз аз манфиат холӣ нест…

Кӯлоб: Зодгоҳи мардони асил
Кӯлоб сеюмин калонтарин шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон бо шумули 200.000 ҷамъият. Макони оромгоҳи файласуфи машриқзамин Алии Ҳамадонӣ, зодгоҳи шоирони халқ Сайдалӣ Вализодаву Ашӯр Сафар, ҳунармандони маъруф очаи Зиккаву Бикка, саршиностарин рӯҳониёни кишвар мулло Ҳайдару ҳоҷӣ Мирзо, зодгоҳи аввалин летчики тоҷик Ҳикмат Азимов, шинохтатарин чеҳраҳои санъати даврони соҳибистиқлолӣ Манижаву Шабнам, зодгоҳи бузургмардоне чун Ҳақназар Ғоиб ва Сафармуҳаммад Аюбӣ, аввалин зани Тоҷики барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон, Мавзуна Чориева, саромадони Фронти халқӣ Сангак Сафарову Лангарӣ Лангариев, зодгоҳи шӯридатарин тими ҳамаи давру замонҳои футболи тоҷик - Равшан.
Ин шаҳр ва ин мардум дар ҳоли мусбиву манфӣ чизеро доранд, ки дар гумон аст касе дигар дошта бошад. Ман ҳамеша дар нисбати ин сарзамин ҳамон гуфтаи маъмули кинофилми «Офтоби сафеди биёбон» «Шарқ кори нозук аст»-ро истифода мебарам. Кӯлоб аз Шарқ дида садҳо маротиб нозуктар аст. Сари ин матлаб чанд хусусияти ин шаҳр ва ин мардумро бо шумули хубу бад бармечинем ва умедворем дӯстдорони Кӯлоб аз ин эроди мо нахоҳанд ранҷид ва кӯлоббадбинҳо низ бигузор аз танқидҳои мо табли шодӣ назананд, ин ҳамаро холисона баён медорам, зеро аз ман дида кӯлобитаре дар 2 олам нахоҳанд ёфт.
Усулан барои Кӯлобро ба хубӣ шинохтан ва кӯлобиро фаҳмидан, бояд кӯлобӣ буд. Ба андешаи банда «Кӯлобӣ будан мартаба аст!». Биёем, сари чанд хусусиятҳои хоси ин шаҳр ва мардумонаш, ки бо ҳамин аз дигар нуқоти Тоҷикистон ё шояд олам фарқ мекунанд. Чун ҳамешагӣ аз паҳлӯи бад шурӯъ хоҳем кард, то ба хубиҳо анҷомаш кунем.

Кӯлоб: Чӣ онро ба қафо мекашад?
Масалан, агар дар тамоми Тоҷикистон дар фасли тобистон зиндагии рӯзона аз соати 4-и субҳ, ё ҳатто пештар оғоз ёбад, дар Кӯлоб соати 08:00 дақиқа оғоз мешавад. Ҳатто соати 07:55-и рӯзи тобистон дар ин шаҳр ягон чойхонаву ошхона кор намекунад. Ин дар ҳолест, ки барои мисол дар Қӯрғонтеппаву Хуҷанд дар ин соат мардум кайҳо наҳор кардаву пушти кор рафтаанд.
Рӯзи Кӯлоб хело дер оғоз шуда, хело барвақт анҷом мешавад. Ним соат баъд аз нишасти офтоб зиндагӣ анқариб дар ин шаҳр мемирад ва Кӯлоб ба шаҳри матруке табдил меёбад. Дар ин пос танҳо зарурмандон сари кӯча мебароянду бас. Шояд Кӯлоб ягона шаҳрест, ки аз миёнаш дарё намегузарад. Тебалай истисност, зеро ин сой ҳамагӣ дар чанд сол 1 бор меояд ва Худо аз омаданҳои мисли соли 2010-умаш нигоҳ дорад...
Дар феҳрасти камбудиҳои ин мардум хосияти нохушӣ ё ба гуфти худи кӯлобиҳо «бемиёнӣ» дар ҷои аввал меистад. Ягон кӯлобӣ, аз 7 то 70-сола ҳамагӣ 2 дақиқа бидуни болишт нишаста наметавонад ва бояд ҳатман такя кунад. Танҳо кӯлобӣ метавонад ҳар рӯз аз бозор бандчаи кабудиро 3 сомонӣ харидорӣ кунаду 4 «сотих» замини бекорхобидаи ҳавлиашро ба ҳадди ним метр барои обчакорӣ истифода набарад.
Дуруст аст, ки ғурурмандӣ хосияти хубест, аммо кӯлобиҳо 2 шакли ғурур доранд: яке мусбӣ ва дигаре манфӣ.
Дар тамоми олам шояд ғурури мардуме болотар аз ғурури мардуми Кӯлоб набошад. Ғурури ин мардум то он ҳад баланд аст, ки (воқеан яке аз иллатҳои аслии қафомонии Кӯлоб ҳам ин аст) ҳатто пешхизмат дар ресторан ба мизоҷ лутф надорад. Аз пешниҳоди номгӯи хӯрокҳо «меню» ё ҳаракати бепарвоёнаи пешхизмат чунин фаҳмидан мумкин аст, ки:
-Агар хоҳед шинед, намехоҳед 4 тарафатон қибла!
Дар Кӯлоб касе касеро дар чойхонаву ресторан, таксиву тангем зориву илтимос намекунад, ки нишинад. Кӯлобӣ лутф карда наметавонад, ҳатто агар лозим ояд, ки бузургтарин мансабу волотарин дороиро насиб шавад низ. Тем более, тамаллуқ зада наметавонад…
Ин аст, ки ҳатто дар даврони ба ном «ҳукумати кӯлобиҳо» низ ангуштшумор кӯлобии шаҳрнишин вазифае дорад!

 Кӯлоб: Хусусияти хоси он
Танҳо ба кӯлобӣ хос аст, ки замони зиёрати ҳоҷӣ аз ӯ пурсон шавад, ки кай боз ба хонаи Худо меравад? Ин танҳо дар Кӯлоб аст, ки ба саволи харидор фурӯшанда ба савол ҷавоб медиҳад. Масалан, аз дилхоҳ гӯштфурӯш нархи гӯштро пурсӣ, ба ҷои ҷавоби даркорӣ ҳатман мепурсад, ки чанд кило мегирӣ? Ин кӯлобист, ки дар аввалин вохӯрӣ аз меҳмон рӯзи баргаштанашро мепурсад, мисле, ки «Кай меравӣ?».
Тӯли  зиндагӣ дар ин шаҳр чизеро мушоҳида кардам, ки ба Худо дар ягон нуқтаи мамлакат нест. Ман ин ҳарф холисона меорам ва бигузор ба иззати нафси дигарон нарасад:
-Кӯлоб ягона ҷоест дар Тоҷикистон, ки дар он ҷо мардумон дар хонаву бозор, дар ҷамъияти кӯчаку бузург, дар сӯҳбатҳои чортаниву чилтанӣ танҳо ба тоҷикӣ ҳарф мезананд!...
Муҳит чунин сохта шуда, ки урустарин Иван, қатағантарин Эгамбердӣ низ ба тоҷикӣ гап мезанад. Ҳатто аврупоиёне, ки ним сол зиёд дар Кӯлоб кор мекунанд, ҳатман Тоҷикӣ гап мезананд. Зеро дар Кӯлоб ғайритоҷикӣ ҳарф задан мумкин нест: қандата хӯру бо дигар забон сухан кун!!!
Хусусияти хоси дигари мардум ин аст, ки эшон Худову бандаро «Ту» мегӯянд ва аз «Ту» гуфтанҳои эшон набояд ранҷид. «Ту»-и онҳо он қадар холисона аст, ки ҳазорон «Шумо»-ву «Худатон»-ро сарборист. Воқеан, дар ин боб низ латифае ҳаст, ки «Хуҷандие аз кӯлобӣ барои «ту» гуфтанаш малол шуда, мегӯяд «акоҷон, о Шумо эҳтирома медонед, ё не? «Ту» нагӯед, ман хафа мешавам!».
Кӯлобӣ бебокона дар посух мегӯяд «э, ҷӯра ту доим маро «Шумо» мегӯӣ, ман қаҳр намекунам-ку?!»...
Вале муҳимтарин хислати кӯлобиҳо ин аст, ки агар мабод аз касе, чизе дилмонда шудаву рӯ тобанд; войи он кас. Инро набояд фаромӯш кард, баракс инро дар муҳимтарин лаҳзаҳои ҳассос ҳатман ба назар бояд гирифт!!!
Хусусияти аз ҳама олии ин мардум рӯҳи шикастнопазирашон аст. Кӯлобӣ ҳангоми сакароти мавт низ ба душман сар намефарорад ва зиёда аз ин бо фулону беҳмадон таҳдидаш мекунад.

 Кӯлоб: Меҳмоннавозтарин мардум дар олам
Шояд дар олам аз мардуми Кӯлоб дида меҳмоннавози бебоктаре пайдо нагардад. Барои исботи ин гуфтаҳо мисоле меорам:
Соли 2010, ду рӯз баъд аз омадани сели мудҳише, ки ҳатто 13 куштаро бар ҷой гузошт (воқеан ин сел аз сойи Тебалай омад), аъзои ҳукмати кишвар бо шумули якчанд вазир аз макони офат дидан мекарданд. Маро низ аз рӯи масъулияти доштаам, иттифоқ уфтод, ки эшонро ҳамроҳӣ кунам. Мардум ҷо-ҷо, дар ҷои хонаҳои ҳамакнун ба хок яксонгаштаи худ, яке сари санге, дигарӣ болои чӯбе ҳайрону ҳазин менишастанд. Замони аз пеши хонаҳои валангор гузаштани ҳайати ҳукуматӣ 1 зану марди аз саховати кадом 1 хайрхоҳе бархӯрдор, болои тахтасанги хонаашонро зеркарда, рӯи газетаи кӯҳнае, пораи ноне гузошта, чой менӯшиданд. Чун моро диданд, мард аз ҷо хеста, сӯи мо нидо кард, ки «ака, марҳамат, 1 пиёла чои моро гиред!».
Чун мард ваҷоҳати моро дид, илова кард:
«Биёед, ака агар шикаста бошем ҳам, нарехтаем, наоед хафа мешавем».
Дидам, ки чашмони Муродалӣ Алимардон ашк гирифт…
Танҳо кӯлобии бехонаву дар ва бе қуту бе дастархон метавонад бидуни ягон шаттоҳиву дудилагӣ, бебоконаву холисона касеро ба 1 пиёла чой даъват кунад. Инро ман набофтаам, инро аъзои ҳукумат дидаву мегуфт: Зиҳӣ ба ин ҳиммат!!!

 Кӯлоб: Зодгоҳи лақаб-тахаллусдорон
Дуруст аст, ки дар тамоми Тоҷикистон афроди саршиноси соҳибтахаллус хело зиёданд. Аммо Кӯлоб дар ин ришта низ бидуни ягон шак ва шубҳа мавқеъи хосро ишғол дорад, ки ин ҳам яке аз ҷиҳати фарқкунандаи дигари Кӯлоб аст. Мо исми чанде аз эшонро ин ҷо хоҳем овард ва умедворем онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, моро дуруст мефаҳманд ва онҳое, ки бо мо нестанд, илоҳо ҷояшон ҷаннатулфирдавси барин бошад, рӯҳашон моро мебахшад, зеро  бисёриҳошон ба истиснои 1-2 нафар дар мавқеи худ барои беҳбудии мардум хизмат кардаанд.
Ҳикмати гов, Раҳмон стил, Раҳмон плечо, Ҳабиби природа, Сафар пешера, Валӣ боксер, Ғаффор-седой, Хайруллои чапан, Тоҳири хирс, Нуралӣ кишка, Кабут (Сафармад), Олим желез, Ҷумъа мускул, Алихони ҳиндӣ, Хуршеди қумба, Маҷиди кудрявий, Талаб кузнетс, Санчо, Шайх Камол, Ҳикмати рекошет, Рустам корочи, Нуралӣ кавгбоз...

 Кӯлоб: Босадоқаттарин мардум
Бо тасвири хосияту хусусиятҳои ин мардум ин нуктаро наметавонам зикр накунам, ки садоқати ин мардум ба ин Ватан, ба ин ҳукумат, ки мутаассифона, дар баъзан ҷо «ҳукумати кӯлобиҳо»-ш мегӯянд ва ба Президент, ки дар Кӯлоб зиёд дӯсташ медоранд, он қадар зиёд аст, ки барои қиёсаш ташбеҳе нахоҳӣ ёфт ва барои баркашиданаш дилхоҳ тарозу хоҳад шикаст. Дар ягон мавриду лаҳзаи ҳассос кӯлобиҳо алайҳи ҳукумат қиём накардаанд. Ҳатто баргашти мақоми вилояти Кӯлобро инак, ҳудуди 20 сол аст, ки аз роҳбарияти давлат танҳо хоҳиш менамоянд ва умед доранд, ки ин масъала ахиран ҳалли худро хоҳад ёфт. Эшон ба ҳама далериву тезиву тундӣ шӯру қиёмат нахоҳанд кард, зеро кӯлобӣ ба ҳама намуди савганди садоқат содиқ аст…
Даст ба рӯи сина монда бигӯед, ки кадоме аз дигар сокинони вилоят таҳаммули онро медошт, ки 4 бор вилояташро бигиранду шаҳрашро барҳам зананд ва боз ҳам содиқ ба ҳукумат монад?...
Вале муҳимтарин хислати кӯлобиҳо ин аст, ки агар мабод аз касе, чизе, сиёсате дилмонда шудаву рӯ тобанд; войи он касу чизу сиёсат. Инро набояд фаромӯш кард, баракс, инро дар муҳимтарин лаҳзаҳои ҳассос ҳатман ба назар бояд гирифт!!!
…Ин матлаби Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, дар яке аз газетаҳои кишвар нашр шуда буд ва вокунише ҳам ба бор овард. Аммо тавре дар боло гуфтем, оварданаш танҳо ба хотири дарки ҷасорати Сурайёи Қосим буд, ки дар овони хурдсоливу наврасӣ ба ин мардуми таоруфӣ даъват партофт ва новобаста аз «гапу калочаи мардум» саҳнаи маҳаллӣ ва сипас миллиро фатҳ кард, ки офаринаш бод!


Думболаи хоҳар
Сурайё ҳанӯз дар синфи 4 мехонд, ки меҳраш ба саҳнаи бузурги театри касбӣ бедор гардид. Хоҳарбузургаш Садбарг Қосимова он замон раққосаи маъруфи театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи ш.Кӯлоб буд. Ҳар субҳ, ӯ атру упо кардаву ба кор мерафту бегоҳ, ки меомад, хонаи модариро накҳати атри хуш фарогир мепечид. Ин ҳама зебоӣ, хушбуӣ, барноӣ дар дили Сурайёи кӯчак муҳаббат ба саҳнаро бедор месохт. Борҳо аз Садбарг хоҳиш мекард, ки ӯро низ боре ба театр барад. Вале посухи рад мегирифт, ки «ту ҳоло хурдӣ, мумкин нест, хондан лозим, барвақт аст ҳоло» ва ғ. ва ҳ.
Аммо рӯзе Садбарг аз дар бадар шуда, Сурайёи кӯчакро дид, ки атру упо задаву бо либоси расмӣ дар даҳони дар рост меистод. Сурайёе, ки ҳамарӯза аз хоҳарбузургаш хоҳишу илтиҷо менамуд, ин бор қотеъона амр дод:
-Маро ба театр мебарӣ!!!
Садбарг аз ин ваҷоҳати ҷиддии кӯдаки хурдсол завқ бурда, хандиду розӣ шуд ва дасти Сурайёро гирифта, сӯи кӯчаи Карл Маркс, ки он ҷо театри маъруфтарини РСС Тоҷикистон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализода қарор дошт, равона шуд. Андеша мекард, ки мэтрҳои санъати миллӣ Қурбон Зардаков, Одина Ҳошимов, Файзалӣ Ҳасанов, Салим Муқимов, Бобоҷон Ҳасанов, устоди рақс Туйдӣ-апа Бойбиева, Мунаввара Аминова…ин кӯдакро чигуна қабул мекарда бошанд?
Сурайё бошад дар дил завқ мебурд, фахр дошт, ки паҳлӯи апаи шӯҳратмандаш дар кӯчаҳои тангу тор қадам мезанад…
Ҳоло ин 2 нафар намедонистанд, ки худои санъат чӣ неъмате ба театри Тоҷик эъто карданист. Онҳо хомӯшона қадам задаву ба салому алайки мардум посух дода, фикр ҳам намекарданд, ки барои ситораҳои театри Кӯлоб худои санъат Офтобе ҳидоят кардааст, бо исми сайёравӣ...
Хоҳарон дастобадаст дари театрро боз карданд, новоқиф аз оне, ки минбаъд ана ҳамин тифли хубчеҳра шӯҳраи офоқ гардидаву дарвозаҳои шӯҳратро ба рӯи ин театр боз мекунад…
Пештоз мегӯем, ки Сурайё барои як умр ба ин театру труппаи ҳунарии он содиқ монда, дар лаҳзаҳои саъбтарини зиндагонӣ, дар солҳои ҷанги гражданӣ, ки мардум бурридаи нон надошт, сарпарасти ҳамаи ишон буд ва ҳамингуна боқӣ мондааст…

 Раққосаи моҳир
Имрӯз шояд аксарият надонанд, ки Сурайё дар театри касбӣ ҳамчун раққоса зуҳур кард. Зеро тақлид ба хоҳарбузургаш Садбарг Қосимова, ки зери навои дилошӯби Салим Муқимов-сарояндаи хушзавқ, вале кӯтоҳумр, мерақсиду мечархиду дар РСС Тоҷикистон шӯре ба бор оварда буд, ӯро ба саҳна мекашид. Зимнан, Сурайё низ мехост, чун апааш Тоҷикистони советиро тасхир кунад: бо рақс. Ин аст, ки дилбастаи рақс гардид. Ва хато накард!
Сафармуҳаммад Айюбзодаи Маҳзун, шоири шинохта, драматург ва актёр дар бораи Сурайё мегӯяд:
«Пирӯзии Сурайё дар ин аст, ки аз рақс ба саҳнаи суруду тарона омад. Агар аҳамият додаед, Сурайё тактҳои махсуси погузорӣ, китфшиканӣ, сарҷумбонӣ ва дастафшонӣ дорад. Ӯ ритмро бо бадан ҳис мекунад ва ғайриихтиёр чунон маҳин бо оҳанг ба ҷанг медарояд, ки дар ин доду ситад даҳҳо ҳазор мухлис…таслими ҳунари ӯ мешаванд».
Воқеан ҳам Сурайё садои хушро обастани ритми бадан кардааст. Дар ҳар суруду таронааш чунон мехиромад, ки ҳаваси кас меояд ва беихтиёр шунаванда бо такти сароянда ҷӯр мешавад ва ба рақс меояд:
Дар рақс даро, ки ман сароям ба ҳавас,
Баҳри ту чу ман намесарояд ҳеҷ кас…
Ин 2 мисраъ, ки порае аз суруди маъруфи Сурайёст, беҳтарин посухгӯи ин даъвост, ки сароянда рақсро на камтар аз тарона мегирад ва овозашро ҳамеша бо ритми бадан обастан месозад, ки ба кам нафаре аз аҳли ҳунар ин пирӯзӣ даст додааст.

 Чорчӯбаи рақс тангӣ мекунад…
Вале Сурайё бо ақли зотӣ дарк мекард, ки раққосагӣ касби давомдор нест. Зеро таври маълум бо гузашти сол раққосаҳо ҳатман саҳнаро тарк мекунанд. Ин нуктаро Қурбон Зардаков низ медонист ва зимнан Сурайёро таҳрик медод, ки аз саҳнаи рақс ба саҳнаи тарона убур кунад.
Худи сароянда он айёмро ёдовар шуда мегӯяд:
«Хушбахттарин кӯдакони даврони советӣ будем, ҳарчанд ин овон бе меҳри падар мегузашт, вале модар намегузошт, ки мо худро хору ятим ҳис кунем. Он замон ман ҳеҷ андеша намекардам, ки ахиран овозхон хоҳам шуд, зеро дар ҷамъи духтаракони ҳамсоя ман аслан рақс мекардам. Мушаррафа, Заррагул ва Моҳгул, аз дугонаҳои он овон, суруд мехонданду ман рақс мекардам. Суруд ҳам гоҳ-гаҳе мехондам. Ёд дорам, ки он замон таронаи «Зи ҳиҷронат, азизи ман, ҳамеша чашми тар дорам»-и Карим Раҳим мӯд буд ва мо ҳамакаса ин сурудро мехондему ғаши ҳамсояҳоро меовардем»…
Ин ҳамон ҳамсояҳоянд, ки ҳамакнун бо фахр ба ношиносу ошноҳо мунодӣ медиҳанд, ки «Сурайё дар ана ҳамин паҳлӯи хонаи ман тарона месуруду мо гӯш мекардем»…
Дар бораи раққосаи театри касбии ба номи Сайидалӣ Вализода шуданаш, худи ҳунарманд чунин қисса мекунад:
«Вақте ки бо Садбарг ба театр мерафтам, дар вақти фориғ аз кори ходимон ман рӯи саҳна баромада рақс мекардам. Тӯли як моҳ ин кор идома кард ва рӯзе, замони театр ба гастрол рафтан, кадом ходиме мариз шуду раққоса нарасид ва устод Зардаков маро ба ҳайси раққоса бо труппа ба гастрол гирифт. Мо ба Қӯрғонтеппа сафар кардем ва ман дар он ҷо рақси яккаи «Гулноз»-ро иҷро кардам. Он рақс он қадар ба тамошобинон писанд омад, ки то охири консерт чанд бор маро ба саҳна мехонданду ман низ онро такрор ба такрор иҷро мекардам. Ҳамин тариқ, ман раққосаи театр шудам».
Аммо бо ин ҳама маъруфияти касбкардаи як духтарчаи хурдсол бояд барояш омӯзгори профессионал пайдо мешуд. Вагарна илҳоми худододаи бе сайқал метавонист майл ба ғуруб кунад. Сурайёи кӯчак, хушбахтона, низ инро дарк карда, пеши профессионал рафт:
«Дар ин асно дар Боғи пионерони шаҳри Кӯлоб Туйдӣ Бобиева-ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон, кружоки раққосадухтарҳоро кушод ва дар он ҷо ман дарси рақси касбӣ меомӯхтам. Ин солҳое буданд, ки устод Зардаков чакани кӯлобиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Мо бо фаҳмиши худ чаканро моли қадима, нишоне аз феодализм шуморида, пӯшиданашро рад мекардем. Аммо ӯ мегуфт, «мерасад рӯзе, ки ба қадри чакан мерасед». Зардаков мо-ҳунармандони театрро маҷбуран чакан мепӯшонид. Ва ӯ хеле дурбин баромад»…

 Аз рақс ба суруд
Пирӯзии Сурайё дар саҳнаи рақс назаррас буд. Зеро кам касеро муваффақ шудааст, ки миёни оҳангҳои дилошӯбу садои марғуладори  Одина Ҳошим, Қурбон Зардаков… ӯро интихоб кунанду зери садои аҳсанту офарин ва «на бис!» ба саҳна хонанд, то … рақс кунад! Сурайёро даъват мекарданд. Ӯ мерақсид ва фахр мекард ва ҳатто тасаввур наменамуд, ки ин ҷо ҷои ӯ нест…ва худои санъат ӯро барои дигар ҷода офаридааст.
Боре Садбарг ба Зардаков «хабар мекашад», ки Сурайё суруд ҳам хонда метавонад. Қурбон Зардак курсиро гузошта, кӯдакро болои он гузошта, ба Сурайё амр медиҳад, ки суруд хонад. Сурайё табиист, ки шарм медорад, аммо сардори театр дар азми худ пофишорӣ менамояд ва Сурайёи кӯчак таронаи маъруфи он давронро мехонад, ки писанди устоди сахтгир, вале санъатшинос мешавад. Худи Сурайё дар ин бора мегӯяд:
«Ман он ҷо 4 мисраъ:
Биё, оҳанги тори ман,
Қарори беқарори ман.
Биё занги диламро шӯ,
Зи оби чашмасори ман…
-ро сароидам ва Зардаков мутмаъинан гуфт, ки аз ин ба пас ту суруд мехонӣ. Аммо барои маро рӯи саҳна ҳамчун овозхон баровардан як суруди мувофиқ ба сиёсати замон лозим буд ва устодон сари суруди «Ленин, бародар-раҳнамо» қарор гирифтанд. Ман бо исрор мегуфтам, ки ин суруди мардакиро намехонам. Ҳарчанд зориву тавалло кардам, аммо Зардаков пофишорӣ кард, ки ту маҳз ҳамин сурудро мехонӣ!!!
Ва ман онро хондам. Баъд аз он ки ин суруд тавассути телевизион садо дод, ба қавле қиёмат барпо шуд. Ман ҳеҷ бовар намекардам, ки ин суруд марои шӯҳраи офоқ мекунад. Азбаски он вақтҳо талаффузи ҳарфи «р» бароям душвор буд, ман «Ленин балодал лаҳнамо» мехондам ва дигар мардум маро дар кӯчаҳо дида, номамро, ки намедонистанд, «Лелин балодал лаҳнамо» гуфта, фарёдам мекарданд»…
Воқеан ҳам дар даврони пуршӯру шар Ленини аъзамро балодал ва лаҳнамо хондан ва он ҳам аз тариқи ТВ ба марг баробар буд! Аммо Қурбон Зардаков риск кард ва пирӯз шуд. Ва ин ки имрӯз гӯши миллионҳо нафарро Сурайё ва ду гулдухтари нобиғааш Фарзонаву Шабнам навозиш медиҳанд, хидмати худораҳматии Қурбон Зардаков, шахсияти пуртазодд, раҳбари сахтгир, марди сахтгап, вале нафари воқеан ҳам санъатшинос ва сарсупурдаи ҳунар буду ҳаст…

Мактаби №6
Воқеан ҳам кӯчае, ки Сурайё ба воя расидааст, аз кӯчаҳои криминалтарини водии Кӯлоб ва шояд тамомии Тоҷикистони шӯравӣ буд.
Мактабе, ки Сурайё хондааст, низ дар миёни мактабҳои маҳаллӣ бо авбошиву айёриву айёшии хонандагон номовар шуда, бештар баҳои манфӣ дошт, ки мусбӣ гирифта бошад. Ба гунаи мисол, студентони бадрафтору бадхони Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро муаллимон маҳз ба мактаби №6, ки номи устод Рӯдакиро дошт, ба таҷрубаомӯзӣ мефиристониданд. Ин таҷрубаомӯзӣ бадтарин ҷазои донишҷӯёни саркашу бадхон буд. Соли дигар онҳо кӯшиш мекарданд, рафтору одоб ва хонданашон басифаттар шавад, то дигар…ба ин мактаб наоянд…
Вале бо ин ҳама маҳз аз ҳамин мактаб кадрҳои бақувват ва чеҳраҳои саршиноси санъату сиёсат зуҳур кардаанд, ки Сурайё Қосимова дар сархатти онҳо меистад. Масали «Ганҷ дар вайрона» шояд дар ҳамин маврид хубтар ба кор равад…
Соли 1964 ба ин мактаб ба хондан омад. То соли 1969, то синфи 5, дар тарбияти устоди меҳрабон муаллим Гадоев буд, ки ӯро алфозбадаҳон намуд ва нахустин ҳарфҳоро ёдаш дод. Вале аз соли 1970, сар аз синфи 6-ум, зиндагонияш тағйири ҷидд кард. Ӯро ба таври истисноӣ, ба кори театр гирифтанд ва гастролҳои пайиҳамӣ дигар имкон намедод, ки дуруст дарс хонад.

 Дилемма: мактаб, ё театр?
Сурайё миёни мактабу саҳна…ахириро интихоб кард:
Театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи Кӯлоб аз маъруфтарин ва маҳбубтарин театрҳои РСС Тоҷикистон буд ва дар сартосари кишвар гастролҳояш аншлаг ба бор меовард. Як худи Одина Ҳошимов чӣ меистад! Консертҳои устод Одина ва баъдан Давлатманди Холу Сурайё Қосимова дар биноҳо намегунҷиданд. Барои онҳо фасоҳату масоҳати бузург лозим мешуд. Ин аст, ки консертҳои театри Кӯлобро дар варзишгоҳҳои дигар навоҳӣ барпо мекарданд. Мардум дар стадион ҳам намегунҷид. Театри Кӯлоб он замон садҳо ҳазор рубли советӣ ба буҷҷаи Вазорати фарҳанг мерехт.
Шӯҳрати театр бе интиҳо буд. Гӯиё дар ин ҷо на одамони хокӣ, ки фариштаҳои малакутӣ ҳунарнамоӣ мекарданд. Ҳар ноҳияе, ки театр мерафт, фурор ба амал меовард, даҳҳо ҳазор ба диданаш меомад ва ба буҷҷаи Вазорати фарҳанги РСС Тоҷикистон садҳо ҳазор рубл, ки қурбаш болотар аз доллари амрикоӣ буд, мерехт.
Ин аст, ки Сурайёи хурдсол маҷбур шуд аз мактаб худро канор кашад. Ин ҳол то синфи 7, яъне соли 1971 давом кард. Аммо чун дар он айём нахондан ҷиноят буд, бо ибтикори Қурбон Зардаков Сурайё аз синфи 7 хонданро дар мактаби шабонаи ҳамин мактаб давом дод. Он чӣ, ки рӯз намеёфт, дар шаб меҷуст…
Воқеан ҳам Сурайё Қосимова-примадоннаи саҳнаи ҳунари Тоҷик, ягона ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон ва сипас ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки илми олии санъатнигорӣ надорад. Вале ин дар теория. Дар практика бошад, ӯ мактабҳои бузурги фардии Одинаи Ҳошим ва Қурбони Зардакро амалан хатм кард. Ва имрӯз мактаби бузурги худро дорад. Сабк, равиш, ритм, оҳанг ва садои Сурайё мактабест, ки ин шабу рӯзҳо аксарияти бонувони санъат воқифу ноогоҳ, ҳадафманду стихиявӣ, аз он машқи маҳорат мегиранд. Зеро мунодии ин мактаб ду шогирдест, ки овозаи ҳунари Тоҷикро то Амрикову Аврупо кашидаанд.
Беҳтарин шогирдони мактаби Сурайё Шабнаму Фарзонаанд, ки дар Анлияву, Германия, Фаронсаву Амрико, Эрону Афғонистон, Аморати арабу Русияву Ӯзбакистон барои онҳо мухлисон ҷон медиҳанд…

 Издивоҷи аввал ва таваллуди Шабнам
Сурайё бо он ҳусну камолийяти ҳунар ва хирому назокат, ки рашки гулистон будӣ, табиист, ки тани танҳо дер намепоид ва харидори барзиёд дошт. Ӯ ҳанӯз, ба масале, даҳонаш бӯи шир мекард, ки хушдоронаш аз тамомии Тоҷикистон барои касби муҳаббат ва рабудани дилаш талошро сар карданд. Фавҷи ошиқон, сели муштоқон ва баҳри мухлисин Сурайёро маҷбур карданд, ки ... ба хатои нахустини муҳаббат даст занад. Солҳо ба баъд, дар ин бора худаш хоҳад гуфт:
-Оре, ин хатои мани ҷавон буд, ки онро хеле баъдтар дарк кардам. Ман барои раҳоӣ аз гапу калочаи мардум ва саф-саф мухлисин ба шавҳар саросема баромадам. Ман баъдтарак фаҳмидам, ки муҳаббат чисту ошиқ кист ва ғами ҳиҷрону сӯхтану пухтанҳои Ишқ чӣ маънӣ доранд…
Соли 1975, ки Сурайё ҳамагӣ 17 сол дошт, бо яке аз чеҳраҳои тобони театри пуровозаи ш.Кӯлоб, Назирмади хубчеҳра ва мусиқанавози виртуоз, ақди никоҳ мебандад. Чандин соли ин издивоҷ зери пардаи сиррӣ ниҳонанд. Зеро Сурайё намехоҳад перомуни он солҳо ҳарф занад.
Вале дугонаҳо, наздикону пайвандони сароянда аз он солҳо ба некӣ ёд намеоранд. Бо ишора мегӯянд, ки «Назирмад Сурайёро азобҳое, ки намедод» (ин дар ҳолест, ки худи Сурайё аз собиқ шавҳараш танҳо ба некӣ ёд мекунад. Зеро ботинан сафеддилу бе кина аст). Шояд «азобе», ки дугонаҳо мегӯянд, рашки шавҳар ба ситораи хуфта дар бараш буд, ки суфуфи мухлисину ҳаводоронаш ҳич кам намешуд.
Аммо худи Сурайё мегӯяд, ки Назирмад барояш ҷонашро фидо мекард, вале «бо ин ҳама муҳаббат байни мо набуд, ё буду яктарафа, танҳо аз ҷониби шавҳар».
Сурайё на ба некӣ ва на бадӣ он солҳои ҳаёти ҳамҷояашонро ёдоварӣ намекунад. Вале ин нукта далели бебаҳс аст, ки то ҳанӯз ӯ аз шавҳари қаблӣ ва оилаи дигари ӯ ва ҳатто кӯдаконашон арҷ мегузорад. Писару духтари Назирмадро, ки аз зани дигар, ба масале аз боғчонанд, фарзанди худ мехонад, модару падар, хешу таборашро модару падари хеш ва ақрабои худ медонад ва ба ҳамаи онҳо самимияти вежа дорад, самимияте, ки танҳо хоси Сурайёст.
Сурайё ҳатто фарзандони падарашро, ки ӯву хоҳараку бародаронашро дар синни хеле кӯчак партофтаву фирор кардаву онҳоро ҳаволаи тақдир намуда буд, ба ҷон қабул кардааст ва ҳамаи онҳо бологузарони хонадони ҳунарманданд. Зеро дили бузург дорад!
Издивоҷ бо Назирмад ба Сурайё беҳтарин гулдухтарон-Рӯзигул ва Шабнамро ҳадя кардааст, ки ҳар ду чун себи дукафон монанданд. Танҳо бо ин тафриқа, ки Рӯзигул роҳи маърифати ухравӣ пеша кардаасту Шабнам маърифати дунявиро. Шабнам моҳи тобони саҳнаи тамомии ҳунармандони Тоҷикон-форсигӯён-даризабонҳои олам асту консертҳояш дар Амрикову Аморат, Аврупову Осиё аншлаг ба бор меоранд. Аммо Рӯзигул як бонуи одии кӯлобист, ки ҳаргиз талоши маъруфияти саҳнавӣ накардааст.
Худи Сурайё дар бораи издивоҷи нахустинаш мегӯяд:
«Аз соли 1970 барои ҳамешагӣ ба кори театр омадам. Устод Зардаков репертуари маро аз сурудҳои русӣ, узбекӣ, озарӣ, қароқалпоқӣ ва дигар халқҳои СССР бой мекард.  Дар ҳамин ҷо бо Назирмад-шавҳарам шинос шудам. Азбаски хушдорҳои зиёд думболам мегаштанд, мақсад гузоштам, ки зуд ба шавҳар бароям ва соли 1975, дар синни 18 солагӣ бо Назирмад, ки овозхони ансамбли театр буд, издивоҷ кардем. Он вақтҳо барои оилаҳои ҷавон ғамхориҳо зиёд буд ва моро дар маҳаллаи 10-уми шаҳр хонаи 2-ҳуҷрагӣ доданд. Зиндагии хуб доштем. Фақат ман баъди як-ду сол фаҳмидам, ки дар издивоҷ саросемагӣ кардаам. Имкон буд, хубу бади дунёро фаҳмида, баъд ба зиндагии мустақилона мегузаштам, аммо аллакай дер шуда буд. Ин овон аллакай Рӯзигул ва Шабнам таваллуд шуда буданд. Бо Назирмад тайи 10 сол зиндагӣ кардем, ҳарчанд хушбахт будам, аммо ба ин зиндагӣ ризоияти комил надоштам ва гоҳ-гаҳ сардиҳои тӯлонӣ ва ё кӯтоҳ миёни мо сар мезад».

 Ишқи офтобӣ…
Ту надонӣ, ки чист лаззати Ишқ,
То ба ту ногаҳон фуру н-ояд…
Сабру таҳаммул, тоқат, аҷз ва маҳрумиятҳо аз муҳаббат наметавонист бе подош монад. Ва ахиран ҷазои ин ҳама мушкилро Худо бар Сурайё дод:
Ӯ ошиқ шуд!!!
Усулан ишқи Сурайё, ки он замон аз хурд то бузург ва аз сағир то кабир, аз сатҳи додгоҳи мардумии «занакҳои лаби об» то долонҳои Политбюрои вақт, ҳама, ҳама, ҳама онро маҳкум мекарданду Сурайёро дуову сақат мегуфтанд, заминӣ набуд:
Он Ишқ осмонӣ, офтобӣ, хуршедӣ буд…
Сурайё то ҳанӯз соати саъди дидори маҳбубашро ёд меорад ва ҳатто худаш бовар намекунад, ки чунин бе сару бе по ба оташи Ишқ худашро партофта бошад.
«Тӯй буд. Тӯйи яке аз калоншавандаҳои партияи коммунистӣ дар вилояти Кӯлоб ва ман сароянда будам. Домод…Хуршеди ман буд…».
«Хуршеди ман» сурудест, ки тӯли ҳама солҳо, сар аз ҳамон рӯзи тӯйи Хуршед бо дигар нафар, Сурайё то охири умр онро мехонду хоҳад хонд ва ба назар мерасад, ин тарона, ки баъди сари Хуршед низ дар садост, пас аз Сурайёву мову манҳо низ дар тараннум хоҳад буд ва ифшогари Ишқи Юсуфӣ ё худ Ишқи Зулайхои асри ХХ мемонад ва ба мардум солҳои сол васфи ин ишқи офтобӣ, ишқи хуршедӣ, ишқи сурайёӣ, ишқи кайҳонӣ мекунад…
Хулласи калом, дар ин рӯзи тӯяш Хуршед ба ҳофизаи тӯй, Сурайё Қосимоваи аз худаш 7 сол (!!!) бузургтар ошиқи шайдо мешавад. Тири Ишқ дар ин рӯз на танҳо қалби Хуршедро шикофт, ки ба дили Сурайё низ асар кардаву онро хунчакон намуд...

 Фирор аз Кӯлоб
Он замон овозаҳо буданд, ки Хуршед бо дидану шунавидани Сурайё аз тахти шоҳӣ ҷаҳида хеставу бо Сурайё ба Душанбе фирор кардааст. Вале ба гуфтаи Сурайё ҳақиқати ҳол дигар буд.
Ӯ ба ёд меорад:
-Чанде ба баъд, як духтарчае аз Донишкадаи Кӯлоб, дар ҷустуҷӯи хонаи иҷоравӣ ба манзили зисти мо омад. Чун дидам, ки духтарчаи мусофир ва раҳдур асту тани танҳо дар шаҳр мондааст, иҷозаташ додам, ки бо мо зиндагонӣ кунад. Чанд моҳ баъд, ки бо ҳам унс гирифтем, рӯзе гуфт, мехоҳад ҳамкурсонашро ба рӯзи таваллудаш гирд овардаву зиёфат диҳад ва иҷозат пурсид, ки ба хонаи мо биорадашон. Худам, ки ҷавон будаму ҷавононро дӯст медоштам, розӣ шудам. Ва дар байни ҳамкурсони он духтар боз Хуршедамро дида, дилам таҳ кашид. Фаҳмидам, ки ин Ишқ ҳукми Худост, вагарна тасодуфан дубора ӯро намедидам…
Хулласи калом, Ишқи осмонии Сурайёву Хуршед сар зад, мисли вулқон, амсоли оташи бузург, ба монанди сели бе маҷро, ки ҳама чизу касро мешусту дур меафганд.
Дар ин миён Сурайё ҷавонмардӣ кардаву худаш ба шавҳараш роз кушод ва бо он темпераменти зотие, ки дорад, аз Назирмад талаб кард, ки ҷудо шаванд, то ба коми дилаш бирасад ва хушдори аслиашро бигирад. Табиист, ки Назирмад ризоият надод. Зеро ӯ низ Сурайёро дӯст медошт.
Сурайё дар ин маврид мегӯяд:
«Оҳиста-оҳиста муҳаббати Хуршед ба дили ман ҷой гирифт. Ин замон муносиботи мо бо Назирмад хело сард гашта буд. Хуршед низ ба завҷаи худ муҳаббат надошт. Ман хостам бо Назирмад атрофи ҷудо шудан суҳбат кунам, аммо ӯ розӣ нашуд. Ман зориву тавалло кардам, ки оқибати ин кор барои ҳардуямон хуш нахоҳад буд, биё, ба хубӣ ҷудо шавем, якравӣ кард.
Оқибат ману Хуршед аз Кӯлоб гурехтем, ба Душанбе омадем ва муддати як моҳ дар ин ҷо мондем. Дар Кӯлоб овозаву дарвозаи зиёд шуд, аммо мо аз раъйямон нагаштем. Ҳарчанд Хуршед писари одами калони шаҳр буд, аммо обрӯву иззати ҳамаро як сӯ гузошту муҳаббати маро як сӯ. Ман низ ба ин муҳаббат носипосӣ накардам, ӯро дӯст доштам. Ин кор соли 1986 буд. Ман 29 сола будаму Хуршед Рабиев 22 сол дошт. Ба ростӣ, ман дӯстдориро аз ӯ омӯхтам».
Волидайни Хуршед хабари ин моҷаро ва фирори дилдодаҳоро шунида, шӯре то қиёмат барангехтанд! Тасаввур мекунед, ки писари яке аз роҳбарони Ҳизби коммунист аз занаш ҷудо шудаву зани аз худаш 7 сол калонтарро гирад? Ин кор ҳатман бо выговори партиявӣ анҷом мепазируфт, барои падари Хуршед!
Афкори ҷамъиятӣ-ку, тамоман ин ҳардуро мехост чормех задаву ба дор кашад! Зеро дар Кӯлоби консерваторӣ ва таоруфӣ (пуританӣ) дар тасаввури ягон нафар чунин ишқи юсуфӣ намегунҷид! Ҳама чашминтизор буд, ки Хуршед дами ҷавонӣ гузаронидаву Сурайёро мепартояд ва шаҳр ба ҳоли ҳар ду хоҳад хандид. Он замон маҳфиле набуд, ки дар ин бора қисса намекард. Пештоз мегӯям, ки то соати марги Хуршед, дар соли 2013, яъне пас аз 27 соли издивоҷи ин ду дилдода низ, аксарият бовар доштанд, ки ин Ишқ ҳатман бо талоқ поин меёбад. Аммо ин мардум, ки назари сатҳӣ ва тафаккури заминӣ ба Ишқ доштанд, аз куҷо медонистанд, ки муҳаббати Сурайёву Хуршед аз осмонҳо фуруд омадаву ҷовидонист…

Ошиқон ба суд!!!
Хулласи калом, ба 2 дилдода 1 роҳ монда буд: ФИРОР!
Шабе ҳар ду кӯлворе ҷамъ оварда, сӯи Душанбе фирорӣ шуданд, то Ишқи осмонии худро аз дасти тааррузи мо-заминиён ҳифз кунанд…
Баъди фирори ошиқон чӣ шӯре бархост! Сарояндаи шинохташудатарин дар кишвар, Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон (!), ҷавонзане, ки аз ӯ миллионҳо нафар умед доштанд, оилаашро партофта, бо дӯстдораш фирор кардааст.
Табиист, ки ин рафтори ҳунарманд ба дегу табақи идеологияи советӣ намегунҷид. Дар давлати Советӣ қавонин дигар буд ва барои аъмоли ношоиста усулҳои мухталифи ҷазо мавҷуд.
«Ҷинояткори ишқ» бояд ҷазо мегирифт ва Сурайё ҳамчун овозхони театр бе ҷазо намонд. Дар ҷои кор, баъди муҳокимаи тӯлонӣ ӯро «выговор» доданду 6 моҳ овозашро суд карданд…
Мисле, ки имрӯз духтаронашро дар ТВ нишон намедиҳанд, Сурайё низ барои ним сол аз экрани телевизори Тоҷикистони советӣ ғайб зад…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter