ХАБАРИ ДОҒ

Аз деҳқондухтар то Бонуи аввал

  • Чоршанбе, Июл 18 2018

17.07.2018 шогирди ман-Азизмоҳ ба синну соли пайғамбарӣ қадам мениҳад. Дуо дорам, ки Худованди бузург тамомии муроду орзуяшро баровардаи хайр гардонад…

Соли 1970 баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (ҳоло ДМТ) бо роҳхати Вазорати маориф маро ба мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷ.Балхӣ) барои кор фиристоданд. Азизмоҳ Асадуллоева дар синфи 8-ум мехонд. 1 духтараки оддии деҳотӣ, хоксору меҳрубон, фурӯтану дилсӯз, чаққону меҳнатдӯст буд. Он солҳо хонандагони синфҳои болоиро ҳамроҳи омӯзгорон ба ғунучини ҳосили пахта сафарбар менамуданд, ки то иҷро шудани плани пахтачинӣ давом мекард. Азизмоҳи чаққону меҳнатдӯст нисбат ба дигар хонандагони мактаб бештар пахта мечид. Ҳар бегоҳ дар сари тарозу ҳисобчии бригада дигар хонандагонро даъват менамуд, ки пахтачиниро аз ӯ ёд гиранд. Онҳое, ки дар ҷамъоварии пахта танбалӣ мекарданд, аз муаллимон танбеҳ мегирифтанд. Боре яке аз ҳамин гуна хонандагони танбал пахтаи чидаи Азизмоҳро аз халтааш медуздад. Вақти баркашидани пахта дар сари тарозу ҳисобчӣ ба Азизмоҳ рӯй оварда мегӯяд:
-Имрӯз натиҷаи ҳаррӯза нест-ку! Кам пахта чидаӣ! Сабабаш чист?
Азизмоҳ хоксорӣ карда, чизе намегӯяд. Аммо яке аз дугонаҳояш мефаҳмонад, ки пахтаҳои чидаи ӯро касе дуздидааст, барои ҳамин имрӯз натиҷа паст шудааст. Муаллимон пурсуҷӯ карда, пахтадуздро меёбанд. Он яке аз хонандагоне будааст, ки ҳар рӯз кам пахта мечидаасту имрӯз бисёр.
…Вақте аз хирман ба хона бармегаштанд, ӯ писарбачаи дуздро ба наздаш даъват карда гуфт: «Беақлӣ кардӣ. Акнун туро минбаъд дар ҳама ҷо дузд меноманд. Пахта, ки лозим буд, ба худам мегуфтӣ, ҳамту чинда медодам». Писарбача барои гуноҳаш бахшиш пурсид ва минбаъд дуздӣ накард!



Дастёри модар
Азизмоҳ баъди хатми синфи 8 барои кӯмак ба корҳои модари серфарзандаш таҳсилро давом надод. Ӯ фарзанди дуюми оила буду апааш Пахтамоҳ хатмкунандаи мактаб. Хоҳари калониаш Парчамоҳ дар синфи 7 ва хоҳаронаш дар синфҳои поёнӣ мехонданд. Додаронаш хурдсол буданд. Соли таҳсили 1974-75 Парчамоҳ-хоҳари калонии Азизмоҳ хатмкунандаи мактаб буду ман роҳбари синфашон. Ба хонандагони синф гуфтам, ки «имсол шумо хатмкунандаед. Баъди хатми мактаб чӣ кор карданиед? Орзуҳоятонро дар ягон варақ нависеду ба ман супоред, бо ниятҳоятон шинос мешавам». Баъд падару модаронро ҷамъ кардам. Баъзеяшро бори аввал медидам ва намешинохтам. Дар маҷлис орзуи хатмкунандагонро дар ҳузури падару модарон баён намудам. Эшон низ фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Баъди анҷоми маҷлис ба наздам марди тануманди паҳлавонҷуссае омад, ки бори аввал медидамаш. Мард худро шинос карда гуфт: «Ман падари шогирдатон Парчамоҳ-Асадулло Саъдуллоев ҳастам. Аз суханрониҳоят дар маҷлиси падару модарон фаҳмидам, ки ба шогирдонатон хело меҳрубон ва дилсӯз ҳастед. Ман марди саҳроям, на ҳамеша вақт дорам, ки назди фарзандон бошаму аз донишу ахлоқашон бохабар шавам. Вале дар симои шумо-додари азиз, муаллимеро дидам, ки талош менамояд, то ҳама шогирдон босавод ва хушахлоқ гарданд».
Дар охир дуоям дод.

Аз водии Вахш ба водии Кӯлоб
Соли 1975 Азизмоҳ бо писарамааш Эмомалӣ Раҳмон оила барпо намуда, ба хонаи бахташ, ба ноҳияи Данғара рафт. Дар ҷои нав ҳам Азизмоҳ ҳамчун деҳқондухтари асил корҳои хона ва саҳроро ба анҷом мерасонд. Шавҳараш Эмомалӣ Раҳмонов, ки низ фарзанди деҳқон буд, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар колхози ба номи Ленини н.Данғара иҷро мекард.
Нооромиҳо дар Тоҷикистон аз воқеъаҳои февралии с.1990 оғоз шуд ва с.1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар мамлакат бесарусомонӣ ҳукмфармо шуд. Ана дар ҳамин гуна вазъият ба бахти миллати тоҷик Худованди бузург фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Ӯ дар аввали кор тани танҳо аз пайи амалӣ намудани ормонҳои миллати ҷафодидаи тоҷик гардид. Дур аз оилаю фарзандон дар 1 утоқи танг, ки ҳам ҷои хоб ва ҳам ҷои кораш буд, кор мекард. То ба Ваҳдати миллӣ расидан ба Э.Раҳмон лозим омад, ки 5 сол далерӣ, бедорхобӣ, азхудгузарӣ, шуҷоат, нотарсӣ, ҷавонмардӣ ва ҳатто риск намояд, то ба сулҳ бирасем. Дар ҳамаи ин душвориҳои давлатдорӣ Азизмоҳ дар бари президент буд. Будани чунин як зани соҳибхираду покдил, меҳрубону ғамхор илҳомбахши фаъолияти президент шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба миллати тоҷик сулҳ овард. Барои Азизмоҳ осон набуд, вақте ҳамсараш аз пайи амалӣ гардондани ниятҳои некаш барои ин ватану миллат дур аз хонаву дар ва берун аз ватан сафарҳои корӣ анҷом медод. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо сабру тоқатро пеша карда, дуои онро мекард, ки ҳамсараш бо дастовардҳои бузурге барои ин миллату ватан баргардад.

Бонуи аввал ба Маҳкамови мариз хӯрок мепухт!!!
Ин хонаводаи намунавӣ одамгарии хело олидараҷа доранд. Ба ёд оред, он рӯзҳоеро, ки аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов маризи саратон буд. Фарзандонаш хориҷ аз кишвар буданд. Хӯрду хӯрокашро маҳз аз хонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши кадбонуи ин хонадон Азизмоҳ меоварданд. Дар бисёр маврид худи бонуи №1 бо дастони худаш барои Маҳкамов таом омода мекард. Дар рӯзи дафни Маҳкамов, Эмомалӣ Раҳмон тамоми кору борашро 1 сӯ гузошта ба мотамхона ҳозир шуд. Бо аҳлу байти Маҳкамов дидор кард. Муддати тӯлонӣ дар мотамхона нишаст. Танҳо нафаре, ки наздикашро аз даст додааст, медонад, ки тасаллияти дилхоҳ нафар ғаму ғуссаро аз дил мебарорад.

Тарбияти фарзандон
Бонуи аввал дар тарбияи фарзандон аҳамияти хос дода, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд. Ҳамаи фарзандони ин хонавода дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар фаъолият намуда, барои пешрафт ва шукуфоии ватани азиз ва зиндагии арзанда дасти тамом доранд. Фарзандони хонавода Озода ва Рустам бо роҳи падар рафта, дар пойдор гардонидани Тоҷикистони азиз саҳмгузоранд. Озода дар тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои гуногун фаъолият карда, беҳтаринҳоро ба мансабҳои хизматӣ пешниҳод менамояд. Рустам дар ободу зебо гардонидани пойтахт хеле фаъолона амал намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Азизмоҳ ҳамчун зани порсо ва хирадманд дар паҳлӯи президент истода, дар такмили давлатдории тоҷикон саҳми худро гузошта истодааст. Худованд низ ба ин хонавода лутфу эҳсони худро фиристод.
Соли 2014 вақте президент ба синну соли пайғамбарӣ қадам мениҳод, он рӯз иди Қурбон буд. Яъне 5.10.2014, соли 2015 вақте бонуи аввал ба ҷашни синни 60 қадам мениҳод, он рӯз иди Рамазон буд. Яъне 17.07.2015. Аввалҳои с.2016 Президенти ҶТ дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ ба шаҳри Макка ташриф овард. Бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону пайвандонаш қиблаи мӯъминон-Каъбаро зиёрат намуд. Пас аз тавоф 2 ракаат намоз хонда, барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи Тоҷик дуои хайр карданд. Президент бори дуюм ва ҳамсараш бори якум дохили Каъба шуда, аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ шарафёб шуданд...
Бонуи аввал модари миллат аст. Ӯ ифодагари беҳтарин хислатҳост. Азизмоҳ ҳамаи хислатҳои неки инсониро дорад, ки ҳалолаш бод!
Рӯзи 17.07.2018 шогирди ман-Азизмоҳ ба синну соли пайғамбарӣ қадам мениҳад. Орзу дорам, ки Худованди бузург ба бонуи аввал дар синну соли пайғамбариаш тамомии муроду орзуяшро баровардаи хайр бигардонад. Мо Метавонем!

Саттор Бобохонов,
муаллими собиқадор, н.Ҷ.Балхӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter