ХАБАРИ ДОҒ


Дар ҳамин маврид расонаҳои хориҷӣ ва тоблуҳои футболӣ чандин бор акси 1 Тоҷикеро нашр карданд, ки дар сар тоқии чоргула бо ришу фаши сафеди дароз аз ин ё он даста мухлисӣ мекард. Маълум гардид, ки ин нафар Бобоназар Сайидмуртазои ховалингӣ будааст, ки даҳҳо ҳазор рубл харҷ карда, 3 бозиро дидааст. Сайидмуртазо аз мухлисони ашаддии Равшани Кӯлоб буда, қариб ҳама бозиҳои ин дастаро мухлисӣ мекард.
Бобоназаров Сайидмуртазо Субҳонқулович 28.12.1968 дар ноҳияи Ховалинги вил.Кӯлоб, дар деҳаи Ҷаҳонбахт ба дунё омадааст. Рӯзҳои 23-ум, 26-ум ва 30-уми июн дар бозии Олмон-Шветсия, Австралия-Перу ва Португалия-Уругвай дар шаҳри Сочии Русия мухлисӣ кардааст. Ӯ ба ҳар бозӣ бо 9600 рубл дар ҷамъ 28.800 рубл дода, билет харидорӣ намудааст. Ин мухлиси Тоҷик ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст:
"Расму усули тоҷикиамро ба мухлисон ва ҷаҳониён нишон додам. Тоқӣ ва риш маро бисёр мавриди таваҷҷуҳи мухлисони хориҷӣ мекард. Дар варзишгоҳ наворбардорӣ аз ҷониби ФИФА мешудааст. Ман бехабар дар телевизионҳо омадам. Пас аз тамошои ман аз хонадон ба ман тамос гирифта гуфтанд, «отаҷон, Шуморо дар телевизион дидем!» Мухлисони хориҷӣ низ бисёр ба ман мутаваҷҷеҳ мешуданд, бо забони инглисӣ ва русӣ мепурсиданд, ки «Шумо аз куҷо ҳастед» ва ман мегуфтам аз Тоҷикистон ва банда мухлисони хориҷиро ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Тоҷикистони азиз даъват менамудам"…

М. Мубориз
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter