Принт

Президент Раҳимовро дубора даъват кард


Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри  "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад. Ӯ махсус зикр кардааст, ки сармураббии машҳуру кордидаи Тоҷикро маҳз бо хоҳиши мухлисон дубора даъват кард. Хотиррасон мекунем, ки Раҳимов солҳои 2013-2017 низ сармураббии ин даста буд.
"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ",-гуфтааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ. Қодиров аз бозгашти Рашид Раҳимов-футболбози маъруфи тоҷик ба мақоми сармураббии тими "Ахмат" (собиқ “Терек”) истиқбол кардааст. Президент гуфтааст, ки 3,5 сол Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буд ва охири с.2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш  тасмими танаффус гирифт. Ба гуфти ӯ, дар аҳди Рашид дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016-17 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Феълан тими "Ахмат" дар зинаи 10-ум қарор дорад. Ахиран Лигаи олии Русия иттилоъ дод, ки Рашид Раҳимов ба мақоми сармураббии "Ахмат" баргашта, бо бошгоҳ барои ду сол созишнома имзо кард. Ӯ дар ин мақом Игор Ледяховро иваз кард, ки ахиран ба истеъфо рафт.
Раҳимов дар даврони Шӯравӣ дар дастаи овозадори "Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва қаблан сармураббии тимҳои "Локомотив”-и Маскав ва "Амкар”-и Перм” ҳам буд.

Матлабҳои дигар