ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Алфонс коб!

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018

Мавзӯе, ки ба он даст задам, шояд бори аввал дар матбуоти Тоҷик бардошта шавад ва мумкин аст дӯстону хонандагони рӯзнома, хосса, мардон ин мавзӯро, ки сол аз сол дар ҷомеаи мусалмонии боз ҳам бештар густарда мегардад, ба хубӣ қабул накунанд. Вале чӣ кунем, ки ин мавзуъ вуҷуд дорад ва ҳатто мӯд ҳам шуда истодааст. Агар дар шаҳру ноҳияҳои хурди кишвар дар ин бора камтар ҳарф зананд ва ё умуман нагӯянд, дар шаҳрҳои калон теъдоди ҷавонмардони алфонс рӯ ба афзоиш аст.

Алфонс кист?
Шоми рӯзи 5.09.2018, соат бо вақти Душанбе 18:00 дақиқа. Ман, ки дар ин кор умуман таҷриба надоштам, аз 3 дугонаи тоҷир ва сарватманди хеш, ки дорои 2-3 хонаву мошин ва зару зевари бешуморанд, дар пайдо кардани алфонс кӯмак хостам ва онҳо низ «не» нагуфтанд. Дугонаҳоям Замираву Зарринаву Шаҳло барои ман дар бораи мардони алфонс ва шинохти онҳо дарс гузаштанд, аниқтараш донишу фаҳмиши маро бо маслиҳатҳои муфиди хеш такмил доданд. Онҳо ҳам, ки мухлисони газетаи СССР буданд, бо ҷону дил ба ин кору супориш ҳамроҳ шуданд.
Замира Ёдгорова, 1 дӯсти хубам, ки дар калонтарин марказҳои савдои пойтахт дӯкону мағозаҳои бешумор дорад, мегӯяд, мардони алфонс касонеанд, ки ба хотири пулу моли зан худро ошиқи эшону эшонро ошиқи худ карда, минбаъд аз ҳисоби он зан соҳиби пулу мошин ва сару либоси зебову гаронбаҳо гашта, кайфу сафо карда мегарданд.
-Мардҳои алфонс, ки симои зебо доранду хушқаду қоматанд, аввал хуб аз паси зани пулдор мепоянд, сипас бо баҳонае ошно гашта, ба хушгӯӣ мегузаранд, дарҳол кӯмаки хешро барои анҷом додани ин ё он кор мерасонанд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба боварӣ даромада, бо ҳамин минвол ба хонаву дар ва рахти хоб низ соҳиб мешаванд. Агар 2-3 ҳафтаи аввали муносибот онҳо барои зан харҷ кунанд, баъдан бо баҳонаҳои гуногун, амсоли «маошамро надода истодаанд, ё мошинам вайрон шудаасту барои таъмираш пул надорам» ба пулпурсӣ сар мекунанд, ҳамин тавр шуруъ мешавад ҳаёти осоиштаи онҳо аз ҳисоби занҳо. Дили занро бошад алфонсҳо бо меҳру муҳаббат ва хушгӯӣ, ки одатан ба занҳо намерасад, гарм мекунанду пул гирифтан мегиранд, - мегӯяд Ёдгорова.


 
Алфонсро чӣ гуна бояд бишнохт?
Заррина Муллоҷонова, дӯсти дигари ман, ки дар маркази ш.Душанбе 1 қаҳвахонаи хеле боҳашамат ва зебо дорад, дар робита ба ин мавзӯъ таъкид медорад, бештари мардони алфонс дорои маълумоти олӣ ва касбу кору оила ҳам ҳастанду зану фарзанд ҳам доранд ва инро ҳеҷ гоҳ пинҳон намекунанд.
-Алфонсро чӣ гуна бояд бишнохт? Марди алфонс ҳеҷ гоҳ бесабаб дар назди ту пайдо нахоҳад шуд, ҳатман туро бо дидани мошини қиматбаҳо, сару либоси гаронарзиш ва аз ҳама муҳим ҳамёни пур аз пул дида, 2-3 ҳафта аз пасат шуда, дар ҳар куҷое, ки меравӣ, «нохост» пайдо мешавад. Алфонсҳо ҳамеша тозаву озода буда, сару либосашон ҳатман гаронарзиш аст. Бо забони хуш, комплимент, дарҳол кушодани дари мошину меҳрубониву адаб мекӯшанд занро мутаассир ва ба худ моил кунанд. Онҳо ҳатман мошини худро нишон дода, пешниҳод мекунанд, ки туро то ҷои лозима бурда мерасонанд, дар ин фосила худро вонамуд мекунанд, ки хеле пулдоранд ва барои нӯшидани 1 пиёла қаҳва туро ба ягон қаҳвахонаи қимат даъват кунанд. Хулоса, дили туро аз нигоҳи аввал мебаранду ба худ моил мекунанд. Бештар занҳое моили алфонсҳо мешаванд, ки ё танҳоянд ё новобаста аз будани шавҳару фарзандон саодати зиндагӣ надоранд- мегӯяд Заррина.

1397 сомонӣ барои алфонс
Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Бо дугонаи сеюмиам Шаҳло Содиқова, ки ӯ ҳам соҳиби чанд дӯкон дар маркази савдои «Саодат» аст, аз пайи омодагӣ шуда, ба мошин нишастему сӯи маркази савдои «Саодат» роҳ пеш гирифтем. Ин марказ то соати 21:00 кор мекардааст. Новобаста аз эътирози ман нисбати нархҳои гарони сару либос дар ин фурӯшгоҳ, ӯ аз дӯконҳои хеш бароям 1 кулоҳи сиёҳ, шиму костюми хеле гаронарзиш ва 2 куртаи кӯтоҳи беостин интихоб ва тӯҳфа кард. Гуфтам, ки пулашро ҳатман хоҳам баргардонид, зеро ман алфонс нестам! Аз дӯкони кафшфурӯшӣ, аз қисмати борҳои мавсимӣ гузашта низ 2 кафши хеле ҳам олӣ интихоб кардему онро бо додани 200 сомонӣ барои 1 рӯз иҷора гирифтем-нархи ҳар яке аз онҳо аз 600 сомонӣ кам набуд.
Сипас ба ороишгоҳ омада, сару рӯ ва мӯямро мисли он, ки ба тӯй меравам, омода кардаму шиму костюм ва кулоҳ ба сар гузошта, яке аз кафшҳоро пӯшидам. Шаҳло бароям гӯшвору гарданбанд ва занҷираи дастбанди тиллои худро ба орият дод. Фикр кардам ба гӯшу гардану дастам беш аз 1 кг тилло андохтам ва боз тарсидам, ки баногоҳ касе ин зару зеварро аз дасту гарданам надуздад, ки дигар пули онҳоро баргардонида наметавонам!
«Дар ҳамёнат чанд пул дорӣ?»-пурсид Шаҳло. Гуфтам, ки аз 300 сомонӣ бештар надорам-250 сомонӣ барои ороиши мӯю рӯй сарф шуда буд. Дугонаам аз куҷое 100 доллари амрикоӣ пайдо намуда, онро дар дӯкони фурӯшандаи дигар бо қурби 9,47 сомонӣ барои 1 доллари ИМА иваз карда, боз аз дӯкони дигар пули хурди доллар харида омаду 1 бандча долларро ба дастам дод. Нигоҳ кунам ҳамааш 5 ва 10 долларӣ будааст. «Куҷое рафтем ва харид кардем кошелёкатро зуд-зуд кушода доллар доштани онро ба онҳое, ки дар паҳлӯят истодаанд нишон деҳ, алфонсҳо ба ин ҳатман моил мешаванд!»-чашмакӣ зада гуфт Шаҳло.
Хулоса, бо сарфи 1397 сомонӣ ва ба тан кардани сару либосе, ки қиматаш аз 2000 сомонӣ кам несту зару зевари хеле ҳам гаронарзиш, ҳар 2 ба мошини хориҷии ӯ нишаста сӯи маркази шаҳр роҳ пеш гирифтем. Аз рӯи шунидам ин ҷойҳо нишемангаҳи алфонс-сайёдони бонувони пулдоранд. Ман, ки ҳоло мошинрониам, такмил мехоҳад, аз Шаҳло хостам, ки бори нахуст дар шикори алфонс маро ҳамроҳӣ кунад. Охир, таҷрибаи ӯ бештар аст!
Хуб, рафффтттееем! Мо метавонем!
Шарҳ: Алфонс мардест, ки дили занро ба даст даровардаву аз ҳисоби пулу моли ӯ зиндагонӣ мекунад. Решаи пайдоишаш аз пйесаи Александр Дюмаи хурдӣ «Ҷаноби Алфонс» (фр. «Monsieur Alphonse») аст. Қаҳрамони ин асар нафарест, ки бо зебоии худ бонувонро моил кардаву сипас 1 умр аз ҳисоби бевазанҳои пулдори пиру фартут «мечарид»…

«Мо ҳам 2 нафарем, хоҳед ба хонаатон меравем, хоҳед шуморо ба ҷои худамон мебарем, хоҳед ҳамту даруни мошин нишаста бо ҳам сайр мекунем, 1 соаташ 150 сомонӣ!»-гуфт он писару 1 сатил оби хунук аз сарам рехт! Ман, ки дунболи марди алфонс будам, ҳоло марди танфурӯш пайдо кардам!

Алфонсро дар куҷо ҷӯем?
Шоми 5.09.2018. Соат бо вақти Душанбе 20:30 дақиқа. Бо дугонаам Шаҳло пас аз анҷоми корҳои омодагӣ савори мошин шуда, ба ҷустуҷӯи алфонс ба роҳ мебароем. 1 зани сарватманд бояд чӣ кор кунад, то ки марди алфонсро пайдо намояд ва алфонсҳоро одатан аз куҷо пайдо кардан мумкин аст? Чуноне ки дугонаам Шаҳло мегӯяд, алфонсҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, дар ягон истироҳатгоҳи лаби дарёи Варзоб, дар фитнес-клубҳо, тарабхонаҳо ва шабнишинҳои хусусии пушти дари пӯшида, ки ин ҳам солҳои охир дар Тоҷикистон мӯд шудааст, пайдо кардан мумкин аст.
Вақте Шаҳло дар бораи Интернет сухан гуфт, ёдам омад, ки ҳар рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники.ру» даҳҳо нафар ҷавонон ба ман дӯстӣ пешниҳод мекунанду дар паёмҳояшон фаҳшу фуҷур менависанд. Ин тоифа ба худ аксҳои ситораҳои синамо ва ё варзишгаронро мегузоранд, ки симо ва тани зебо доранд. Мардони паси ин аксҳо пинҳоншуда ҳатман ишқу муносибати шаҳвонӣ пешниҳод намуда, ваъда ҳам медиҳанд, ки бо онҳо шабҳо нотакрор хоҳад гузашт. Яъне, рӯирост танфурӯшӣ! Ҳоло фаҳмидам, ки ин ҳам 1 роҳи ба худ ҷалб намудани занҳои сарватманду доро, аммо яккаву танҳо будааст.

Қаҳвахонаҳои қимат-штаби алфонсҳо!
Соат бо вақти Душанбе 21:00 дақиқа. Нахуст хостем бо Шаҳло ба сӯи дараи Варзоб роҳ пеш гирем, аммо аз фикрамон гашта, сӯи яке аз қаҳвахонаҳои гаронтарини пойтахт-«Сегафредо» рафтем. Маълум аст, ки ба чунин қаҳвахонаҳо асосан занҳои пулдор меоянд ва алфонсҳо инро хуб медонанд. Онҳо дар 1 канори қаҳвахона қаҳва ё чой супориш дода, дар интизори «сайд» вақти зиёдро сарф карда, сипас бо дидану интихоби сайди навбатии хеш, ӯро аз дур назорат карда, дар ҳолати даркорӣ зуд пайдо мешаванд.
Ману Шаҳло ҳам вориди қаҳвахона шуда, дар 1 канори он дар мизи назди оина нишастем. Ба пешхидмат 2-то қаҳва ва 2 бурда кулчақанд супориш дода, дар интизори он худро андармони телефонбозӣ кардем. Дар ин муддат чанд маротиба ба гӯшаву канори қаҳвахона нигаристам. Танҳо дар сари 1 миз ҷавони тақрибан 30-солаи хушсарулибос ва хушнамуд нишаста, ба 4 тараф нигоҳ мекард-гӯё чизе ё касеро мекофт. Чашмаш ба ман афтоду сӯям нимтабассум кард. Ман бошам ба табассуми ӯ бо чашмак задан ҷавоб додам. Ҳарду бо ҳам хандидем, «шояд алфонс асту ба даст меафтад» фикр кардам ман, аммо ин лаҳза 1 духтари зебои қоматбаланде омаду бо ин ҷавон салому рӯбӯсӣ карда, рӯбарӯяш нишасту «тарбузи ман аз бағал афтод»…
«-100% алфонс аст ва ин хонум занаш нест! Намебинӣ, ки чӣ хел бо ҳам муносибат доранд? Ҷавонро бубин, ҳамеша дар хизмат асту хушомад мезанад!»-гуфт дугонаам Шаҳло. Ӯ дар ҳақиқат рост мегуфт-ҷавони мавриди назари ман дар гирди ин духтар парвона буд ва гоҳ-гаҳ ба ман бо чашм ишораҳое мекард...

Алфонсро дар 1 шаб ёфтан мушкил!
Соат бо вақти Душанбе 22:30 дақиқа. Бо дугонаам беш аз 1 соат дар «Сегафредо» нишастему ба қавле оламу одамро дидем. Бо мушоҳидаи ман чанд ҷуфти сари мизҳо алфонс доштанд. Аз тавсияҳои Шаҳло ман ҳам тавонистам кам-кам марди алфонсро аз шавҳари ҳақиқиву дӯст фарқ намоям ва ин таҷрибаи хубе шуд бароям.
Пас аз хӯрдани шириниву нӯшидани қаҳва ҳисоб карда баромадем. Чуноне ки қаблан маро омӯзонида буданд, чанд маротиба намоишкорона кошелёкамро калон кушода, пули сомониву доллар бароварда, ҳисоб кардаму ба пешхизмат додам. Гуфтам шояд пас аз ин амал алфонсе, ки дар кадом гӯшае пинҳон аст, билохира мебарояду аз пасам мешавад, лек ин тавр нашуд.
«-Алфонсро дар 1 шаб намеёбӣ! Рафтем, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чарх зада аз назди «пятачок»-ҳои алфонсҳо мегузарем!»-гуфт Шаҳло.
«Пятачок» гуфта, дугонаам кадом ҷой ва маконро дар назар дошт, нафаҳмидам. Наздики 2 соат савори мошин маркази шаҳрро тоб хӯрда, хиёбони Рӯдакиро аз аввал то охир гаштем, пас аз он хиёбони И.Сомониро ба қавле метр ба метр ҳиҷҷа карда гузаштем. Дар ин муддат 2-3 маротиба дар назди марказҳои савдо истода, намоишкорона обу яхмосу шоколад харидем, лек ба ҷуз чанд хушгӯӣ-комлименти мардони раҳгузар дигар чизе ба дастамон наомад.

Ҷои алфонс танфурӯш ёфтам!
Соат бо вақти Душанбе 00:30 дақиқа. Дугонаам гуфт, ки чанд сол пеш гулгашти назди сафорати Федератсияи Россия дар ҶТ, ки дар гардиши ҳалқавии хиёбони И.Сомонӣ ҷойгир аст, макони ҷамъшавии алфонсҳо будааст. Ғайр аз алфонсҳо дар ин ҷо ҳамҷинсгароёну фоҳишаҳо низ ҷамъ меомадаанд. Аммо дар ин вақти шаб мо дар ин гулгашт касеро надидем: ё аллакай омада бурданд ва ё ба қавли Шаҳло «пятачок»-ашонро иваз кардаанд…
«Имшаб алфонс намеёбам ва аз ӯҳдаи иҷрои супориши редаксия намебароям»-гуфтам пеши худу нороҳат шудам. Ба дугонаам гуфтам, ки сайругашт кофисту ба хона бармегардам ва хоҳиш намудам, ки маро ба манзил бирасонад. Ба хотири он, ки гардиши ин ҳалқа баста буд, онро давр зада, аз паҳлӯи маркази савдои «Арбат» гаштему дугонаам хост аз мағозаи кушода барои хонааш харид кунад. Мошинро канори роҳ гузошта рафту ӯро дар берун интизор шудам. Баногоҳ аз куҷое 1 ҷавони тақрибан 25-солаи миёнақад пайдо шуда, сӯям омад. Дарҳол аз дастам қапида салом доду сӯям нимтабассум карда истод. «Кӯмак лозим?» пурсид ӯ. Аз ин хеле тааҷҷуб карда гуфтам, ки танҳо нестаму дугонаамро интизорам. Сару либоси ҷавон тозаву озода буду аз танаш бӯи хуши атр меомад.
«Мо ҳам 2 нафарем, хоҳед ба хонаатон меравем, хоҳед шуморо ба ҷои худамон мебарем, хоҳед ҳамту даруни мошин нишаста бо ҳам сайр мекунем, 1 соаташ 150 сомонӣ!»-гуфт он писару ба назарам 1 сатил оби хунук аз сарам рехт! Ҳуш аз сарам парид! Ман, ки дунболи марди алфонс будам, ҳоло марди танфурӯш пайдо кардам! Ва он ҳам марди танфурӯши Тоҷик! Бароям кашфи ин ҳолат даҳшатовар буд…

Мардони проститут
Ин лаҳза Шаҳло расида омаду мани лолмондаро ба мошин шинонида, ба он ҷавон «ташаккур, ягон бори дигар»-гӯён мошинро ронд.
 «Инҳо проститутанд, инҳоро намешавад барои ҳамешагӣ нигоҳ дошт, ё донишҷӯянд ё бекорчӣ ва маҷбуранд бо ин роҳ, яъне танфурӯшӣ зану фарзандони худро хӯронанду пӯшонанд»-гуфт дугонаам дар идома.
Баъдан бароям тавзеҳ дод, ки дар ин нуқта-гулгаштҳои гирду атрофи маркази савдои «Арбат» чанд соли охир ҷавонписарон ва мардон ҷамъ омада, ба танфурӯшӣ машғуланду дар ин бора ҳама хабар доранд.
«Ба ту чӣ фарқ дорад, алфонс меёбӣ ё танфурӯш? Хоҳӣ биё, баргашта ҳаминро интихоб мекунем»- афзуд дугонаам, вале ман дар ҳолати шокӣ қарор дошта, маҷоли гап заданамро гум карда будам.
Танфурӯшии мардон ва ин ҳам дар маркази пойтахт бароям хабар ва мавзӯи наве буду боварнокарданӣ, лек тасмим гирифтам ин мавзӯро ҳатман пайгирӣ намоям. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
15.09.2018

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter