Принт

«Tojik air»-ояндаи норӯшани ширкати ҳавопаймоии миллӣ

Нахустин хабаре, ки дар рӯзҳои аввали с.2019 мусофирони Тоҷикро такон дод, ин муваққатан қатъ шудани қариб тамоми парвозҳои ягона ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷик-«Тоҷик эйр» буд. Дар ин бора аввал якчанд мусофире, ки ба хатсайри Маскав-Душанбе чипта харида буданд, тавассути Фейсбук хабар дода, гуфтанд, ки 1 рӯз пеш аз баргашт ба Ватан чиптаҳояшон лағв шудааст. Баъдан сухангӯи ин ширкат Азиз Хайруллоев хабар дод, ки парвозҳои ширкат ба хотири дар оғози соли нав ҳаллу фасл кардани масоили молиявӣ ва омӯзиши зараровару фоидаовар будани хатсайрҳо ба таври муваққат то 5.01.2019 мавқуф гузошта мешавад. Ин хабар бори дигар мусофирони парвозҳои «Тоҷик эйр»-ро, ки то ин дам дар даст чипта дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Новосибирску Екатеринбург, Деҳливу Теҳрон монда буданд, нигарон кард. Ахир, 4.01.2019 сухангӯи ширкат тавассути хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки парвозҳои ширкат, хосса, дар самти шаҳрҳои Федератсияи Россия то ба охир расидани мавсими зимистонаи парвозҳо, яъне то 29.03.2019 тавассути ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» анҷом дода мешаванд ва тавофуқот бо ширкати дигар аллакай расидааст.

«Тоҷик эйр» парвозҳояшро ба «Сомон эйр» дод…
Бинобар сабаби қатъ шудани парвозҳои “Тоҷик Эйр” аз рӯи баъзе самтҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 3.01.2019 парвозҳои иловагиро аз рӯи самти Душанбе-Москва (Домодедово)-Душанбе, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” иҷро мекард, оғоз намуд. Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев-котиби матбуотии «Сомон эйр» хабар дод, ҳамин тариқ, «Сомон Эйр» ғайр аз хатсайрҳои пагоҳии ҳаррӯзаи худ ба фурудгоҳи Домодедово, вақти парвоз аз Душанбе-8:00, ҳар рӯз бар илова хатсайрҳои бегоҳирӯзиро ба фурудгоҳи Домодедово, вақти парвоз-20:00 ба вақти маҳаллӣ, вақти нишаст дар фурудгоҳи Домодедово-22:25, вақти парвоз аз Домодедово-00:10, вақти нишаст дар Душанбе-06:10 ба вақти маҳаллӣ, иҷро хоҳад кард. Илова бар ин, ширкати мазкур хотиррасон мекунад, ки “Сомон Эйр” парвозҳоро ҳафтае 3 бор ба фурудгоҳи Жуковский-рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Душанбе-14:30 ба вақти маҳаллӣ. Ҳамчунин “Сомон Эйр” ба нақша гирифтааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатсайрҳои дигарро, ки “ТоҷикЭйр” аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, аз Хуҷанд ба Москва, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Москва, инчунин аз Бохтар ба Москва, Новосибирск ва Екатеринбург иҷро мекард, амалӣ созад.

Ҳавопаймоҳои барои парвоз ноамн?
Гуфта мешавад, ки ин тағийрот, яъне вогузоштани амалиёбии хатсайрҳои «Тоҷик эйр» ба «Сомон эйр» 3.01.2019 дар ҷаласаи махсуси назоратӣ дар назди сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода сурат гирифтааст. Ин қарор пас аз натиҷаҳои нахустини кори комиссияи хоси ҳукуматӣ вобаста ба омӯзиши шароити молиявӣ ва парки техникии «Тоҷик эйр», ки охири ноябри с.2018 бо дастури президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ва ба кори худ шурӯъ карда буд, қабул карда шудааст. Яке аз дастурҳои президенти кишвар низ ҳамин буд, ки тамоми асноди хариди ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» дубора баррасӣ карда шаванд, алалхусус нархи аслии онҳо бо қимате, ки ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шуда буд. Комиссияи давлатӣ то охири моҳи январ ба кори худ идома хоҳад дод, вале тибқи баъзе аз овозаҳо аз ҷониби ин комиссияи давлатӣ тамоми ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» низ барои парвоз ноамн эълон шуда, барои ҳамин парвозҳо ба ширкати дигар вогузор карда шуданд. Ҳавопаймоҳое, ки ширкат дар тӯли 3 соли охир ба даст овард, низ кӯҳна буда, пас аз таъмиру азнавсозӣ ба Душанбе оварда шуданд ва арзиши онҳо новобаста аз кӯҳна будан ба маротиб зиёд нишон дода шудааст.

Ояндаи норӯшани «Тоҷик эйр»…
Вазъи молиявии «Тоҷик эйр» дар ҳақиқат нигаронкунанда аст. Қарзҳои ҳангуфти ширкат дар назди фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» дар 3 соли охир ба карат афзуда, ҳоло миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин гуфта мешавад, масъулони ширкат дар муддати роҳбарии худ натавонистанд ширкатро бо интихоби менеҷменти дуруст ба по хезонанду каме ҳам бошад вазъи молиявии онро беҳтар кунанд. Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз Ҳукумати кишвар хабар дод, айни замон комиссияи давлатӣ масъалаи банкрот-муфлис эълон кардани «Тоҷик эйр» ва ё дубора ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамроҳ намудани ширкатро мавриди омӯзиш қарор дода истодааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, «Тоҷик эйр» моли давлат аст ва маҳз ҳукумати кишвар метавонад онро муфлис эълон намуда, баъдан дар шакли нав дубора таъсис бидиҳад. Бархе бар онанд, ки дубора ҳамроҳ кардани «Тоҷик эйр» ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҷрибаи хубе нест, зеро ширкат қаблан низ бо фурудгоҳ якҷоя буд ва пас аз пардохти қарзҳои «Тоҷик эйр», ки аз ҳисоби фурудгоҳ сурат гирифтаасту ҳанӯз ҳам қисме аз қарзҳо бар дӯши фурудгоҳ аст, ширкатро аз фурудгоҳ ҷудо намуданд.
Алишер Рустамов, яке аз собиқадорони соҳаи авиатсияи Тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар ин ширкат кор кардааст, бар он ақида аст, ки ягона роҳи наҷоти ширкат ин хусусӣ кардани он аст. Танҳо пас аз хусусӣ шудан ва пайдо намудани роҳбарияти наву менеҷменти хубу маблағ «Тоҷик эйр» бо ба даст овардани ҳавопаймоҳои наву муосир метавонад вазъи молиявии хешро беҳтар кунад. То он замоне, ки масъулин сари ояндаи ширкати ягонаи ҳавопаймоии миллии Тоҷик меандешанд, бояд бидонанд, ки барои Тоҷикистони имрӯза, ки аксарияти мардумаш имкони харидани чиптаҳои нархашон ҳангуфтро надоранд, 1 ширкати ҳавопаймоие, ки аз имтиёзҳои давлат бархӯрдор буда, ба қавле чиптаҳои иҷтимоӣ дорад, мисли обу ҳаво зарур аст. Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард.

М.Аминова, СССР

Матлабҳои дигар