ХАБАРИ ДОҒ

“Истиқлол” ғолиби шашкаратаи Суперҷоми Тоҷикистон

  • Душанбе, Апр 11 2016

Дар ҷумҳурӣ мавсими нави футбол чун анъана бо бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оғоз шуд. Бозӣ рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор гардид. Дар ин бозӣ чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015  “Истиқлол”-и Душанбе бар барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли 2015 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда барои бори шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

 

Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ ҳамлагари “Истиқлол”, легионери украинӣ Александр Каблаш боз кард. Баъди 7 дақиқа ба ном соҳибони майдон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд ва сардовари вохӯрӣ Насрулло Кабиров аз Норак ба дарвозаи “Истиқлол” ҷаримаи пеналтӣ таъин кард. Ҳамлагари “Хуҷанд” Фарҳод Тоҳиров зарбаи пеналтиро бе хато ба самар расонида, ҳисоби бозиро баробар кард. Аммо баробарӣ дар бозӣ дер давом накард ва ҳамагӣ баъд аз як дақиқа ҳимоятгари “Истиқлол” Давронҷон Эргашев аз масофаи дур зарба зад ва дарвозабони дастаи соҳили Сирдарё Муминҷон Гадойбоев нобоварона бозӣ карда, тӯбро бар дарвозаи худ бо усули рекошет равон кард. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. 

Баъди танаффус дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт. Ба Дилшод Каримов, бозигари хуҷандиҳо, дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд. Голи ба дарвозаи Истиқлол задаро дар дақиқаҳои иловагӣ, довар бо сабаби “ҳуҷум ба дарвозабон” ҳисоб накард. Дарвоқеъ Каблаш, ки бозигари беҳтарини ин бозӣ дониста шуд, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт. Ба ин тартиб, “Истиқлол” бори шашум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст даровард. 

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ибтидо менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба доварони ин бозӣ тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистонро тақдим намуд. Баъдан медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи “Истиқлол” эҳдо шуд. Дар поёни ин маросим ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” Нуриддин Давронов супурд. 

Суперҷоми Тоҷикистон-2016

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 3:2

Голҳо: Александр Каблаш, 13 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 20 – аз пеналти (1:1). Давронҷон Эргашев, 21 (2:1). Дилшод Каримов, 73 (2:2). Александр Каблаш, 82 (3:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Давронҷон Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 46), Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 88), Александр Каблаш, Акмал Холматов (Нозим Бобоҷонов, 62), Петро Ковалчук, Фаридун Шарипов (Манучеҳр Ҷалилов, 77), Дилшод Восиев.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шероз Сангинов (Саидҷон Шарипов, 61), Илҳом Баротов (Абдумалик Шодиев, 90), Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов, Шероз Абдуллоев, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Марифҷон Марифбоев, 64).

Огоҳонида шуданд: Давронҷон Эргашев, Александр Каблаш («Истиқлол»), Шероз Сангинов, Саидҷон Шарипов, Дилшод Каримов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Александр Каблаш («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

3 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобинон.

Баъд аз анҷоми бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” (3:2) нишасти хабарӣ доир гардид. Дар он ба суолҳои рӯзноманигорон мураббии калони “Истиқлол” Аслиддин Ҳабибуллоев ва сармураббии “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсупов посух доданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев,“Истиқлол”:   

- Бозӣ хеле шавқовару ҷолиб доир шуд. Мутаассифона, ба иллати вазъи ногувори майдони бозӣ футболбозони мо натавонистанд ҳамаи дастурҳои моро ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз лиҳози техникӣ комилан ба ҷо оранд. Вале бо вуҷуди ин, бозӣ хубу шавқангез гузашт. Ман наметавонам, ки аз бозии даста қаноатманд набошам, муҳим он ки мо ғолиб шудем ва соҳиби Суперҷом гардидем. Имсол бори панҷум аст, ки “Истиқлол” бо “Хуҷанд” рӯбарӯ мешавад. 4 бозии аввал, ки дӯстона ва дар доираи сабқати Ҷоми ФФТ доир шуданд, мусовӣ анҷом ёфтанд. Дар бозии панҷум бошад, мо имкон пайдо карем, ки дастболо шавем. Ба дастаи “Хуҷанд” ҳам барои бозии хубашон изҳори сипосгузорӣ баён мекунам. Ин ғалабаро бошад, мо ба сармураббии дастаамон Мубин Эргашев бахшидем, ки то ҳоло дар бемористон аст ва умедворем ин пирӯзӣ ӯро хушҳол ва вазъи саломатиашро хубтар мекунад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи бозигарон, ситоди мураббиён, ҳайати хизматрасон ва роҳбарони дастаро ба ин ғалаба табрик мекунам.

Нумонҷон Юсуфов, сармураббии “Хуҷанд”:

 — Пеш аз ҳама “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик мекунам. Бозӣ бисёр шавқовар ва ҷолиб доир шуд.  Баъди Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мо тағйиротҳои чашмрас ба амал омаданд. Акнун, дар чемпионат мо бо ҳайати нав, танҳо бо бачаҳои маҳаллӣ бозӣ мекунем. Ин ҳайатро ҳамагӣ 1 ҳафта пеш аз ин бозӣ ҷамъ сохтем. Новобаста ба ин даста бозии хуб нишон дод ва ман аз бозии бачаҳо қаноатмандам. Ба мухлисон низ барои дастгирияшон изҳори сипос менамоям. Дар бораи голи сеюм бошад, ҳаминро гуфтаним, ки мо тасмими сардоварро наметавонем, ки дигар кунем. Фақат ҳаминро метавонам бигӯям, ки ҳам аз рӯи ҳайат ва ҳам аз лиҳози бозӣ “Истиқлол” имрӯз нисбат ба мо пурқувваттар буд.

ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter