ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Чаро аз «Равшан» безорем???

  • Панҷшанбе, Янв 31 2019


Ҳама тимҳои футболи Тоҷикистон машқу тамринҳояшонро оғоз карданд, аммо аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб на ном ҳасту на хабар (нангу номуси кӯлобдорӣ куҷост???). Барои беҳбудии «Равшан» на аз тарафи шаҳрдорӣ, на аз сӯи соҳибкорони кӯлобитабор ягон хел дастгирӣ нест!!! «Равшан» дар солҳои 2012-13 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гашт. Ҳатто Блаттер-Садри ФИФА барои он, ки ягон бозиро дар ҳини чемпионӣ набохта буд, дастаро табрик гуфт. Сарпарастияш он замон танҳо аз тарафи шербачаҳои ш.Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф» буду халос...
Р-авшан
А-долат
В-аҳдат
Ш-араф
А-срор
Н-омус

Чолу Саидшоҳ хизмат карданд…
Ногуфта намонад, ҳамун Саидшоҳ Шамолу Қурбони Чолов… ҳам ба мисли мову шумо кӯлобӣ буданду «Равшан»-ро бетараф нагузоштанд. То ҳатто дар солҳои нотинҷиву сахтиҳои ҷумҳурӣ маҳз онҳо нагузоштанд, ки «Равшан» аз байн равад, аммо мову шумо чӣ хизмате барои Кӯлоб кардему кардан дорем? Чаро дар чунин фазои тинҷу ором нисбати он бепарвоем? Дар Кӯлоб ҳар ободие мебинем, ҳамагӣ бо дастгирии Ҷаноби Олӣ асту халос. Соҳибкорони маҳаллӣ-ку мардона нависанд, барои Кӯлоб чӣ сохтанд??? Вилояти Суғд дастаи футболи Равшани худро сохт, аммо дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз байн рафта истодааст. Дар ноҳияи Зафарободи вил.Суғд дастае бо номи ФК «Равшан» бо бозингарони маҳаллияш, бо ҳунари ҳайратоварашон дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо мухлиси худро паёдо кардааст.
 
Зиҳӣ, Маҳмадзоҳир!!!
Ногуфта намонад, ки аз бозиҳои зебову диданӣ ва ҳунари мухлисони «Равшан»-и Кулоб сокинони тамоми манотиқи кишвар то ҳол ҳавас мехӯранд, то мисли он даста командае дошта бошанд. Боз ҳам аҳсант ба суғдиҳо! Офарин, ки дастае бо номи ФК Равшан сохтанд. Садҳо шердилу мардони бономуси зодаи Кӯлобро мебинем, ки дар тамоми манотиқи мамлакат ва берун аз он соҳиби вазифаю мартабаҳои баланданд, лек 1 нафаре пайдо нашуд, ки ҳадди ақал ба хотири номи Кӯлоб «Равшан»-ро каме ҳам бошад дастгирӣ кунад. Мухлисони «Равшан» доимо 1 шеър мехонанд барои сарпарасти ин даста-Маҳмадзоҳир-соҳиби бозори «Ҳоҷӣ Шариф»:
Маҳмадзоҳир мард аст,
Хайру саховатмард аст!
Дар инкишофи Равшан,
Ӯ бузургтарин фард аст!
Дастаи футболи «Равшан»-и Кулоб аз Лигаи Олӣ ба Лигаи 1 фаромад ва дар ҳоли ҳозир аз Лигаи 1 ҳам дар ҳолати барҳамхӯрӣ қарор дорад. Аз кулли соҳибкорони кӯлобӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба мушкилоти дастаи «Равшан»-и Кӯлоб чораандешӣ кунанд, то мардуми Кӯлоб аз шунидани номи чунин мардони баномус фахр созанд. Мо Метавонем!!!

Диловар Қурбонов,
мухлиси футбол, ш.Кӯлоб


«Киллер»-и Равшан кӣ буд???
Аз СССР: Мехоҳед «қотили Равшан»-ро донед? Ин шумо-мухлисони сарсупурдааш қотили Равшанед ва инро мардона бояд касе ба шумо мегуфт, ки мо ҳам гуфтем. Зеро мо метавонем!
1.    Кадоме аз шумо тӯли ин қадар сол ақаллан ба 3 сомонӣ билет харидед?
2.    Чаро ҷангу ҷанҷолу хархаша мекардед?
3.    Чаро мошинҳоро чаппаву вазъро ноором месохтед?
4.    Магар мухлисӣ ин авбошист???
…Ана ҳамин беодобиву авбошиву «крахабориятон» буд, ки даста барҳам хӯрд. Зеро агар 20000 мухлис бо 3 сомонӣ билет мехарид, дар ҳар бозӣ даста 60000 сомонӣ даромад меёфту агар 5 сомонӣ мехариданд-100.000 сомонӣ даромад ва умри клуб дароз мешуд! Инро мо ҷавонмардона мегӯем, зеро худ мухлиси Равшан будем. Мо Метавонем!
Сарватмандони Кӯлобро наҳ назанед. Зеро онҳо бо ибтикори газетаи мардумии СССР чанд сол пеш ҷамъ шудаву беш аз 2 млн сомонӣ ёфта, ба фонди Равшан рехтанд, ки онро ҳам клуб фурӯ бурд. Зеро футбол варзиши серхароҷот аст. А, шумо, чӣ фикр доред, аз Ганаву Ӯзбекистону Эрон бе пул омада дар Равшан мебозиданд? Ана ҳамон соле, ки Равшан ҷои 3-ро гирифту шумо-мухлисонаш дар 3 сомонӣ 1 билет нахаридед, клуб пурра бонкрот шуд. Аввал гиребони худро бӯй кардан лозим. Хатои мо-мухлисонаш буд, ки Равшан маҳв шуд. Суғдиҳо бошанд, барои клуби худ ба 10-20 сомонӣ билет мехаранд. Зеро медонанд, ки ин пул клубро наҷот мебахшад.
Сахт гуфтем? Хуб кардем! Мо Метавонем!!!

Китобҳо

Flag Counter