Принт

РАҲМАТУЛЛО ФУЗАЙЛОВ САРМУРАББИИ БОШГОҲИ ФУТБОЛИ “КӮКТОШ” ТАЪЙИН ШУД


   Собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Футболи Тоҷикистон, Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Кӯктош”-и н.Рӯдакӣ таъйин гардида дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз намуд. “Кӯктош” таҳти раҳбарии сармураббӣ Турдиназаров соли гузашта дар Лигаи олии Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуда, аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 “Беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон” эълон гашт.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Раҳматулло Фузайлови 40-сола 19.02.2019 расман ба вазифаи нави худ дар бошгоҳи «Кӯктош» оғоз кард. Даста рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарии ӯ дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки сармураббиаш бародари бузурги Раҳматулло - Ҳаким Фузайлов аст, рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:2 хотима ёфт.
Раҳматулло Фузайлов 16-уми сентябри соли 1978 дар ш. Бохтар ба дунё омадааст. Ӯ, ки аз оилаи маъруфи футболбозон Фузайловҳо мебошад, солҳои мухталиф ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои “Ситора” (Душанбе), СКА “Помир” (Душанбе), “Динамо” (Душанбе), “Энергетик” (Душанбе), инчунин бошгоҳҳои Узбекистон - «Нефтчӣ» (Фарғона), «Бухоро» (Бухоро) ва «Самарқанд» (Самарқанд) - бозӣ кардааст. Вай аз соли 2000-ум дар бошгоҳҳои русиягии «Шинник» (Ярославл), «Алания» (Владикавказ), «Лада» (Толятти), «Носта» (Новотроитск) ва «Звезда» (Иркутск) ҳунарнамоӣ намудааст.
Аз соли 2007 дар ҳайати бошгоҳҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзидааст.
   Раҳматулло Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, 2 гол задааст. Карйераи бозигариашро соли 2014 ба анҷом расонидааст. Ӯ дар ССКА «Помир»-и Душанбе ба ҳайси сармураббӣ, дар «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.


Матлабҳои дигар