ХАБАРИ ДОҒ

Қатли раиси ҷамоат аз дасти Ризвон

  • Чоршанбе, Март 20 2019

Иззатов Сафарбек 1.01.1947 дар деҳаи хушманзари Ромити ш.Ваҳдат, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. С.1964 мактаби №5 (ҳоло мактаби №130) ба номи М.Горкийи ш.Ваҳдат, с.1972 факултаи биологияи ДМТро хатм ва омӯзгориро аз с.1964 оғоз кардааст. Тайи солҳои 1968-1984 дар мактаби №15 муаллими фанҳои химия ва биология, ҷонишини директор оид ба бахши таълиму тарбия кор кардааст. Касби муаллимиро авлотар дониста, ба таълиму тарбияи ҷавону наврасон машғул шуд. Пӯшида нест, ки аксари муаллимон саводу рафтори наздикони худро нодида гирифта баҳое мегузоранд. Барои Иззатов бошад, ҳама баробар буданд, чӣ фарзанди худиву чӣ бегона. Аз ҳама 1 хел талаб менамуд. Аҷибаш ин буд, ки дарсро аз тамоми кор заруртар мешуморид. Агар кори заруре ҳам пеш меомад, онро пас аз дарс анҷом медод. Доим мегуфт, ки пеш аз ҳама бояд худи муаллим намуна бошад. Маҳз сахтгириву ҳидояти ӯ буд, ки имрӯз бисёр шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият доранду 1 умр аз устоди худ миннатдор. Маҳз қобилияти кордониаш буд, ки с.1987 мушовири шӯъбаи маорифи ш.Ваҳдат таъин шуд. Ӯ 27.06.1987 Раиси кумитаи Шӯрои депутатҳои халқи ҷамоати Ромит интихоб шуд ва то охири умр дар ин вазифаи пурмасъул буд. Аз рӯзҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аҳолии Шӯрои деҳотро ба якдилию бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ даъват мекард. Аз рӯзҳои нахусти ба ин вазифа таъин шудан кореро анҷом дод, ки мардум солҳо интизор буданд. Бинои ҷамоати деҳотро ба беморхона табдил дода, худи бинои вайронаеро, ки солҳои зиёд зери барфу борон хобида буд, тармим ва идораи корӣ намуд. Аҳолии деҳаҳои Ромит то ин замон 37 км роҳро тай карда, ба Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) меомаданд. Зимистон бошад, азоб дучанд мешуд. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки чанд тани дигар бо кор таъмин шуданд. Баъдан бо кӯшиши Сафарбек дар Ромит ба ҷои биноҳои фарсуда хонаҳои замонавӣ барои талабагони мактаб-интернат қомат афрохт. Кӯчаҳои деҳа дигаргун шуданд.
Як нафар дӯсташ мегӯяд, марҳум танҳо барои мардум талош мекард. Худ зиндагии миёнаҳол дошт. Тамоми маҳорату кордонии худро истифода карда, нагузошт, ки ҷавонон бо силоҳбадастони мухолифин ҳамроҳ шаванд. Зеро минтақаи Ромит декабри с.1992 дар муҳосираи иқтисодии қувваҳои зиддиҳукуматӣ қарор дошт. Бо талошҳои беандозаи Иззатов ҳиссаи орди мардуми ҷамоати деҳоти Ромит ба миқдори зиёд дар анбори мағоза захира шуда буд. Гурӯҳи мухолифин ба нақша гирифтанд, ки орди захиравии ҷамоатро ба рустоҳои боло бурда, барои захираи рӯзҳои сахти худ руст кунанд. Ӯ аз нақшаи онҳо огоҳ шуда, шабона мудири мағозаро ба утоқи кораш даъват намуда, воқеаи корро мефаҳмонад ва водор месозад, ки ҳамроҳи фаъолони деҳот орди анборро ба халқ аз рӯи шумораи оилавӣ дар муддати кӯтоҳ тақсим карда диҳад.
Иззатов аз касе наҳаросида назди гурӯҳи ғайриқонунии аз маҳбас озодшуда рафта, хоҳиш намуд, ба ҷойҳои аввалаашон баргарданд. 19.12.1992 Ризвон Садиров-қумондони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба утоқи кории раис Иззатов омада, қотеона талаб намуд, ки ҷавонони Ромитро ба ихтиёри ӯ супорад. Аммо раис аз сиёсати ӯ натарсида, низ хоҳиш намуд, ба ҷанги бародаркуш хотима диҳанд. Суханони раис ба ӯ сахт расид ва бо ғазаб утоқи кории ӯро тарк намуд. Сипас 1 гурӯҳ ҳамдиёрон наздаш даромада, хоҳиш намуданд, бо ҳар роҳе гурезад. Пас аз фикри тӯлонӣ аз мизи корӣ сар боло карда гуфт: "Аҳволи халқ чӣ мешавад?". Бо ҳамин, ӯро 20.12.1992 чор нафар силоҳбадасти Ризвон аз хонааш бурда дар қароргоҳашон бераҳмона ҳамроҳи тағояш Исмоилов Абдунабӣ ба қатл расониданд. Ҷасади раисро бародаронаш бо ёрии қувваҳои ҳукуматӣ 28.02.1993 аз қароргоҳи қувваҳои мухолифин ёфта, 1.03.1993 ба хок супориданд. Ҳамдиёрон Ӯро ҳамчун шахси поквиҷдону некбин ва ҳақталошу ғамхор мешинохтанд. Дар симои ӯ ояндаи боз ҳам шукуфонтари диёри худро медиданд. Кумиҷроияи шӯрои депутатҳои халқи Ромит бо қарори №216 аз 29.07.1993 мактаби миёнаи №15-ро ба номи Сафарбек Иззатов гузошт. Ҳар сол 20 декабр, дар ин мактаб ёдбуди РАИС ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз,
ш.Ваҳдат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter