ХАБАРИ ДОҒ

Мурабии Дилшод Назаров – беҳтарин мураббии варзишии сол

  • Сешанбе, Апр 12 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Зайтуна Назарова – мураббии варзишгар Дилшод Назаров ғолиби озмуни «Беҳтарин мурабии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» дониста шуда аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мукофотпулии 3 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардид.

 

Бино ба иттиллои аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба СССР расида,  мактаби варзиши махсуси кӯдакону  наврасони захираҳои олимпии №6-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои гӯштин-ғолиби озмуни «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе» гашта бо мукофотпулии 3500 сомонӣ сарфароз ва толори варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ғолиби озмуни «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» шуда бо 2500 сомонӣ қадрдонӣ гардид.

СССР

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter