ХАБАРИ ДОҒ

Пешвози ботантанаи Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов дар фурудгоҳи Душанбе

  • Чоршанбе, Май 01 2019


Шоми 30.04.2019 варзишгарони маъруфи тоҷик, қаҳрамони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов пас аз мусобиқот ба Ватан баргаштанд.
Бояд қайд намуд, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар ш.Давҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб  шуд. Дилшод  Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар ш.Бангкоки Тайланд  дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун Обада Ал-Касбе ғолиб омад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter