ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Аз Армияи Советӣ то «Тавба»

Ҷумъабой Ҳоҷиев (Намангонӣ), ки дар нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон тайи 2 сол (1988-89) ба сифати сарбоз хизмат кардааст. Баъди ба зодгоҳаш баргаштан, бо омӯзиши дини ислом мепардозаду аввалҳои с.1990 ба гурӯҳи исломии «Тавба» шомил мешавад. Мақсади асосии гурӯҳ ташкили давлати исломӣ дар водии Фарғона буд. Ба аъзои гурӯҳ назарияи ҷиҳод зидди маҳв кардани давлати «кофирон» омӯхта мешуд. Баъди содир кардани ҷиноятҳои вазнин аксари онҳо аз Ӯзбекистон гурехта, барои давом додани мубориза зидди ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар дигар давлатҳои шӯравӣ маскан гузиданд. Соли 1993 дар қаламрави Афғонистон амири эҳёи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) таъин шуда, тайёрии ҳарбиро дар қароргоҳҳои муҷоҳидини вилоятҳои Тахор ва Қундуз гузаштааст. Ба Машҳаду Пешовар сафар ва бо пешвоёни дини ислом мунтазам мулоқот карда, ҳамчун шахсияти динӣ ташаккул меёбад. Бо хадамоти махсуси дивизияи Покистон ва Эрон алоқа пайдо карда, таҳти сарпарастии онҳо ба фаъолият мепардозад.

Ҳақиқати Намангонӣ 

Ба ин санади таърихӣ-муддате дар минтақаи Тавилдараи Тоҷикистон қарор доштани Ҷумъа рӯй овардан, ба чанд далел аст. Аввал, ин санадро баъзе аз ВАО ва ашхоси алоҳида аз рӯи шунидаҳояшон шарҳ медиҳанд, ки ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқат намекунад. Дуюм, онро доираҳои сиёсии баъзе аз кишварҳо тарзе баён мекунанд ва шарҳ медиҳанд, ки бар манфиати кишварашон аст, ба ин хотир онҳо даст ба таҳрифи воқеият задаанд. Сеюм, аз ҳудуди Тоҷикистон берун рондани Ҷумъа аз ҷониби мақомоти роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст ва он бояд дар ҳамкорӣ ва густариши равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоса, Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекард. Лек мутаассифона, баъди ин ҳодисаи таърихӣ ҳам шиддати вазъият коҳиш наёфт. Чорум, амалиёте, ки дар ин самт сурат гирифт, ибратомӯз асту шояд дар ҳалли чунин муноқишаҳо, новобаста аз он ки дар кадом кишвар сурат мегирад, мусоидат кунад. Панҷум, сарварони 2 ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистону Қирғизистон моҳи августи с.1999 ва баъдан с.2000 Ҳукумати Тоҷикистонро тавассути ахбори умум мехостанд айбдор кунанд, ки ба амалиёти аз сӯи намояндагони «ҲИӮ» дар ин ҷумҳуриҳо сарзада айбдор аст. Онҳо ҳарчанд далел надоштанд, лек зӯр зада «исбот кардан» мехостанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон гӯё барои силоҳбадастони исломӣ лагерҳои ҳарбӣ омода карда, онҳоро дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонда, сипас тавассути пайроҳаҳои кӯҳӣ ба хоки Ӯзбекистону Қирғизистон мегузаронидаанд. Аслан ҳамин тӯҳмат маро водор кард, ки то ҳадде ба ин масъала равшанӣ андозам ва мардумро аз воқеият огоҳ созам.

Муноқишаҳои сиёсӣ

Сабаби дар маркази муноқишаи сиёсӣ қарор гирифтани Тоҷикистон воқеаҳои тобистон (солҳои 1999 ва 2000)-и н.Боткенти Қирғизистон суратгирифта буданд. Собиқ сарвари ҲИӮ Ҷумъаи Намангонӣ якҷо бо ҳаммаслаконаш, баъди аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон омадан, дар н.Боткент ҷой гирифта, зиёда аз 2 моҳ бо қувваҳои ҳукуматии Қирғизистон дар задухӯрд буд. Дар рафти амалиёт ба ӯ муяссар гашт фармондеҳи қӯшунҳои дохилаи Қирғизистон, 1 идда кормандони идораҳои қудратӣ ва 2 шаҳрванди Ҷопонро ба гарав гирад. Аз рӯи маълумоте, ки мо доштем, муддати зиёде кормандони идораҳои қудратии Қирғизистон бо размандагони ӯзбек гуфтушунид карда, чанде аз гаравгононро аз Ҷумъа хариданд. Ин хатои аввалини онҳо буд. Мақсади онон бе ҷанг, бо роҳи гуфтушунид ба Тоҷикистон баргардонидани муҷоҳидон ва аз сӯи дигар ҳадафи ҳамсояҳо аз ҳудуди Қирғизистон ба Ӯзбекистон нагузаронидани театри ҷанг буд. Натиҷаи ҳамин бозиҳои пасипардагии сиёсӣ буд, ки тирамоҳи с.1999 Ҷумъа бо зердастонаш ба воситаи пайроҳаҳои кӯҳӣ боз ба Тоҷикистон баргашт. Ин барои аз сари нав айбдор кардани тоҷикон дар расонаҳои хабарӣ маводи тайёр шуд. 

Зимнан, ин воқеаҳоро баъзе «дӯстон»-и мо мехостанд барои тезутунд намудани вазъи сиёсӣ истифода баранд. Қисме аз гурӯҳҳои дар воҳаи Қаротегин будаи собиқ мухолифин, бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ то ҳол шомил нашуда буданд ва албатта, ин ба нафъи ҷомеа набуд. Аз дигар сӯ, тибқи суратҷаласаи 7.07.1999, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ба имзо расониданд, ин санад марҳилаи ба итмом расидани реинтегратсияро ҷамъбаст кард. То 21.08.1994 гурӯҳои силоҳбадасте, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил нашуда буданд, бояд, ки халъи силоҳ мешуданд ё ин ки бар зидди онҳо амалиёт аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешуд. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда дар қатори ин ашхос Ҷумъа бо зердастонаш ҳам шомил буд, ки дар мӯҳлати муайяншуда бояд мавқеашро маълум мекард. Ин талаб ба ӯ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд ва маълумоти дақиқ оид ба он ки ӯ мақсади тавассути пайраҳаҳои кӯҳӣ ба Қирғизистон рафтанро дорад, доштем. Идораҳои қудратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии мо барқияҳо нисбати тезу тунд шудани вазъият дар баъзе ноҳияҳои ин ҷумҳуриҳо гирифтанд. Мутаассифона, онро ба инобат нагирифтанд ё нахостанд, ки ба инобат гиранд. Оқибат ин бепарвоии онҳо сабаби рехтани хуни ноҳақ дар баъзе навоҳии вилоятҳои Боткенту Фарғона гардид.

Баҳри оромии кишвар

Бесарусомониҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар барои мӯътадил кардани вазъи сиёсиву иқтисодии минтақаи Рашту Тавилдара 1 комиссияи босалоҳияти давлатӣ таъсис дода, ваколатдор сохтанд, ки барои мӯътадил гардонидани вазъият тамоми чораҳоро андешад. Ба он намояндагони ҳукумат ва собиқ мухолифин шомил шуданд. Сарварии комиссияро котиби Шӯрои амният Азимов А.Н. ба дӯш дошт. Ҳайати он аз шахсони зерин иборат буд: Муҳаббатов С., Искандаров М., Адҳамов Ғ., Низомов М., Искандаров М., Хайруллоев С., Сангинов Ҳ., Камолов С., Ҳамроқулов Х., нависанда Меҳмон Бахтӣ ва боз чанд каси дигар. Дар назди аъзои комиссияи бонуфуз вазифа гузошта шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъи ба миён омада дар воҳаи Қаротегин тамоми имкониятро истифода карда, ҳар чӣ зудтар ба сохторҳои ҳукуматӣ шомил кардани гӯруҳҳои собиқ мухолифин ва халъи силоҳ кардани гурӯҳҳои Ҷумъаро ба итмом расонад. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҳайати комиссия бояд, рӯзи дигар пагоҳии барвақт сӯи Қаротегин ҳаракат мекард. Дар ин бора мо бо фармондеҳи отряди марзии Ҷиргатол Маҳмадшоҳ Искандаров пешакӣ маслиҳат кардем. Соатҳои 8-и пагоҳӣ ман ва ҳамроҳонам дар 2 мошин ба роҳ баромадем. Тахмин қариби соати 12 ба маркази н.Дарбанд расидем ва аз сардори ШКД вазъияти роҳро фаҳмида, ба тарафи н.Ғарм ҳаракат кардем. Наздики соати 4 мо ба шаҳраки Ғарм ворид шудем. Ба Искандаров фармудам, ки ба воситаи шиносҳояш дар бораи вазъи минтақа ахбори муфассал гирад. Ӯ дар бораи Ҷумъа ва ҳаммаслакони ӯ маълумоти мукаммал дошт. Аз рӯи далелҳое, ки мо доштем, Ҷумъа бо гурӯҳаш дар н.Тоҷикобод ё Тавилдара, баъди муҳорибаи вилояти Боткенти Қирғизистон, маскан гирифта буд. Мо дар назди идораи милиса каме дам гирифтем. 

Шоҳ, Салам ва Шайх…

Маҳмадшоҳ вориди бино шуда, баъди фурсате берун омада хабар дод, ки дар атрофи роҳи Дарбанд вазъият каме тезу тунд шудааст. Пешакӣ касе аз Душанбе тавассути телефон хабар додааст, ки гуё аъзои комиссия ба хотири маҳв кардани гурӯҳи Мулло Абдулло ба н.Дарбанд омада истодаанд. Мулло Абдулло ба зердастонаш фармудааст, тамоми аъзои комиссияро беяроқ карда, ҳайаташонро дар сурати муқобилият нишон додан нобуд созанд. Гӯё, ки фармондеҳони собиқ мухолифин дар шахсияти Саламшоҳ Муҳаббатов, Мирзохӯҷа Низомов ба ҳукумат фурӯхта шудаанд ва баъди ба курсии мансаб нишастанашон муҷоҳиддинро фаромӯш кардаанд. Ин таблиғоту овозаҳои бардурӯғ қариб буд, боиси хунрезӣ шаванд. Хушбахтона, дар ин ҷода барои мӯътадил гардонидани вазъияти ба амаломада Ғайратшо Адҳамов саҳми босазо гузошт ва дар гуфтугӯи тарафайн ба онҳо фаҳмонда тавонист, ки мақсад на ҷанг, балки ба эътидол овардани вазъ дар кулли ноҳияҳои воҳа аст. Баъди ба даст овардани ин маълумот мо ҷониби н.Тоҷикобод роҳ гирифтем. Пешакӣ ба комендатураи сарҳадии Ҷиргатол ва гурӯҳи Абдуносир Носиров, ки ба ҷузъу томҳои марзӣ шомил шуда буданд, фармудем, ки барои таъмини бехатарии аъзои комиссия чораҳо андешанд. Вақте ба Тоҷикобод расидем, тамоми роҳҳо ва идораҳо таҳти тасарруфи қувваҳои сарҳадӣ буданд. Ҳаво то андозае мӯътадил буд. Аз Тоҷикобод мо ба Ҳоит, ба он деҳае рафтем, ки 70 сол пеш заминларза кулли сокинони онро ба коми хеш кашида буд. Аз набзи замон фаҳмидан осон буд, ки боз бар сари мардуми ин диёр хатаре аз берун таҳдид мекунад ва он ҳарчи зудтар бояд аз байн бурда шавад. Ману ҳамроҳонам шаб дар хонаи Искандаров монда, пагоҳии барвақт ба н.Тоҷикобод баргаштем, то ба ҳайат якҷоя шуда, нақшаи корро кашем. Вақте ба идораи ҳукумат расидем, қариб ҳамаи аъзои комиссия онҷо буданд.

Вазъиятро муҳокима кардем. Шароит дар дохили ноҳия бо сабаби ҷой доштани гурӯҳҳои мусаллаҳ тезу тунд мешуд. Барои ин замина муҳайё буд. Дар қисми болои маркази ноҳия гурӯҳҳои Шайх ҷойгир буданд. Дар марказ бошад, гурӯҳҳои марзӣ ва аз сӯи дигар ҳозирбошҳое, ки дар ҳайати аъзои комиссия омада буданд. Кӯшиши чанд маротиба ба назди Шайх рафтани намояндагон барои гуфтушунид натиҷае набахшид. Аз ҷониби тарафдорони Ҷумъа ҳам ягон кас набаромад. Мураккабии кор дар он буд, ки Шайх ва фармондеҳони маҳаллӣ мавҷудияти гурӯҳҳои Ҷумъаро дар Тоҷикобод инкор мекарданд.

 

Давом дорад

 

Саиданвар Камолов,

генерал-лейтенант

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter