Принт

«Деҳа ба деҳа» ба хотири рушди варзиш дар деҳот

  Бо мақсади рушди варзиш дар деҳот сар аз 27.06.2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ мусобиқаҳои варзиширо таҳти номи «Деҳа ба деҳа» роҳандозӣ намудааст. Мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, футбол ва волейбол дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор карда шуда, он аз 3 марҳила иборат мебошад.  Марҳилаи аввали мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи маҳаллӣ-деҳа ба деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳияи ҷамъбаст мегардад.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Вахш, Роштқалъа, Шуғнон, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич, Ваҳдат, Рашт ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои деҳа ба деҳа аз рӯи намуди волейбол баргузор гардида истода, дар мусобиқаҳои варзишии мазкур ҷавонон ва варзишгарони деҳотӣ аҳлона  ва фаъолона иштирок намуда истодаанд.

   Дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Кӯлоб, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Лахш, Нуробод, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен бошад мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди  футбол байни деҳаҳо доир шуда истодааст. Мусобиқаҳои деҳа ба деҳа дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Норак, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Роғун, Сангвор ва Тоҷикобод аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот доир гардида истодааст.

 

Матлабҳои дигар