Принт

Ситораи «Помир» 65-сола шуд!!!

Валерий Турсунов….Бо шунидани ин ном пеши назари ҳар нафаре, ки бозиҳои “Помир”-Душанбеи маъруфро тамошо кардааст, бозии зебо, зарбаҳои сахту нишонрас ва голҳои ба дарвозаи дастаҳои рақиб задаи ӯ ҷилвагар мешаванд. Валера 23.08.1954 дар ш.Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш тоҷик ва модараш рус буданд. Аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва мисли дигар ҳамсолонаш футболро аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз кард. Шавқу рағбат ба ин бозии маъруф ӯро ба ДЮСШ-и шаҳри Кӯлоб овард. С.1965 иштирокчии бозиҳои ниҳоии мусобиқаи умумиттифоқии “Тӯби чармин” шуд. Солҳои донишҷӯӣ дар дастаи Институти политехникии Тоҷикистон баромад мекард ва аз он ҷо ба чашми селексионерҳои “Помир” афтоду Валераи 18-соларо шомили ҳайати омодагии “Помир” намуданд. Бозии нахустинро дар ҳайати асосии дастаи “Помир” Турсунов с.1974 гузаронидааст. Дар ин бозӣ “Помир” дар сафар муқобили “Торпедо” Кутаисӣ рақобат мекард. Бозии дебютӣ барои Валера бобарор ва муваффақ гашт, ки дар ин бозӣ 2 гол ба дарвозаи дарвозабони маъруфи замони шӯравӣ-Отар Габелияи гурҷӣ занад. Валера тамоми собиқаи бозикунияшро дар чемпионати СССР аз с.1974 то с.1988 дар ҳайати “Помир” гузаронида, дар 542 бозӣ иштирок намуда, ба дарвозаи рақибон 173 гол задааст!!!

С.1988 барои ба лигаи олии СССР баромадан ба “Помир” кӯмаки худро расонд. Лек латбардориҳои зиёде, ки дар давоми собиқаи бозикунияш бардошта буд, ба ӯ имкон надоданд, ки дар Лигаи Олии СССР бозӣ кунад. Миёнаи солҳои 1990 якҷо бо Александр Азимов барои бозӣ кардан ба клуби дивизиони 2-юми «Аустрия»-и Клагенфурти Австрия рафт. Дар гузариши миёнамавсимии солҳои 90\91 бошад ба клуби «Клопайнерзее» гузашт, ки дар дивизиони 3-юми чемпионати Австрия баромад мекард. Аммо латбардориҳо ба ӯ дигар имкони пурра бозиданро надоданд ва тобистони с.1991 собиқаи бозикунияшро анҷом дода, ба дастаи “Помир” ба кори мураббигӣ бозгашт. Давоми солҳои 1996-2013 бо танаффус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси Ноиби президент ва Ноиби аввали президент фаъолият кардаст. Ман аз с.2003 то с.2013 бо Валерий Юлдошевич дар ФФТ якҷоя фаъолият доштем ва хушбахтона то ҳол ҳам бо ҳамдигар риштаи дӯстиву бародарии қавӣ дорем. Ба ҳайси роҳбар ва ҳамчун инсон дар сифати Валера танҳо беҳтарин суханҳоро гуфта метавонам. Ӯ яке аз бузургтарин шахсиятҳоест, ки мешиносамаш.

Синни ҷашнӣ муборак, Юлдошевич!!! Худованд ба Шумо умри дароз, тани сиҳат ва саодату комёбиҳоро насиб гардонад!!!

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

Матлабҳои дигар