Принт

Мо ба Баҳрайн меравем!

   Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон шаби гузашта ба Ватан баргашт. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба тими миллии наврасони Урдун (5: 2) ғолиб омада, дар гурӯҳи “А” ҷой аввалро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

    Дар марҳилаи интихобии мусобиқа, ки аз 14 то 22 сентябр дар давлати Урдун баргузор шуд, дастаи Аҳлиддин Турдиев чаҳор бозӣ гузаронд ва дар ҳама бозиҳо ғалабаҳои калонро ба даст оварда, бо 12 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми якумро ишғол намуд.

    Чуноне ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба қисмати ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ - Тоҷикистон (гурӯҳи А), Ҳиндустон (гурӯҳи B), Эрон (гурӯҳи C), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи "D"), Қатар (гурӯҳи "E"), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи "F"), Чин (гурӯҳи "G"), Австралия (гурӯҳи "H"), ҶХДК (гурӯҳи "I"), Ҷопон ( Гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К») роҳ ёфтанд.

     Инчунин, ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 чор даста аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷойҳои дуввумро гирифтаанд, соҳиби роҳхат шуданд. Инҳо Яман (гурӯҳи "E"), Индонезия (гурӯҳи "G"), Узбакистон (гурӯҳи "B") ва Уммон (гурӯҳи "D") мебошанд. Аз кишварҳое, ки аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошанд, 3 даста-Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон тавонистанд ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020-ёбанд.

     Бояд қайд кард, ки дар таърихи худ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё иштирок мекунад. Қаблан наврасони мо солҳои 2006, 2010 ва 2018 мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд. Дастоварди беҳтарини даста ин медалҳои нуқраест, ки соли 2018 дар Малайзия ба даст овардааст.

 

Матлабҳои дигар