Принт

Мухлиси якумраи футбол

 

Рақиби Равшани Турсунов

Сайфиддин Шарифов 2.03.1952 дар деҳаи Газаи Қипчоқи н.Муъминобод ба дунё омада, с.1960 ҳамроҳи аҳли оила ба н.Фархор мекӯчанд. Ӯ ба футболбозӣ аз 13-солагӣ шуғл варзида, парвардаи мактаби бачагонаи варзишии ноҳия буда, дар мусобиқаҳои футбол дар минтақаи Кӯлоб иштирок мекард. Ибрач Тӯрабоеви қазоқ, Главик Козлови рус ва Пётр Кими карес, ки он солҳо дар ин мактаб ба сифати мураббӣ фаъолият мекарданд, дар тарбияи Сайфиддин саҳми бориз доштанд. Солҳои 1971-73 ҳангоми дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар шаҳри Владивостоки Русия хизмат кардан симои баҳодуронаву тану ҷуссаи рустамонаи ӯ диққати роҳбарони қисми ҳарбиро ба худ ҷалб месозад ва ӯро ба дастаи футболи «Звезда»-и қисми ҳарбӣ қабул намуданд. Чун таҷрибаи футболбозиро дар «Ҳосилот» омӯхта буд, ба фарқ аз дигар ҳамхизматонаш хеле хуб бозӣ мекард. Баъди адои хизмат ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳуҷҷат супорида, солҳои 1971-74 дар ин боргоҳи паҳлавонӣ таҳсил кард. Солҳои 1974-81 дар «Ҳосилот» фаъолияти футболбозии худро идома дода, марҳила ба марҳила маҳорату касбияташ боло ва барои ҳамдастаҳояш намунаи ибрат мегардад. Ҳини суҳбати хоса ӯ ёди ҷавониҳояш карду гуфт: - Аввалин бозиям дар ҳайати «Ҳосилот» с.1974 бо дастаи овозадори «Равшан»-и ш.Кӯлоб буд. Он солҳо дар ин даста бозингарони соҳибтаҷриба ба мисли Валерий Турсунов, Валерий ва Володя Губановҳо бозӣ мекарданд. Гоҳ мо ғалаба мекардему гоҳ «Равшан». «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ ҳарифи пурзӯрамон буд. Ҳини бозӣ варзишгоҳҳои ҳар 2 даста моломоли тамошобин мешуд. 

Ҳарифи Гессу Муродов

Баъди ин 2 даста рақиби азалию пурзӯри «Ҳосилот» «Помир»-и ш.Душанбе буд. Солҳои 1976-77 бо ин даста, ки дар Лигаи якум ва баъдан Лигаи Олии СССР шуҳрати беандоза дошт, вохӯрдем. Он солҳо дар «Помир» беҳтарин бозингарон-Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, Абдулло Муродов, Валерий Турсунов, Александр Азимов бозӣ мекарданд. Дар 2 бозие, ки «Ҳосилот» бо ин дастаи шуҳратёр дошт, бо ҳисоби 3:1 ва 4:1 бозиро бохтем. Мо бозингарони «Ҳосилот» ҳамчун узви 1 хонадон ва дар шодию нишоти якдигар шарик будем. Сармураббӣ Абдуғаффор Раҳимов моро мисли фарзандонаш тарбия менамуд ва мо низ ӯро чун падар дӯст медоштем. Ҳамдастаҳоямон Мирвалӣ Акрамов, Шариф Валиев, Мурод Арабов, Сайфулло Сафаралиев, Шариф Саидов, Ҷаҳонгир Абдуллоев, Юсуф Куганов, бародарон Абдулло, Нуралӣ ва Шералӣ Гулоновҳо, бародарон Владимир ва Виктор Скопиновҳо, дугоникҳо Николай ва Михаил Фёдоровҳои машҳур бо лақаби «Колмиш», Владимир Мамедов, Анатолий Холодников, Леонид Ким, Юрий Сталповский, Мӯсо Макоев, Олег Азарин, Александр Маркин, Женя Худжаков буданд.

Баъди хатми фаъолияти футболбозӣ С.Шарифовро дар даста ба вазифаҳои роҳбарикунанда даъват карданд. Даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Солҳои 1995-2000 ба ҳайси муовини сардори «Ҳосилот» фаъолият карда, дар тарбияи чандин бозингарон саҳми босазо гузошт. Ӯ чун рамзи садоқат ба «Ҳосилот» ва ба хотири гиромидошти ҳамдастаҳояш, ки иддае аз онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, ҳуҷҷат ва шиносномаҳои варзишии ҳамдастаҳояшро то ҳол чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад. Шукргузор аз он аст, ки фарзандонаш Қурбоналӣ ва Саймуҳиддин ҷодаи футболро интихоб кардаанд. 

Акбар Абдусамадов,

мухлиси футбол, ш.Душанбе

 

Матлабҳои дигар