Принт

Доварони мо беинсофанд!

(Номаи доди 1 мухлис)

Боби 1. Истаравшан-Истиқлол

Давраи 11 ва 12-и чемпионати Лигаи Олии ҶТ ҷамъбаст шуд. Дар давраи 11-уми Чемпионат дастаи «Истаравшан» бо чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» вохӯрд. Бозӣ тамошобобу диданӣ буд. Меҳмонҳо бозиро бо ҳисоби 1:0 бурд карданд. Аз маҳорати бозингарони ҳар 2 даста мухлисон қонеъ буданд. Зеро «Истиқлол» яке аз тимҳои барӯманду номдори Тоҷикистон ва ҳомии мо дар бозиҳои байналхалқист. Ҳама дастаи яккачинро мухлисӣ мекунем. Ин даста шарафи моро ҳимоя мекунад. Аммо мехоҳад, ё на, дар бозии ЛО ҳар шахс тими дӯстоштаи худро дорад. Гап сари ин, ки дар бозии байни ин 2 даста доварон 6 корти зардро танҳо ба бозингарони «Истаравшан» нишон доданд. Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?! Доварон бозингарони «Истиқлол»-ро танҳо шифоҳӣ меогоҳониданд. Ба хаёлам меҳмонҳо имтиёз доштанд. Магар ҳар 2 даста аз Тоҷикистон ва лагандбардории доварон бар зиёни пешравии бозии «Истиқлол» нест?

 

Боби 2. Истаравшан-Хатлон

Дар давраи 12-уми чемпионат «Истаравшан» тими овозадори «Хатлон»-ро қабул намуд. То бозӣ байни мухлисон миш-мишҳо буд, ки гӯё дар даври якуми дидор байни «Хатлон»-у «Истаравшан», дар 1 лаҳзаи бозӣ Шаҳром Исмоилов дарвозабони «Хатлон» нисбати бозингари «Истаравшан» беҳурматӣ зоҳир карда, бо мушт задааст. Ин лаҳзаро аз ТВ борҳо намоиш доданд. Ин ҷо бояд тан дод, ки дар қисми аввали бозӣ афзалият пурра ба тарафи меҳмонҳо буд. Дар қисми дуюм соҳибони майдон ба худ омада, ҳисобро 2:2 карданд. Аммо афсӯс, довари канорӣ голи дуюми истаравшаниҳоро ба инобат нагирифт. Гӯё сардори даста Илҳом Баротов дар ҳолати нобозӣ қарор дошт. Ин рафтори ноҷояи довари канорӣ мухлисонро ба шӯр овард. Дар ин лаҳзаи ҳассос довари асосӣ марказро нишон дод. Назди довари канорӣ мураббии «Хатлон» меистод. Бо фишори довари канорӣ байрақча бардошта шуд. Баъди ин довари асосӣ қарори аввали худро дигар кард. Он лаҳза гӯиё ба ҷароҳати мухлисон намак пошида бошанд, судяро гапҳои пасту баланд гуфтанд. 

 

Боби 3. Чаро Истаравшанро дӯст намедоранд?

Доварони бе виҷдон намеандешад, ки бо ин рафтори ноҷо 2 тимро бо ҳам зид мекунанд. Дар охир комиссия қарор бароварда, довари канориро аз 4 бозӣ дур кард. Довари асосӣ чӣ? Ҳисоби бозӣ чӣ? Зарари маънавии мухлисонро кӣ ҷуброн мекунад? Аз доварон инсоф металабем. Аз кормандони ҳафтаномаи СССР хоҳишу илтиҷо дорам, ки ҳамчун мухлиси 69-сола ин матлаби маро ба самъи доварон расонанд. Истаравшаниҳо ба ивази ягон чиз виҷдонро нафурӯхтаанд. Гузаштагони мо барои ҳимояи хоки Ватан то ҷон дар рамақ доштанд, ҷангидаанд.

Бо салом, Набӣ Ҷумъа,

адиб, ш.Истаравшан

Аз СССР: Мо матлаби мухлиси КФ «Истаравшан»-ро нашр кардем ва медонем, ки Истаравшан яке аз дастаҳои сермухлистарин ва дӯстдоштанӣ дар Лигаи Олист. Вале!!! Чаро шумо-мухлисони солдида ба бозингарону фанатҳои ҷавонатон панду насиҳат намедиҳед, ки футбол ҷои латукӯби футболбозони меҳмон нест? 3 бозингари Истаравшан-Баротов, Азизбоев, Азизов бо кадом ақлу фаросат бозингарони меҳмонро хобондаву лату кӯб мекунанду садҳо «мухлис» меҳмононро сангборон??? Магар ин аст одоби мухлисиву варзишкорӣ??? Хафа нашавед, ҳар ҳақиқат 2 паҳлӯ дорад. Ва баъди чунин бенизомӣ фикр доред, ки Истаравшанро дар тамоми Тоҷикистон бояд дӯст доранд? Ҷав корӣ-ҷав даравӣ… Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар