Принт

50000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти ҶТ ба Сомон Маҳмадбеков

    Варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков пас аз ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Марокаш довталаби асосии Ҷоизаи Президенти ҶТ дар ҳаҷми беш аз 50000 сомонӣ гардид. Бояд гуфт, ки Комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи Президенти ҶТ барои варзишгарон то охири сол натиҷаи Сомон Маҳмадбековро мавриди баррасӣ қарор дода, бо зиёд гардидани натиҷаи ин варзишгар то охири сол эҳтимоли зиёд гардидани маблағи ҷоизапулӣ дар назар дошта мешавад.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ШМА низ бархӯрдор мебошад.

   Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари олам ширкат варзиданд, варзишгари шинохтаи кишвар ба ҳамаи рақибон пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон), шикаст дода, дар даври дуюм Масабиров Асад варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистонро дар 2,38 сония бо ғалабаи тоза низ шикаст дода ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд. Дар даври сеюм Сомон бо Умаев Абдумалик аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолият соф ба даст овард. Дар даври ниманиҳоӣ Сомон бо варзигари австралиягӣ Гаснер Самуел дар 19 сония ғолибияти соф ба даст оварда, ба финали мусобиқа роҳхат пайдо намуд. Дар дидори ниҳоӣ Сомон бо варзишгари рус Елбакиев Георгий дар 3,42 сония ғолибияти тоза ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73кг гардид.

 

 

Матлабҳои дигар