Принт

Ҳарби нахустин Тоҷик бар ивази $1 млн!!!

 

31.12.2019: Чашмҳо сӯи Амрико

Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР Зебо Раҷабоваи 48-сола, аз ноҳияи Данғара, модари Лоиқшо Раҷабов-ҷанговари ҳарбҳои омехта, меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, бисёр мехостам газетаи дӯстдоштаам СССР дар бораи ҷангҳои варзишии писари ман нависад ва бо аксҳояш ӯро барои ҳамсолонаш муаррифӣ намояд:

-Ман ҳамагӣ 4 фарзанд дорам. Лоиқ фарзанди калонӣ буда, маълумоти олӣ дорад ва Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Тарҷумаи ҳолашро дар хона дорам, лек фаромӯш кардам, ки ҳамроҳ биёрам. Лоиқ ҳоло дар Амрикост. Ӯ ҳамон ҷо машқу тамрин мекунад. Зеро қобилияташро дида, прамоутерҳои амрикоӣ даъваташ кардаанд. Махсус барои иштирок дар сабқатҳои бузурги варзишӣ рафтааст.

Аз Данғара то Олмону Амрико

Писари ман дар н. Данғара ба дунё омада, дар ш.Душанбе ва сипас дар Грозний-пойтахти Чеченистон машқу тамрин кардааст. Коргузорони бокси Амрико видеои ҷангҳои ӯро дар интернет мебинанд, ки чӣ тавр 1 тоҷикбача қазоқу ӯзбеку қафқозӣ ва ҷанговарони дигар миллатҳоро дар ринг мағлуб мекунад. Аввал ба Олмон даъваташ карданд. Дар Олмон тамрин намуд ва ҳамзамон 11 нафарро дар ҷангҳои омехта заду то охир дастболо рафт. Баъде, ки маҳорати писари маро диданд, ба Амрико даъваташ намуданд. Азбаски Лоиқ дар моҳи Рамазон вориди Амрико шудаву рӯзадор буд, дар ҳарби нахустин «хол» («очко»)-и поинтар гирифт, аммо мағлуб нашуд, зеро вақту соати ҳарб ба охир расида буд… 

Ғалаба бар ҷияни Ҳабиб

Баъдан, шаби 17.10.2019 бо Ислом Мамедови доғистонӣ-писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба финал баромад. Вақте додарзодаи Ҳабибро зад, ҷаҳон ӯро шинохт ва ба касбияташ бо чашми дигар нигарист. Ҳайратовараш ин аст, ки худи ҳамон шаб, пас аз 1 соат бо Крис Уэйди бразилиягӣ вориди сабқат шуд. Хуллас, дар 1 соат 2 нафарро аз по афтонид.

Ҷанг барои 1 млн доллар

Инак, интизорем, ки ҷигарбанди ман-Лоиқ 31.12.2019, дар рӯзи Соли Нави мелодӣ бо Натан Шултеи бразилиягӣ ба ҷанг мебарояд… Ҷои зикр аст, барои нахустин бор, ки 1 Тоҷик дар Лас-Вегаси Амрико бар ивази 1 млн доллар ҷанг мекунад. Бовар дорам, фарзанди ман пирӯз омада, номи Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Бо ин чӣ гуфтаниям? Вақте тавассути интернет ва ТВҳо дидем, ки муборизи доғистонӣ-Ҳабиб Нурмуҳаммадовро баъди ғалабаҳояш дар Ватанаш дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтанд, таманно дорам, писари маро низ дар Душанбе бо гулу гулдастаҳо ба пешвозаш бароянд… Итминони комил дорам, ки мисли фарзанди ман дар Тоҷикистон кам нестанд ва дар оянда даҳҳо нафар обрӯву шарафи Ватани моро боло хоҳанд бардошт. Зеро Мо Метавонем!!!

Ғолиби 11-каратаи PFL

Аз СССР: Хотиррас мешавем, ки муборизи муҳорибаҳои омехта Лоиқ Раҷабов бо Ислом Мамедов ба октагон баромада, сабқатро то охир анҷом дод. Ҳакамон пирӯзиро бар варзишкори тоҷик муносиб донистанд. Сабқати нимниҳоии PFL - 2019 дар Лас-Вегас миёни варзишкори тоҷикистонӣ ва амрикоӣ бо пирӯзии Лоиқ ба анҷом расид. Варзишкори бошгоҳи "Ахмат" Лоиқ Раҷабов бо қарори ҳакамон (30-27, 30-27, 30-27) варзишкори амрикоӣ Крис Уэйдро мағлуб кард. Ин пирӯзӣ ба намояндаи Тоҷикистон даст медиҳад то барои гирифтани 1 миллион доллар дар сабқати PFL 2019 дар вазни сабук қувва озмояд. Дар даври ниҳоӣ Раҷабов бо варзишкори Бразилиягӣ Натан Шулте рӯзи 31 декабри соли 2019 дар ИМА ба октагон мебарояд.

Лоиқи 29-солаи тоҷикистонӣ узви бошгоҳи «Ахмат» дар ш.Грозний аст. Ӯ фаъолияти варзишиашро с.2012 оғоз карда, дар сабқатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар давоми 5 сол 13 бор ба октагон баромада, 11 маротиба пирӯз шудааст.

Шаҳрзоди Амин,

СССР

 

Матлабҳои дигар