Принт

Токио-2020: нахустин роҳхатҳои олимпии боксчиёни тоҷик

   Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев бо роҳхати олимпӣ ба Ватан баргаштанд.

   Тавре сомонаи Кумитаи Миллии Олимпии кишвар хабар медиҳад, дар мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони Урдун доир шуд, Баҳодур дар вазни - 63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни - 81кг миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд.

 

Матлабҳои дигар