ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 Вазъи шаҳру ноҳияи Кофарниҳон моҳи декабри соли 1992 хеле муташанниҷ гардида буд. Мухолифин наздик омадани фронти халқиро ҳис намуда, ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки қудратро дар дасташон нигоҳ доранд ва барои ин аз ҳамагуна воситаҳо, ҳатто нест кардани намояндагони ҳукумати қонунӣ, хосса роҳбарияти маҳаллӣ даст намекашиданд. Дар яке аз ҷаласаҳои худ Ризвон бо тундиву таҳқир аз раисони шаҳру ноҳияи Кофарниҳон Болтуев М. ва Ҳафизов И. (тарафдорони ҳукумати қонунӣ) қотеъона талаб кард, ки истеъфо диҳанд, вагарна қатл карда мешаванд. Баъди воридшавии қувваҳои фронти халқӣ як муддат роҳбарӣ ва масъулияти вазъи шаҳру ноҳия ба дӯши коменданти шаҳр Пирмуҳаммад Солиҳов -мудири амнияти шаҳр (рӯҳаш шод бод) ва вакили Шӯрои Олӣ Азимов Қурбоналӣ гузашт. Қувваҳои мухолифин, ки ба дараи Ромит фирор карда буданд, аҳолии осоиштаро азобу уқубат медоданд. Ҳамин буд, ки пиру ҷавон, зану кӯдакон аз тариқи кӯҳу адир ва ғору дара гурехта ба шаҳр меомаданд.  Коменданти шаҳр П.Солиҳов ва вакили Шӯрои Олӣ Қ.Азимов, банда, мудири шӯъбаи ташкилӣ Fуломов А., директори корхонаи нонпазӣ Ашуров Раҷабмуродро даъват карда супориш доданд, ки мардуми гурезаро дар хонаҳои хешу табор, масҷидҳо ва манзили аҳолӣ ҷойгир карда, дар навбати аввал бо нон таъмин намоем. 

Раиси Ҷамоати Ромит Иззатов Сафарбек сарсупурдаи давлат ва ҷавонмарди далеру ҷасур бо ҳар роҳу восита, аз рафти вазъияти деҳаи Ромит ва гирду атрофи он ба ситоди марказӣ маълумот медод ва барои тинҷию амонӣ ва таъминоти аҳолӣ бо маводи ниёзи мардум бо мухолифин гуфтушунид мекард. Ман, ҳамчун котиби Кумитаи иҷроияи ноҳия аз рафтору гуфтори ин марди наҷиб огаҳӣ доштам, ҳушдораш додам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, бо мардум муомилаи нарм намояд ва бо намояндагони мухолифин то расидани қувваҳои ҳукуматӣ ба минтақаи Ромит созиш кунад. Аммо муносибати раис, ки аз ҳукумати қонунӣ дифоъ мекард, ба силоҳбадастони  ташнаи хун намефорид ва ҳамин буд, ки 20 декабри соли 1992 ин гурӯҳи нохалаф бо сабаби иҷро накардани супоришашон раиси Ҷамоати деҳоти Ромит Иззатов Сафарбек ва тағояш Ҳоҷӣ Абдулнабиро, ки аз зиёрати хонаи Худо омада буд, ба минтақаи Оҳангарони дараи Ёс оварда бо як ваҳшонияти гӯшношунид ба қатл расониданд. 

Рӯзи 11 январи соли 1993 шаҳру ноҳияи Кофарниҳон ба як воҳиди марзиву маъмурӣ шаҳри Кофарниҳон табдил дода шуд ва шахсияти дигари ватанхоҳу ватандӯст, вакил ва иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Азимов раиси шаҳри Кофарниҳон таъин гардид. Ин ҷавонмарди далеру ғаюр дар ҳамкории қавӣ бо прокурори шаҳр Саидамиров С. ва сардори ШКД Раҳимов И. (равонашон шод бод) барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии хунрезӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти фалаҷгардида ва ба маҳалҳои зист баргардонидани гурезаҳо пайгирона ҷоннисорӣ мекарданд.

Аз Ҷамоати деҳоти Ромит хабар расид, ки вазъи таъминоти аҳолӣ бо маводи хӯрока душвор гардидааст. Бо назардошти бо маводи хӯрока таъмин намудани аҳолӣ рӯзи 13 марти соли 1993 ба деҳаи Ромит 5 мошин маводи хӯрока фиристода шуд. Ба вазъи душвори сиёсӣ нигоҳ накарда раиси шаҳр Азимов Қ., муовинонаш Абдураҳмонов А., Раҳмонов Ҷ., Бозоров Ҷ., котиби комиҷроия Абдуллоев Қ., намояндагони ШКД ва дигар мақомотҳо ба деҳаи Ромит омаданд ва маводи хӯрокаро ба мардум ройгон тақсим карданд. Азбаски баъди марги муфоҷои Иззатов С. Ҷамоати деҳоти Ромит бе роҳбар монда буд, мардуми ҷамъомадаро дар зери айвони манзили Ҳоҷӣ Сафар ва Идибек Гургов гирд оварданд, бо таклифи Раиси шаҳр ва дастгирии мардум котиби Ҷамоат Эмомалӣ Сабзовро раис пешниҳод намуданд. Мардуми шарифи дараи хушманзараи Ромит ҷаҳду талош ва хизматҳои содиқонаи фарзанди барӯманди диёрро фаромӯш накардаанд ва ҳамин буд, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15, деҳаи Ромит ба номи Сафарбек Иззатов гузошта шуд. 

 

Қиёмуддин Абдуллоев, ш.Ваҳдат

      

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter