Принт

ПРЕЗИДЕНТИ КФ “ИСТИҚЛОЛ” ШОҲРУХ САИДЗОДА МУХЛИСОНИ ДАСТАРО ТАБРИК НАМУД!

 

Роҳбари Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе Шоҳрух Саидзода мухлисон, бозигарон, ситоди мураббиён ва ҳайати хизматрасони дастаро ба муносибати пирӯзӣ дар чемпионати имсола муборакбод намуд.

“Дӯстони азиз!

Клуби футболи "Истиқлол" пеш аз мӯҳлат унвони чемпионӣ ва медалҳои тиллои чемпионати футболи Тоҷикистонро дар байни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2020 ба даст овард! Ин пирӯзии умумии мо, бозигарон, ҳайати мураббиён ва аз ҳама муҳим мухлисон ва сокинони пойтахт аст ва имрӯз мо шуморо бо қаноатмандии зиёд ба 9-умин унвони чемпионии “Истиқлол” табрик мегӯем.

Тавре ки шумо медонед, дар робита бо пандемияи COVID-19 имсол барои тамоми мардуми дунё душвор буд, аммо новобаста ба ин ҳама мушкилиҳо мо дастгирии шуморо, ки ба он аз ҳарвақта дида бештар зарурат доштем, эҳсос мекардем, ки барои он миннатдории амиқи худро баён мекунем. Дар ин рӯзи фараҳбахш мо ваъда медиҳем, ки минбаъд низ мухлисонро шод хоҳем кард ва ҳамроҳи шумо муттаҳид шуда, ба сӯи орзуҳои бузург ҳаракат карда, ғалабаҳо ва мукофотҳои арзандаи варзиширо ба даст меорем. Дар мавсими имсола "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба таври шоиста баромад намуда, бозиҳои Ҷоми AFC-ро низ бомуваффақият шурӯъ кард ва ҳадафи пирӯзӣ дар ин мусобиқаро дошт, аммо мутаассифона ба иллати пандемия мусобиқа лағв карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки аз мавсими оянда чемпиони Тоҷикистон барои аввалин бор дар даври гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё - Лигаи чемпионҳо баромад мекунад ва ин як рӯйдоди барҷаста дар таърихи футболи миллӣ мебошад. Дар навбати худ, мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, ки “Истиқлол” кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ намояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ман мехоҳам ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба ҳамаи коргарон ва хизматчиёни Федератсия барои дастгирӣ ва ҳамкории зич миннатдории самимӣ баён кунам. Ман ба шарикон ва сарпарастони худ, инчунин ба роҳбарияти филиали Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд ва маркази таълимӣ дар Гулистон, ки бидуни дастгирии онҳо муваффақияти клуби мо душвор аст, изҳори сипос мекунам. Ташаккури зиёд ба роҳбарият ва кормандони ТВ "Варзиш" ва ТВ "Футбол" барои таблиғ ва саривақт инъикос кардани бозиҳо ва рӯйдодҳои атрофи онҳо.

Инчунин, ба роҳбарият ва кормандони Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои муносибати софдилонаашон ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми баргузории бозиҳои футбол миннатдории худро баён менамоям.

Ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, хушбахтӣ, шукуфоӣ, муваффақият ва комёбӣ таманно дорам!”

 

Матлабҳои дигар