ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб сағера монд: Бобои Ғулом рафт!!!

  • Чоршанбе, Окт 21 2020

 Тоҷикистон чанд шаҳри қадимаи таоруфӣ дорад, ки дар онҳо ҳама якдигарро мешносанд. Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Исфара, Ҳисор….намунаи олии консерватории ин миллату кишвар аст. Вале мо имрӯз дар бораи Кӯлоб ҳарф мезанем. Зеро қаҳрамони матлаби мо-қаҳрамони ҶБВ, қаҳрамони меҳнат, барандаи Ордени Ленин, Бобои Ғуломи таърихӣ ва таърифӣ аз ин шаҳр буд…

Бобои Ғулом одами оддӣ на, ки чеҳраи Кӯлоби бостонӣ буд, зеро қариб ҳар сокини Кӯлоб рӯзе набуд, ки нагӯяд: -Ба гуфтаи Бобои Ғулом…!!!

Роҳи охирин…

11.10.2020. Субҳи солеҳон, Ғулом Шарипов-иштирокчии ҶБВ, дар синни 96 солагӣ, аз олами сифлӣ буридаву бар улвӣ бупайваст. Ҷанозаи марҳум дар боғи худаш баргузор гардид. Ҳамон боғе, ки дар соли 2004 Абдуқайюми Қайюмзод, ки бо устод Ботиров, Мирзонабӣ Холиқзоду Барот Юсуфиву Раҳматкарими Давлат, дар тамузи тобистон ба хатнасӯри писари банда омада, зери сояи дарахтон нишастанд, гуфта буд:

-Боғи Бобои Ғулом набошад, кӯлобиҳо куҷо мераванд?!

...Рӯзи якшанбеи гузашта, дар ин боғ ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Гӯиё Кӯлоб мотам дошт ва табиист, ки намози ҷанозаро Мулло Ҳайдар Шарифзода-маъруфтарин домуллои вилоят хонд ва дар бораи Бобои Ғулом гапҳои хуб гуфт. Суханҳое, ки ҳама медонист...

Бобои Ғулом

Вежагии Бобои Ғулом дар дилсофӣ ва содагияш буд ва камтар ҷанозае дидаам, ки мардум саф-саф, бо ашки шашқатор, аз пайи тобут рафтаву корномаи раҳматиро ёд карда, механданд. Ашку табассум, ғаму нишот... Ингуна парадокс танҳо барои одамони Худодода ва ҷаннатӣ муяссар мегардад. Мо низ чанд қиссаи марҳумро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!

Зани мурда-зиндаи Бобои Ғулом

Бобои Ғулом дар ҷавонӣ рухбоз буд ва хеле бонувонро дӯст медошт. Эксковатор дошту сар аз Дарвоз то Нораку Қурғонтеппа, дар маҳдудаи вилояти Кӯлоб, роҳҳои ДСУ-4-ро месохт. Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта, ки ҷавони ҳузарби нав аз корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргашта буду “шустряк”, дар 1 деҳаи дурманзари Шӯрообод, 1 беваро во мехӯраду 2 ҷуфт калушу маҳсӣ, 3-4 метр читу сатин бурда, хостгорӣ мекунад ва мегӯяд, ки “занам нав мурдааст”. Он замон на телефон буд, на радио ва на телевизор. Вале зани сипоҳи шӯроободӣ, мегӯяд, ҷавобамро фардо медиҳам ва ҳамон рӯз хеста, бо адреси хонаи Ғулом (он вақт Бобо набуд), ба ш. Кӯлоб, кӯчаи Куйбишев, гузари Аэропорт меояд. Мебинад, ки 1 зани сабзинаи мӯяш то замин, гов мечаронад. Дуову дуруд гуфта мепурсад:

-Ғуломро, дугон, мешносӣ?

Он зани говчарон, ки аз қазо холаи Садафмоҳ-завҷаи Ғулом буд, мегӯяд, хеле хуб ва аз наздики наздик мешиносамаш! Сипас “арӯс” боз мезпурсад, ки “Рост аст, занаш ба наздикӣ мурдааст?”. Холаи Садафмоҳ мегӯяд, “кӣ гуфт?”, ки меҳмон мегӯяд, “худи Ғулом”. Холаи Садаф мегӯяд:

-Оре, мурдааст ва ҳамон “раҳматӣ” манам!

Акнун худ тасаввур кун, хонанда, ҳоли бобои Ғуломи “бевамардро”: Шӯроободӣ ӯро рад мекунаду дар хона холаи Садафмоҳ бо ҷорӯби кундук интизор...

Ҳайбати немис

09.05.1980. Мактаби №27. Вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҶБВ. Бобои Ғулом дар трибуна назди микрофон нишастааст. Ин замон Бахтиёр Ятимзода, 1 хонандаи мактаб, бо дастури муаллимин, ба Бобои Ғулом савол медиҳад:

-Бобои Ғулом, Шумо ягон немисро асир гирифтаед?

Таври маълум дар шӯравӣ немисҳоро тарсончак, беҷонак тасвир мекарданду иштирокчиёни ҷанг таърифу тавсифу дағ-даға аз корзори хеш доштанд. Вале Бобои Ғулом, ки ҳақиқатгӯ буд, ба ин суоли хонанда, аз микрофон чунин посух дод:

-Чӣ, чӣ, асир? Бачам, унҳоро немис меган, очата зин мезананд!

Дидори Гитлер

Соли 1943. Ғулом Шарипов бар асари захму ҷароҳати зиёд танҳо дар қатора ба худ меояду мепурсад, куҷо равонаем? Гулдухтари табиб мегӯяд, “Сӯи Тоҷикистон. Ҷанг барои Шумо адо!”. Бобои Ғулом мегӯяд:

-А, бачаҳалоко, намонден, 1 бор ҳаму Гитлера медидуму насиҳаташ мекардам, ки ин г...хӯрира бас кунад???

Ҳиммати Бобои Ғулом

09.05.2020. Раиси ш. Кӯлоб бо муовинонаш хонаи Бобо омада, 1 гулдаста ва 500 сомонӣ тӯҳфа меоранд. Бобои Ғулом 500 сомониро ба дасти Алии Беҳудуд-писараш дода мегӯяд, “Бачам, болояш 1-2 сӯми дигар монда, давида рафта аз бозор гӯшту пӯст биор, ки ба фикрам раис гурусна менамояд...”!

PS: Бобои Ғулом умри дарози пурбаракот дид. Гуфти худаш аз 1 сағераи почакандаи гуруснаву бараҳна, давлати СССР ӯро одам кард, ҷанговар сохт, Русияро аз фашизм наҷот бахшид, соҳиби обрӯ, пулу мол, хонаву дар, зану фарзанд ва садҳо набераву абераву чабера ва муҳимтар аз ин-обрӯ кард. Худаш аз зиндагонӣ аз замин то осмон розӣ буд... Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Бобои Ғуломи ҳамаи мо. Омин!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter