ХАБАРИ ДОҒ

МАРҲАБО ФАСЛИ НАВИ ФУТБОЛИ ВАТАН

  • Панҷшанбе, Янв 28 2021

Мусобиқаи ҷашнӣ

Чун анъана, имсол низ мавсими футболи ватанӣ бо баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон -2021 шурӯъ шуд. Қобил ба зикр аст, ки мусобиқаи имсола бо чанд вижагии худ аз мусобиқаҳои пешин фарқ мекунад.  Аввалан, мусобиқа бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад ва сониян мусобиқаи имсола барои бори 10-ум баргузор гашта, худ мусобиқаи ҷашнӣ мебошад. Мусобиқаи имсола ҳам аз ду марҳила-пешакӣ ва ниҳоӣ иборат буда, марҳилаи аввали он тибқи Низомнома дар се минтақа-Душанбе, Хатлон ва Суғд баргузор мешавад. Дар навбати худ марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар вилояти Хатлон низ дар ду минтақа-Бохтар ва Кӯлоб доир мегардад. Дар ҳар минтақаи вилояти Хатлон 6 дастагӣ баромад мекунанд. Ғолибони марҳилаи гурӯҳии минтақавӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа моҳи феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мо аз рафти он ҳатман барои хонандаи худ матлаб таҳия хоҳем кард. Мо Метавонем. 

 

Харҷҳои мусобиқа

Зимнан, тамоми харҷҳои баргузории мусобиқа, аз ҷумла иҷораи майдонҳои бозӣ, ороиши варзишгоҳҳо бо навиштаҷотҳои таблиғӣ, ҳаққи хизмати доварону нозирони хизматрасон, ҳақи хизмати духтур ва дигар харҷҳои марбут ба ташкилу баргузории бозиҳоро Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт менамояд. Ин мусобиқа, ки пеш аз мавсимӣ буда бо мақсади омодагии дастаҳо ба масими нав гузаронида мешавад, дар омодагии онҳо нақши бориз мегузорад. Ҳар даста метавонад то 45 бозигарро ба рӯйхати дархостии худ шомил созад. Ҳадафи асосӣ аз баргузории мусобиқа омода намудани варзишгоҳҳо, майдонҳои футболбозӣ, футболбозон, доварон ва дар маҷмӯъ тамоми дастаҳо ба мавсими нави футбол дар кишвар мебошад.  

 

Лигаи футболи Тоҷикистон-муаррифгари Ватан

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба унвони Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамчун масъули ташкилу баргузоркунандаи мусобиқаҳо ташаккури алоҳида бояд гуфт. Новобаста аз мушкилоти мавҷуда Лига барои дар сатҳи беҳтарин ташкил кардани тамоми чорабиниҳои худ талошҳои арзанда мекунад. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Лига ба сатҳу сифати майдонҳои бозӣ, варзишгоҳҳо ва дигар иншоотҳои ба футбол марбут дошта,  таваҷҷӯҳи  махсус зоҳир карда мешавад. Қариб 90 фоизи бозиҳои мусобиқаҳои Лига ба воситаи Шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол”  ба таври мустақим намоиш дода мешаванд, ки онҳо дар садҳо кишвари олам пахш шуда, Тоҷикистони азизи моро намояндагӣ мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, аз ҷониби дар паи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Лигаи футболи мамлакат ҳамеша барои дар сатҳи арзандаву муносиб муаррифӣ намудани футболи ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ кӯшишҳо дорад. 

 

Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе

Рӯзи душанбеи 25 январ марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 дар минтақаи Душанбе шурӯъ шуд.

Дар гурӯҳи “А” “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби калони 4 бар 1 “Шоҳмансур”-и пойтахтро шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ байни дастаҳои “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва КМВА-и Душанбе мусовии бе гол анҷом ёфт.

 

 БҒМБТ/ТИ

1«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)11004-13

2«Кӯктош» (Рӯдакӣ)10100-01

3КМВА (Душанбе)10100-01

4«Локомотив-Помир» (Душанбе)00000-00

5«Шоҳмансур» (Душанбе)10011-40

 

Дар гурӯҳи “Б” «Истиқлол» бо ҳисоби калони 5 бар 0 дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро шикаст дод. «Барқчӣ»-и Ҳисор бошад бар «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфт.

 

Даври 2-юм

28 январ (панҷшанбе)

10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

 БҒМБТ/ТИ

1«Истиқлол» (Душанбе)11005-03

2«Барқчӣ» (Ҳисор)11002-13

3«Душанбе-83» (Душанбе)10011-20

4«Ваҳдат» (Ваҳдат)10010-50

 

Даври 2-юм

28 январ (панҷшанбе)

10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Дар шумораҳои оянда оиди рафти ин мусобиқа ва дигар рӯйдодҳои олами футболи ватанӣ барои шумо матлаб хоҳем навишт. 

Нуралӣ Хокашев

Махсус барои СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter