Принт

МАВЛОНОИ ФУТБОЛ

Рӯзи видоъи Лео Месси бо тими дӯстдоштааш.

Гиря ҳам неъмати илоҳист.

Ҳеҷ эҳсоси дигар тавони онро надорад, ки ҷои гиряро гирад.

Гиря борони раҳмат аст, ки гунаҳҳоятро мешӯяд, агар самимона тавба кунӣ.

Гиря обе поку софест, ки ба он метавонӣ таҳорати ботин кунӣ.

Гиря беҳтарин вожаи муродифи «алвидоъ» аст.

Гиря - чакомаи нигоҳҳо дар рӯзи гусел.

Гиря - ҳамосаи калимаҳо дар лаҳзаи ҷудоӣ.

Гиря - шаҳодатномаи шаҳодати ишқҳо.

Гиря - хуни сафеди дардҳо.

Гиря шеъри беҳтарини ҳар кас ва ҳама кас, ки ҳеҷ не як бор эҷод кардааст.

Гиря - забони фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ.

Рафтани Лео Месси аз Барселона пуровозатар ва пурҳаяҷонтар аз рафтани шоҳону вазирону сипаҳсолорон аз тахт буд.

Як саҳифаи зебои футбол имрӯз варақгардон шуд.

Як девони мавлоноӣ ба ҷевони китобхонаи таърих рафт. 

Барселона бе Месси Барселона нест.

Месси бе Барселона Месси нест. 

Ман боизтироб конфронси хайрбодии ӯро дар Камп-ноу интизор будам.

Ӯ чӣ хоҳад гуфт?

Кадомин калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳоро ӯ дар ин шабҳои бехобӣ захира карда бошад?!

Ё суханваре барояш матн омода кардааст?!

Матне зебо, бо андарзҳо, насиҳатҳо, васиятҳо, иқтибосу гуфтовардҳо?!

Месси ба минбар баромад.

Худо ба ҳамроҳ! - беихтиёр гуфтам.-Худо забони гӯё диҳад, Лео!

Ӯ ба толор нигарист. Сукуте кард. Калима меҷуст. Аммо оби чашмаш фаввора зад. Мекӯшид оби чашмашро фурӯ барад. Аммо натавонист. Аввал хомӯш гирист. Баъд бо тамоми овоз.

Ларзон – ларзон. 

Ҳама гиристанд.

Минбар ва толор. 

Бовар дорам, ки дар ин лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар зовияҳои гуногуни дунё бо Мавлонои футбол гиристанд.

Ман – яке аз онҳо...

Додоҷон Атовуллоев,

мухлиси футбол, Месси ва Барселона

 Бузургтарин Шахсият дар олам…

Воқеан ҳам рафтани Месси аз Барселона хабаре таккондиҳанда аз пандемияи коронавирус, қатлу террору ваҳшигариҳои толибону митингу бенизомиҳову сӯхтору кушторҳо дар олам гардид. Рафтани Месси аз Барселона хабари №1 дар олам шуд. Зеро ӯ худ варзишкори №1 дар олам буд…

Андрес Куччуттини

Лионел Андрес Месси Куччиттини-кӯтоҳ Месси, кӯтоҳтар Кайкак, кӯтоҳтарактар Кайк, 24.06.1984 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Футболисти Барселона, капитани мунтахаби Аргентина. Ҳарчанд бо дастаи Барса тамоми нӯшу неъмати олами футболиро чашид, аммо бо Аргентинааш соҳиби ҷоизае нашуд, ки нашуд. Ва ахси корро бинед, ки ҳамагӣ чанде қабл Ҷоми Амрикоро ба даст оварду хурсандияшро натавонист бо Каталония бо ҳам бинад. Аз Барса калушҳояшро пеши пой гузоштанд. Нашуддд.

Ҳарчанд Барсаро бе Месси ва Мессиро бе Барса дар асри ХХ ва ХХI тасаввур карда намешуд, вале коре шуд, ки ҳамакнун Месси-фарзанди хоназоди ин клуб метавонад дар рӯзу моҳҳои наздиктарин бар зидди Каталония бишӯрад ва дар қабои ПСЖ ба майдон барояд…

6-карат зӯр!!!

Бо қомати 170 см ва вазни 72 кг,  Месси дар таърихи футбол ЯГОНА нафарест, ки 6 бор соҳиби «Бутсаи тилоӣ» ва «Тӯби тиллоӣ»шудааст. Бори нахуст дар 17-солагӣ ба майдон шуда, аккурат 17 сол бо футболкаи Барса баромад карда, 10 бор Ла Лига, 7 бор Ҷоми Шоҳи Испания, 8 суперкубоки Испания, 3 борӣ Суперкубоки Аврупо ва Ҷоми чемпионҳои ҷаҳонро рабуд. 4 карат қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудан боз ба кӣ муяссар мегардад? Суолест риторикӣ албатта…

 

Матлабҳои дигар