ХАБАРИ ДОҒ

15.09.2021. Бо ибтикор ва ташаббуси Газетаи мардумии СССР, бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14-солагии газетаи мардумӣ, сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми СССР, дар Ҷамоати деҳоти шаҳраки «Бохтариён»-и шуъбаи 4-уми н. Кӯшониён баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа беш аз 1500 нафар мухлисон, раисони маҳаллаҳо, кормандони мақомоти интизомӣ ва хадамоти оҷилӣ ширкат карданд. Лозим ба таъкид аст, ки дар мусобиқа 8 даста бозӣ мекунанд. Сину соли футболбозон аз 18 то 35 солро ташкил намуда, яке аз дастаҳо ФК «Уялӣ»-и н.Хуросон дар лигаи 2-юм ва дигаре дар лигаи шаҳрӣ бозӣ мекунанд.

 Дастаҳо: ФК «СССР», ФК «Уялӣ», ФК «Афзалӣ», ФК «С.Муродов», ФК «Навобод», ФК Н.Қарабоев, ФК «Маҳаллаи Тозо» ва шуъбаи 1-ум.

8 даста пас аз қуракашӣ ба 2 гурӯҳ тақсим шуданд:

 Дар гурӯҳи 1-ум: ФК «СССР», ФК. С.Муродов, ФК «Уялӣ» ва шуъбаи 1-ум.
 Дар гурӯҳи 2-юм: ФК «С.Муродов», ФК «Афзалӣ», ФК «Маҳаллаи Тозо» ва   ФК «Навобод».

    Рӯзи аввал, дар оғози Ҷом,  ФК «СССР» ба ҳисоби 6:0 ФК «Афзали»-ро шикаст дод. Дар рӯзи дуюми мусобиқа дастаи «Шуъбаи 1-ум» бо дастаи «С.Муродов» бозиро 2:2 мусовӣ анҷом дод. Рӯзи 3-юм ФК «Уялӣ» дастаи «ФК Н.Қарабоев»-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дода, дастаи «ФК Навобод» тими «ФК Маҳаллаи Тозо»-ро бар ҳисоби 2:1 бурд намуд.

     19.09.2021. Бозии дастаи «СССР» бо дастаи «ФК С.Муродов» соати 16:30 дақиқа дар ҳузури беш аз 700 нафар сокинон оғоз шуд. Бози ба фойдаи ФК СССР бар ҳисоби 5:0 анҷом ёфт. Сипосгузорем аз ҳамаи мухлисони СССР барои дастгирӣ. Умедворем, ки мо Чемпион мешавем!!!

       Мақсад аз баргузории ин мусобиқа солимии ҷомеа ва муттаҳидии сокинон буда, омили асосии Истиқлолият ва озодӣ ва сулҳу субот дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Ёдовар мешавем, ки сабқат миёни ин 8 даста то охири моҳ идома меёбад ва дар охири сентябр ғолиб муайян гашта, бо Ҷоми таъсисдодаи СССР сарфароз мегардад.

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter