ХАБАРИ ДОҒ

Муваффақияти наврасони Тоҷикистон дар Сочи

  • Чоршанбе, Май 04 2016

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футболи хурд таҳти роҳбарии сармураббӣ Насим Набиев дар Сочии Федератсияи Россия медалҳои нуқраи Бозиҳои дуюми байналмилалии ҳамватанони наврасро соҳиб шуд.

 

Дар мусобиқа 21 даста дар марҳилаи пешакӣ ба чор гурӯҳ тақсим шуда иштирок намуданд. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар ҳайати Гурез Холов, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Эмомалӣ Аҳмадхон ва Шӯҳрат Элмуродов дар ҳамаи се бозии марҳилаи пешакӣ бар рақибони худ ғолиб шуда, бо нӯҳ имтиёз дар гурӯҳи “А” ҷои аввалро ишғол кард. Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик ҳамсолони туркманашонро бо ҳисоби калони 10 бар 1 шикаст дода, дар бозии дуюм бар дастаи Осетияи Ҷанубӣ бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуданд. Дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ бошад, дружинаи Насим Набиев бар дастаи наврасони Олмон бо ҳисоби кадони 8 бар 0 ғалаба кард. Дар бозии чорякфиналӣ дастаи мо бар мунтахаби Канада, ки дар гурӯҳи “Г” зинаи дуюмро ишғол карда буд бо ҳисоби ҳангуфти 11 бар 3 пирӯзӣ ёфт. Дар бозии ниманиҳоӣ наврасони Тоҷикистон дар бозии бисёр шавқовару ҷозиб бар ҳамсолони худ аз ҳамсоякишвари Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. Дар бозии финалӣ бошад кори дастаи мо он қадар омад накард ва аз наврасони Россия бо ҳисоби минималии 1 бар 2 мағлуб шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ медалҳои нуқраи мусобиқаро ба наврасони Тоҷик боксёри маъруфи Россия Николай Валуев тақдим кард. Аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти мусобиқа дарвозабони дастаи Тоҷикистон Гурез Холов дар амплуаи худ беҳтарин шинохта шуд.

Натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд:

Ҷои 1 – Россия

ҶОИ 2 – ТОҶИКИСТОН

Ҷои 3 – Қирғизистон

ФутболvsСССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter