Принт

Хоруғ: ҳаводис ва воқеият

 

 

  Дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳзадаи вилоят, дар санаҳои 25-27 ноябри соли ҷорӣ, даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида шуда, бо воситаи ин дарахтон роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма” баста шуда, воридоти молу маҳсулот ва рафтуомади виситаҳои нақлиёт қатъ гардид. Дар маҷмуъ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадилии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халалдор гардид.

 

    Тавре Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ, ки тайи 4 рӯз-аз 25 то 28 ноябри соли ҷорӣ идома дошт, соати 20:00-и шаби 28.11.2021 ба охир расид. Пас аз музокирот ва гуфтушуниди тарафҳо, мардуми эътирозгар майдони назди бинои МИҲД  Хоруғро тарк намуда, ҳамчунин блок-постҳои иловагӣ дар атрофи ин шаҳр бардошта шуданд. Субҳи рӯзи 29.11.2021 шаҳр ва сокинони он ба ҳаёти ҳамарӯзаи худ баргашта, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор даромад, мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ низ ба фаъолият шуруъ карданд. Бо роҳи сулҳ ва гуфтушунид ҳал шудани ин қазия албатта хушбинкунанда аст, вале пас аз ҳамаи ин моҷаро ҳоло фурсате расидааст, ки дар бораи ин ҳаводис ва воқеияте, ки вазъро дар ин шаҳр муташанниҷ кард бигӯем.

Воқеа аз чӣ сар зад? Сабабу омилҳои гирдиҳамоӣ дар Хоруғ кадомҳоянд? Дар паси мардум кӣ буду кӣ меистод? Кӣ тарафдори бад шудани вазъияти сиёсӣ дар ин минтақа аст? Хроникаи рӯзҳои ахир дар шаҳри Хоруғ аз нигоҳи газетаи СССР.

 

Фирор, муқобилият ва латукӯби прокурор

   25.11.2021. Аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ҷинояткори махсусан хавфнок Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва ҳаммаслакони ӯ, гузаронида шуд.

    Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ӯ аз 16.04.2020 бо моддаҳои 181 қисми 3 (Ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189 қисми 3 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштанд. Ёдовар мешавем, ки гуруҳи ҷиноятии мазкур санаи 01.02.2020 ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат ӯро мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

    Ҳангоми гузаронидани амалиёт Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ӯ, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз таслим шудан саркашӣ намуда, баръакс нисбати кормандони мақомот муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш, оташ мекушояд, ки дар натиҷа 2 корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.

    Аз ин лиҳоз, ҳамчун чораи истисноӣ кормандони мақомоти амният дар асоси муқаррароти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба хотири зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти амнияти миллӣ таҳдид мекунад, дар доираи ваколатҳои худ аз силоҳи хизматӣ истифода намуда, аввал ба ҳаво тири огоҳкунанда ва баъдан ҷониби онҳо тир мекушоянд. Дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона Зиёбеков Г.З. безарар гардонида шуда, ҳаммаслакони ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

   Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор Зиёбеков Г.З. таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдон ва 5 адад тир дарёфт ва гирифта шуда, ҳаммаслакони ӯ Ғуломшоев Тайғуншо ва Мирзоев Розиқ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона дастрас карда мешаванд.

   Вобаста ба тафтиши ҳолати безараргардонии Зиёбеков Г.З. санаи 25.11.2021 прокурори шаҳри Хоруғ Рауфзода Носир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар якҷоягӣ бо 2 нафар кормандони прокуратура дар худуди Беморхонаи вилоятӣ аз ҷониби аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бе ягон асос мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба онҳо ҷарроҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида мешавад. Гуфта мешавад, дар асри 21 зиндагонӣ дорем. Зимнан қонунҳои қаблиявии паштунӣ-Толибонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон роиҷ нестанд ва  ягон кас ҳуқуқ надорад, ки  бо “самосуд” корманди ҳифзи ҳуқуқро “ҷазои қабилавӣ”диҳад...

 

Кӣ майдоннишинонро масту мадҳуш мекард?

    Роҳбарон ва аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

   Ёдовар бояд шуд, ки роҳбари яке аз гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқиров М.К., маъруф бо тахаллуси “Боқир” санаи 14.11.2021 аз ҳиссиёти авбошӣ ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонида буд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати “Боқир” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он идома дорад. Аз ин хотир “Боқир” бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур монданаш мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нушокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодааст, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошта, тамоми супоришҳо ва хоҳишҳои “Боқир”-ро иҷро намоянд.

   Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ба мақомот дастрас шудаанд, дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Тибқи маълумотҳо тахминан 600-700 нафар сокинони ВМКБ расман дар қайди нашъамандон ва майзадагон қарор доранд, лекин шумораи мазкур зиёда аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.

 

Созмондиҳандаи митинг дар Маскав ҳам ҷинояткор аст

   Ҳамзамон, ҷинояткори хавфноки дигар Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, аз ҳисоби зодагони ВКМБ, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул мебошанд, шоми 25.11.2021 дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуд.

   Инчунин роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи-24”, аз ҷумла М.Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин ва Алимов Шерзамон дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенгҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст.

   Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

   Илова бар ин, якчанд нафар кормандони милитсия ва амният ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба таъмини амнияти сокинони шаҳр мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба саломатии онҳо низ зарари вазнини ҷисмонӣ расонида шудааст.

 

Ҳуҷум ба бинои ҳукумати вилоят

   Инчунин, санаи 25.11.2021 сол, соати 14:00 дақиқа аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамла оварда, хизматчиёни ҳарбиро лату кӯб намуда, аз онҳо силоҳи хизматиро тасарруф кардаанд. Ҳамчунин шишаҳои тирезаҳои биноро бо санг зада мешикананд.

   Ба ғайр аз ин, шаби 25 ба 26-ноябри соли ҷорӣ 1 гуруҳи шахсони номаълум ба Отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ як чанд маротиба суиқасди ҳамла намуданро анҷом додаанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи хизматчиёни ҳарбӣ гуруҳи мазкур пароканда ва аз назди иншооти ҳарбӣ дур карда шуд.

 

Кӣ ба раиси вилоят санг андохт?

    Санаи 27 ноябри соли 2021, соати 14-00 дақиқа бо мақсади ба эътидол овардани вазъият раиси ВМКБ Мирзонабот А.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ва чанд нафар кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ба назди тазоҳуротчиён ба майдон баромада, ба онҳо асли воқеа ва ҳодисаро фаҳмонида дода, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд. Мардуми сарбаланд ва шарафманди бадахшонӣ пас аз гуш кардани Мирзонабот А.Х. ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ қонеъ шуда, майдонро тарк мекунанд.

    Аз ин ҳолат саркардагон ва аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ба ғазаб ва хашм омада, бо мақсади давом додани амалҳои ғайриқонунии худ нисбати раиси вилоят ва дигар намояндагони ҳокимияти давлатӣ қувваи зӯрии ҷисмонӣ истифода карда, онҳоро зери сангборон қарор додаанд.

    Дар натиҷа Мирзонабот А.Х. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз, инчунин ду нафари дигар хизматчии давлатӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, то кунун бистарӣ мебошанд. Ҳамзамон як воситаи нақлиёти давлатӣ сангборон карда шуда, он корношоям гардонида шудааст.

    Бинобар ин, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади зада гардонидани ҳамла ба намояндаи ҳокимияти давлатӣ аввал огоҳ намуда, баъдан ба ҳаво тир кушодаанд.

 

3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ-зарари моддии 4 рӯзи гирдиҳамоӣ...

   Дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳзадаи вилоят дар санаҳои 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида шуда, бо воситаи ин дарахтон роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма” баста шуда, воридоти молу маҳсулот ва рафтуомади виситаҳои нақлиёт қатъ гардидааст.

   Дар маҷмуъ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадилии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халалдор гардидааст.

    Қобили қайд аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш аз истифодаи силоҳи хизматӣ тибқи мукаррароти қонунгузорӣ сараввал ба ҳаво ҳамчун чораи огоҳкунӣ тир кушода истодаанд, аз тирҳои резинӣ истифода доранд.

   Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии онҳо идома дорад. Аз ин хотир, саркардагон ва аъзоёни гуруҳҳои муташккили ҷиноятӣ дар ҳаросанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати онҳо чораҳои бетаъхири қонунӣ меандешанд ва бинобар ин онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки гирдиҳамоӣ пароканда нашавад.

   Тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ашхоси ихтиёран ба тафтишот ҳозиршуда сабукии ҷазо пешбинӣ гардидааст. Дар ҳолати ихтиёран ба тафтишот ҳозир нашудан, нисбати шахсони гунахгор чораҳои қатъиёна андешида мешаванд.

   Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиёиён, аз ҷумла академик Илолов Маҳмадшо, профессор Ҷамшедов Парвона ва дигар мансабдорони Бадахшон амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли шахсони дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштироккунанда даъват доранд, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷуи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.

 

СССР

 

 

Матлабҳои дигар