ХАБАРИ ДОҒ

ВАРЗИШГОҲ БАРОИ ФУТБОЛ АСТ Ё КОНСЕРТ?

  • Чоршанбе, Март 02 2022

Футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шуда, дастоварҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, бешубҳа аз нерӯву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат шаҳодат медиҳад.

                                                (Иқтибос аз “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”)

 

Оғоз

Пештоз ҳаминро бояд бигӯем, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти футболи ватанӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар сатҳи давлатӣ қабул гардидани Барномаҳои рушду инкишофи футбол дар кишвар ба пешрафти ин бозии оммавӣ заминаи устувор мегузоранд. Санаи 3-юми декабри соли 2021, таҳти рақами 516  аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ба тасвиб расид. Пеш аз ин, барномаи мазкур барои солҳои 2012-2016 ва 2017-2021 қабул гардида буд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин барномаҳо дар таҳкими инфрасохтори футболи тоҷик мақоми намоёнеро ишғол карда, омили асосии ба муваффақият расидани дастаҳои мунтахаби миллии наврасону ҷавонони мамлакат ва дигар бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштанд. Яке аз бандҳои асосии барномаҳои мазкур сохтмони майдону майдончаҳои футболбозӣ ва таъсиси дастаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.

 

Назаре ба омор

Аз нигоҳи инфиродии мо, махсусан қабул гардидани “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” дар таҳкими инфрасохтори футболӣ созгор буд. Дар давраи солҳои 2017-2021 дар ҳудуди кишвар барои рушди инфрасохтори футболӣ 7 варзишгоҳи калон ва зиёда аз 946 адад майдончаҳои хурди футболбозӣ бунёд карда шуд. Айни замон аз 10220 иншооти варзишӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ ба қайд гирифта шуда, 122 варзишгоҳ ва 7326 майдончаи варзишӣ фаъолият менамоянд, ки барои рушди футбол саҳми муносиб гузошта истодаанд. Новобаста ба ин, бо дарназардошти дӯстдоштатарин намуди варзиш маҳсуб ёфтани футбол ва бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бунёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои муосири футбол дар деҳаю маҳаллаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

 

5 варзишгоҳи сатҳи байналмилалӣ

Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон 5 варзишгоҳе мавҷуд аст, ки Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар онҳо гузаронидани бозиҳои сатҳи байналмилалиро иҷозат медиҳад. Инҳо  варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, “ТАЛКО-АРЕНА”-и шаҳри Турсунзода, “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ва варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат мебошанд. Аз ин панҷ варзишгоҳ майдони футболбозии дутои он -  варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо сабзаи сунъӣ буда, майдони сеи дигараш алафи табиӣ аст. Илова бар ин, дар пойтахти кишвар варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷои нишаст ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ варзишгоҳ бо 15 ҳазор ҷои нишаст сохта шуда истодаанд, ки тибқи нақша имсол бояд мавриди истифодабарӣ қарор дода шаванд.

 

Варзишгоҳҳои бе даста

Он гунае, ки болотар гуфтем варзишгоҳҳо ба хотири дастаҳои футбол сохта мешаванд ва ҳар як варзишгоҳ бояд дастаи муносиби худро дошта бошад. Ба гунаи мисол дар  варзишгоҳҳои шаҳрҳои Ваҳдату Исфара, ки мутаносибан дорои 25 000 ва 24 000 ҷои нишаст мебошанд,  бояд дастае бозӣ кунад, ки ҳадди ақал аз пешсафони лигаи якуми кишвар бошад. Аммо, мутаассифона дар мо чунин нест. Дар сохтмони ин иншоотҳои бузурги варзишӣ чӣ миқдор маблағҳои ҳангуфт сарф шудааст, мо намедонем. Вале ҳамин қадарашро медонем, ки онҳо ба сохтан сохта шудаанд, аммо истифодабарияшон дар сатҳ ва дараҷаи мувофиқ нест. Зеро аз ҷониби роҳбарони ин шаҳру ноҳияҳо ба бозии футбол таваҷҷӯҳи лозимӣ зоҳир карда намешавад. Гузашта аз ин, вақте ки варзишгоҳ ё дилхоҳ иншоот муддати тӯлонӣ аз истифода дур монд, ба тадриҷ хароб мешавад. Аз ин рӯ, дастандаркорони соҳаи футболи ватанӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ба ин самти масъала таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд. Вагарна, варзишгоҳе, ки дастаи футболи худро надорад ба ким лозим? Оё  хубтар нест маблағеро, ки ба сохтмони ин гуна варзишгоҳҳои “хоб” сарф мекунем, ба амали савобтар ва судмандтаре барои мардумон равона созем?!

Аз рӯи омори дар даст доштаи мо, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, қариб ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар варзишгоҳҳо сохта шуданд, аммо мушкили асосӣ дар он аст, ки аксари ин варзишгоҳҳо дастаҳои футболи худро надоранд ва ё дошта бошанд ҳам ба онҳо касе таваҷҷӯҳ намекунад. Дар аксари мавридҳо, бо бемасъулиятии кадом масъули футболқимобе варзишгоҳҳо танҳову танҳо барои баргузории консертҳои бузург ва тантанаи Наврӯз корбаст мешаванд, ки айни савоб нест. Дар варзишгоҳ бояд футбол заду дар кохи фарҳанг ё Амфитеатр рақсу суруд хонд, на баракс!

Ин ҳам дар ҳолест, ки  дар тамоми Барномаҳои ҷиҳати рушди футбол дар кишвар қабулшуда, сохтмони варзишгоҳҳо, майдонҳои футболбозӣ, таъсиси дастаҳо ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳо пайдарпай таъкид шудааст ва масъулони иҷро бояд онҳоро бечуну чаро иҷро намоянд.

 

Нуралӣ Хоркашев      

махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter