ХАБАРИ ДОҒ

ЧАРО ДАР ДАНҒАРАВУ ҲИСОР ФУТБОЛ НЕСТ?

  • Чоршанбе, Май 25 2022

Талоши Лига

Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти масъули баргузории мусобиқаҳои дохили кишвар барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани рақобатҳо кӯшишу талошҳои зиёде мекунад. Ҳамасола аз ҷониби Лигаи мазкур ба дастаҳои лигаҳои оливу 1-уми Тоҷикистон кӯмакҳои зиёде расонида мешавад. Дастаҳо бо 2 ҷуфтӣ сару либоси бозикунӣ, тӯб ва дигар ашёҳои барои тамрину бозӣ таъмин мегарданд. Дар бозиҳои лигаҳои оливу 1-ум тибқи талаботҳои футболи муосир шахсони масъули баргузорӣ таъин мешаванд ва ҳаққи хизмати онҳоро Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт менамояд. Кормандони Лига барои таҳияи барномаҳои нав, ҷалби сарпарастон, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ гардонидани варзишгоҳҳо пайваста талошҳо доранд, ки ҳалолашон бод!

Ҳамаи ин чораву тадбирҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенташ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Лигаи футболи мамлакат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати бозии футбол, пурқувват кардани дастаҳо, тарбияи истеъдодҳои болаёқат ва дар интиҳо расидан ба натиҷаҳои баланд дар сабқатҳои байналмилалӣ мебошад.  Вале мутааассифона, баъзе аз роҳбарони калонтарин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, умуман ба ин соҳа аҳамият намедиҳанд. Ба фикрам ҳатто, тасаввуроте ҳам надоранд, ки дар дунё футбол гуфтанӣ бозие ҳаст ва аз он бояд ҳамчун омили сарҷамъии мардум истифода намуд...

 

Барномаи рушди футбол

Аз соли 2012 то имрӯз дар мамлакат 3 маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаҳои рушди футбол дар Тоҷикистон....” қабул шудаанд. Бори аввал барои солҳои 2012-2016, бори дуюм барои солҳои 2017-2021 ва бори сеюм барои солҳои 2022-2026. Дар ҳамаи ин барномаҳо 1 банди муҳиме аст, ки “Таъсис додани дастаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” номида мешавад. Аз назари инфиродии мо, Барномаеро, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда, Президенти кишвар имзо гузоштааст, ба гуфти бародарони рус “к обсуждению не подлежит”. Бе чуну чаро бояд иҷро шавад! Вале мутаассифона раисону роҳбарони мо ҳазор узру баҳона пеш оварда, ин мавзуро нодида мегиранд, ки набояд чунин бошад...

 

  “Данғара” ва “Шодмон”-ро эҳё кунед

Замоне дар ноҳияи Данғара, дастаи “Данғара” (солҳои 2003-2005) ва дар шаҳри Ҳисор дастаи “Шодмон” (то соли 2003) фаъолият доштанд. Дастаи “Данғара”-и ноҳияи Данғараро президенти вақти Федератсияи футболи Тоҷикистон генерали зиндаёд Суҳроб Қосимов дар якҷоягӣ бо Шералӣ Миралиев ном ҷавонмарди бонангу номуси маҳаллӣ соли 2003 таъсис доданд. Ҳадаф пеш аз ҳама эҳё гардонидани мактаби футболи ноҳия буд, ки то ҷое муваффақ ҳам гашт ва дар андак муддат чанд нафар истеъдодҳои болаёқатро низ барои футболи ватанӣ муаррифӣ намуд. Вале, мутаассифона аз бетаваҷҷӯҳии роҳбарони вақти ноҳия ва надоштани сарпарасти доимӣ “Данғара”-и Данғара ҳамагӣ баъди 3 соли фаъолияташ дар лигаи олӣ пароканда шуд. Баъдтар 1 гурӯҳ ҷавонони футболдӯсти ноҳия дастаи “Ҳосилот”-и Данғараро таъсис доданд, ки ҳамагӣ 1 сол дар лигаи якум баромад намуда, пароканда шуд. Ва ахиран соли 2016 бо талошу даводави зиёди 1 нафар аз ҷавонони воқеан сарсупурдаи футболи ватанӣ Бахтиёр Маҷидов дар ноҳияи Данғара дастаи “Сомон” таъсис дода шуд. Ин даста агарчӣ дар лигаи 2-юми кишвар унвони чемпиониро соҳиб шуда, дар лигаи 1-ум яке аз пурқувваттарин дастаҳо ҳисобида мешуд, вале боз ҳам аз хунукназарӣ, беэътиноӣ ва беаҳамиятии роҳбарони солҳои ахири ноҳия пароканда шуд. Бо пароканда шудани дастаи “Сомон” бо боварӣ метавон гуфт, ки футбол дар ин ноҳияи футболӣ пурра аз байн рафт, ки набояд чунин бошад.

Дар бораи футболи шаҳри “Ҳисор” ҳам айнан ҳамин қиссаро метавон навишт, ки барои футболи Данғара навиштем.  Мо албатта, дар бораи рушду инкишофи футбол дар дигар манотиқи кишвар ҳам дар оянда хоҳем навишт. Вале аз набудани дастаҳои футбол дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ҳисор бояд бонги хатар зад. Зеро дар ин ҷойҳо тамоми имкониятҳо барои таъсис додани дастаҳои беҳтарини футбол вуҷуд дорад. Зимнан бовар дорем, роҳбарони имрӯзаи ноҳияҳои мазкур хатои раисони пешинро ислоҳ карда, ба Данғараву Ҳисор футболи бузургро бармегардонанд. Зеро айб аст, ки 2 ноҳияи пешқадамтарини Тоҷикистон 1 дастаи футбол, ақаллан дар лигаи 1 надошта бошанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Нуралӣ Хоркаш,

хабарнигори варзишии СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter