Принт

Сокинони Фархор чемпион!

 

 Ассалому алайкум ба аҳли эҷоди СССР! Моҳи август дар Қазоқистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 12 давлат иштирок доштанд.

Аз ноҳияи Фархор 3 нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Инҳо Меҳроҷиддини Суҳроб, сокини ҷамоати деҳоти Гулшан, ҳамзамон донишҷӯи соли 2-юми Донишкадаи идоракунии назди Президенти ҶТ ҷойи 1-ум, Зокиров Анушервон, сокини ҷамоати деҳоти Гулшан, хонандаи синфи 11-и МТМУ №25, ҷойи 1-ум ва Бобоҷони Давлатманд, сокини ҷамоати деҳоти Гулшан, хонандаи синфи 8-и МТМУ №25 ҷойи 2-ум мебошанд.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,

ш.Кӯлоб  

Матлабҳои дигар