ХАБАРИ ДОҒ

Чаро ноҳияҳои пойтахт дастаи футбол надоранд?

  • Чоршанбе, Фев 01 2023

Сабаби асливу усулии навиштани ин матлаб, ба сифати котиб иштирок намудани инҷониб дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Ҷаласаи мазкур рӯзи 13-уми январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят-реҷенс”-и Душанбе баргузор гашт ва яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва муҳиме, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда, мавриди таҳлилу баррасии васеъи аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи кишвар қарор гирифт, ин  “дар бораи  вазифаҳои Федератсияи футболи шаҳри Душанбе оид ба рушду инкишофи минбаъдаи футбол дар шаҳри Душанбе дар соли 2023” буд.

Доир ба масъалаи мазкур, муовини раиси Федератсияи футболи ш.Душанбе Исо Бафоев баромад намуда, ба аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсия гузориши муфассал пешниҳод намуд. Қобили зикр аст, ки аксари аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсия ба ин мавзуъ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати футбол дар пойтахти азизамон андешаҳои худро баён намуданд. Вобаста ба мавзуи дурнамои рушду инкишофи футбол дар ш.Душанбе Кумитаи иҷроияи Федератсия қарорҳои мушаххас низ қабул намуд, ки боварӣ дорем, ҳатман роҳандозиву амалӣ мешаванд ва сатҳу сифати  ташкилу баргузории мусобиқаҳои футбол ва махсусан шумораи дастаҳои иштирокчӣ дар Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бештар мешавад. Зеро набояд фаромӯш сохт, ки имконияти таъсис додани дастаҳо, мавҷудияти майдонҳои замонавии футболбозӣ, баргузории машқу тамринҳо  ва дар маҷмуъ машғул шудан ба  машқу тамрин дар пойтахти азизамон  нисбат ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат, бакарат дастрасу осонтар аст. Фақат барои ин баъзе масъулин бояд хоҳишу ҳавсала дошта, ҳамеша барои иҷрои бевоситаи барномаҳои рушди футбол, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои муайян қабул мешаванд, саҳмгузор бошанд.

 

 3 барномаи давлатӣ ва 4 хомӯшии раисони навоҳӣ

Ба гунаи мисол, сар аз соли 2012 то ин дам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба “Барномаҳои давлатии рушди футбол барои солҳои 2012-2016, 2017-2021 ва ахирӣ барои солҳои 2022-2026” қабул шуданд, ки яке аз бандҳои мушаххаси ин барномаҳо “таъсис додани дастаҳои футбол ва таъмини онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ” мебошад. Вале ҳамчун корманди соҳаи футболи кишвар бисёр афсӯс мехӯрам, ки ба ин барномаҳои дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷониби баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус аз ҷониби роҳбарони ноҳияҳои пойтахти ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи лозимӣ дода намешавад. Дар ин давра, танҳо аз ҷониби ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе 1  дастаи футбол таъсис дода шуд, ки он ҳам ҳамагӣ баъди 1 соли иштирокаш дар лигаи якуми Тоҷикистон, фаъолияташро қатъ намуд.

 Бояд қайд кунем, ки аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои бевоситаи Барномаҳои давлатии рушди футбол дар кишвар таваҷҷӯҳ дода мешавад. Пайваста барои иҷрои ин барномаҳо ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар номаҳо, пешниҳодҳо ва таклифҳои иҷро ирсол карда мешаванд, вале мутаассифона аҳвол беҳбудӣ намеёбад.

Ба гунаи мисол, агар шуруъ аз мавсими футболи имсола, ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт дастаҳои футболи худро таъсис дода, иштирокашонро дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе таъмин намоянд, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар пойтахти азизи мо сатҳу сифати бозии футбол хеле ва хеле беҳтар мегардад. Илова бар ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе барои эҳёи дастаҳои футбол дар пойтахти кишвар ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон омодаанд ҳамеша дастгириву кӯмак кунанд. Барои таъсиси чунин дастаҳо тамоми имкониятҳоро дорем. Харҷҳои зиёд лозим намешаванд. Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин мушкил, дар заминаи мактабҳои варзишии ноҳияҳои пойтахт таъсис додани дастаҳои футбол аст. Ин дастаҳо метавонанд, дар дарёфти истеъдодҳои  нав, тарбияи футболбозони касбӣ мусоидат намоянд.

 

Ноҳияҳои пойтахт дар Лигаи 2 бозӣ кунанд!

Ин ҷо бояд қайд кунем, ки бо дарназардошти вазъи молиявӣ ва дигар сабабҳои асливу усулӣ, ҳаргиз мо тақозо намекунем, ки ноҳияҳои шаҳри Душанбе бояд ҳатман дар лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон дастаҳои худро дошта бошанд, аммо чунин меҳисобем, ки дар лигаи дуюми кишвар дар минтақаи Душанбе ҳатман бояд ҳар як ноҳияи шаҳр дастаи худро дошта бошад. Зеро лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаҳо аз камхарҷтарин лигаҳо ба ҳисоб рафта, заминаи асосӣ барои рушди ояндаи футболи ватанӣ шуморида мешавад.

 Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки вазифаи ҷамъиятии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷро менамоянд ва новобаста ба ҳама масъулияти давлатияшон, боз ҳам вақт ёфта, ба рушди футболи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки тамоми дастовардҳои бузурги солҳои охир футболи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама аз таваҷҷӯҳи бевоситаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма мегиранд.

Пас, чи гуна мешавад, ки ноҳияҳои пойтахт, навоҳии зертобеи Душанбе,  дастаҳои футболи худро надошта бошанд?!

Суоли матраҳ аст, албатта ва мавзуъро дар оянда мо ҳатман пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!

 

Нуралӣ Хоркашев,

хабарнигори варзишии СССР

 

                                                                                  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter