ХАБАРИ ДОҒ

Варзишкор қадр дораду ҳунарманд не

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Салом ба СССР-и азиз! Ман аз 1 чиз хеле ҳайронам, чаро дар кишвари мо варзишкор қадр дораду ҳунарманд не? Масалан агар 1 варзишкор бо медали тилло баргардад, ӯро дар фурудгоҳ ботантана пешвоз гирифта, бо мукофотҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мекунанд. Вале вақте 1 нафар ҳунарманди тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби Гран - при мегардад, ки қурби он баробари ҳамон медали тиллои варзишӣ аст, касе ғолибро на пешвоз мегирад на қадрдонӣ мешавад.

Чанде пеш хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги ш.Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» соҳиби Гран-прии озмун гардид. Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи 1-ум гардид. Ҳамин Муаттар Маликова моҳи январи соли равон дар онлайн-озмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН- прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардид.

Мояи ифтихор аст, ки Муаттар Маликова аз 6 то 13 январи соли равон дар Озмуни байналмилалии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори ӯ Фирӯза Қосимова бо унвони «Беҳтарин омӯзгор» қадрдонӣ карда шуд. Ғолибияти ин духтарон дар озмунҳои байналмилалии мазкур воқеан дастовард аст, аммо ба таври бояду шояд аз инҳо истиқбол карда нашуд…

Бобоалӣ Сабурзода,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter