ХАБАРИ ДОҒ

Варзиши №1 – чаро аз он дурем?

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Дар солҳои шуравӣ дар назди ГЭС-и овоздори Роғун командаи футбол ба номи «Роғун» ташкил шуда буд. Ҳатто 1 бор бо командаи «Помир»-и ҷумҳуриамон дар ш.Роғун бозӣ ташкил карданд.

Ман мушкили варзиши 1  шаҳри Роғунро дар назар надорам. Ҳар шаҳру ноҳия бояд командаи футболи худро дошта бошад. Шароит ҳаст, фақат хоҳиш лозим. Чӣ, магар Раҳими Ғармии соҳибкор, Шералӣ Кабир барин вазир ё раиси НОБ Роғун... наметавонанд, дар ноҳияи худ 1 командаӣ ташкил кунанд? Метавонанд!

Бубинед, Хорватия 3,5- 4 миллион аҳолӣ дораду дар зинаҳои баланди ҷаҳонии футбол бозӣ мекунад. Тоҷикистон аз Хорватия чӣ камӣ дорад!?

Наҷмиддин Худоиев,

ш.Роғун

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter