ХАБАРИ ДОҒ

Чаро ВМКБ дастаи футбол надорад?

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

 

Дар шабакаи инстаграм саҳифаи goal.tj расми беҳтарин футболбозони кишварро гузошта, савол кардаанд, ки чаро 70% - и бозингарони беҳтарини кишвар аз Бадахшон, аммо худи ин вилояти мухтор ҳатто 1 дастаи футбол ҳам надорад!

Фикрҳо гуногун, аммо…

Шореҳи телефизиони Футбол - Гулруз Худоназарзода, ки зодаи Бадахшон аст, мушкилоти асосиро да нарасидани маблағ ва дигарон бошад онро дар бемасъулиятии роҳбарияти ин вилоят дидаанд. Агар футболбозони хуб аз ин минтақа зиёд бошанд, пас ҷалб намудани маблағгузорон низ мушкилӣ надорад!?

Савол ин ҷост: Чӣ монеа аст, барои ташкил намудани 1 дастаи футбол дар Бадахшон?

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ ва ё дигар сохторҳои вилоят ва маблағгузорон боре дар ташкил намудани дастаи футбол фикр кардаанд?

Дар зер номи чанд нафаре аз бозингаронеро меорам, ки зодаи ВМКБ мебошанду шахсан ман онҳоро мешиносам:

Нуриддин Давронов (Шуғнон), Эҳсони Панҷшанбе (Рӯшон), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ванҷ), Салам Ашурмамадов, Элчибек Рашидбеков, Табрези Давлатмир (Рӯшон), Далер Имомназаров (Шуғнон), Саёди Ковусшо (Ванҷ), Шервон Мабатшоев (Ванҷ), Далер Ёдгоров, Кабир Салимшоев (Шуғнон), Рустам Соиров (Ванҷ), Меҳрубон Каримов, Ғуломҳайдаров, Ширинбеков, Алидодов, Э.Рашидбеков…

Фаррух Қурбониев,

ш.Душанбе

Аз СССР: Муаллифи мазкур каме зиёдаравӣ кардааст. Гап сари он аст, ки ин нафарон, ки воқеан ҳам футболбози хубанд, зодаи Бадахшон неву бадахшиасланд, ки дар пойтахт ба воя расидаанд. Вагарна аз рӯи мантиқ нест, ки дар ВМКБ 1 варзишгоҳу ним клуб набошаду футболистон аз он ҷо рӯянд. Дар ҳар сурат, дар Помир бояд Лигаи махсуси аввалияи маҳаллии футбол (мисли лигаи Рашт) таъсис ёбад, то ҷавонон бо футбол машғул шаванд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter