ХАБАРИ ДОҒ

МАРДИ БУЗУРГИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

  • Чоршанбе, Май 17 2023

Маълумотнома

Шарипов Исроил Мардонович 17-уми майи соли 1963 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудаст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва соли 2012 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намудаст. Соҳиби тахассуси иқтисоддон ва муаллими тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Собиқаи умумии корияш 42 сол, аз он ҷумла бештар аз 30 сол аз рӯи ихтисос. Айни замон вазифаи муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлонро ба зимма дорад. Ҳамзамон, аз соли 1993 то ин дам раиси бошгоҳи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар мебошад. Аз соли 2002 то соли 2018 вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлонро иҷро кардаст. Аз соли 2008 то соли 2020 аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон буд. Унвони Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007) ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтарро (2022) дорад. Аз соли 2014 аъзои ҲХДТ мебошад. Соли 2013 бо мукофоти давлатии Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гаштаст. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонад. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.

 

Ба ҷои табрикоти зодрӯзӣ

Ин ҳама маълумоте, ки болотар навиштем зиндагиномаи марде мебошад, ки умри худро сарфи рушду инкишоф ва пешрафти бозии футболи ватанӣ кардаст ва инак ба синни муборак ва ҷашнии 60 мерасад. Албатта, амалҳои шоистаи барои пешрафти футболи тоҷик намудаи Акаи Исроилро бо як-ду ҷумла баён намудан мушкилу ғайриимкон аст. Ӯ давоми умри пурбаракати худ ба ҳайси бозингари боистеъдод, мураббии кордон, мутахассиси касбӣ ва роҳбари донишманду серталаб ва тарбиятгари як насли нави бозингарон фаъолият намуда, ба халқу ватан хидмат кардаст.

Инчунин, бо боварии комил гуфтан имкон дорад, ки Исроил Мардонович ба тамоми бозингарон, мураббиён ва мутахассисони футболи калонтарин вилояти ҷумҳурӣ – вилояти Хатлон ҳаққи устодӣ дорад. Дар сангинтарин рӯзҳои барои футболи ватанӣ сарнавиштсоз, яъне оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ӯ тавонист, ки аз футбол ба ҳайси сафири воқеии сулҳу осоиштагӣ истифодаву пуштибонӣ намояд. Ҳатто, солҳои мушкили нобасомониҳои кишвар Исроил Мардонович то тавонист шогирдонро барои бошгоҳҳои футбол ва тими миллии Тоҷикистон тарбият намуд. Ду фарзандаш Умедҷон ва Умарҷонро ҳам бо роҳи худ бурд ва ҳарду футболбоз шуданд.

Исроил Шарипов ҳамеша барои пешрафти футболи ватанӣ кӯшиш мекунад. Имсол ӯ муваффақ гашт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 даста ташкил намуда, иштирокашонро дар Лигаи дуюми Тоҷикистон таъмин созад. Тамоми дастовардҳои дастаи “Вахш”-и овозадор, ки имрӯз номи “Хатлон”-ро гирифтаст, ба номи Исроил Шарипов алоқамандӣ доранд.

Имрӯз, ӯро аз номи мухлисони сершумори футболи тоҷик ба муносибати зодрӯзи ҷашнии 60 солагияшон самимона муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, хонаи обод, рӯзгори тинҷу осуда, сарафрозиву сарбаландӣ ва муваффақияту комёбӣ таманно дорем.

 

Нуралӣ Хоркашев,

мухбири варзиши СССР         

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter