ХАБАРИ ДОҒ

Варзишгари маъюбро фиреб доданд!

  • Чоршанбе, Май 31 2023

 

Дар Тоҷикистон имрӯз ба тарбияи ҷисмонии ҷавонон диққати махсус медиҳанд ва албатта ин боиси сарфарозиву хушнудист. Дар 4-5 соли охир ҷавонони барӯманди тоҷик дар мусобиқаҳое, ки қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико баргузор мегарданд, ғолибиятро ба даст оварда, парчами азизамонро дар арсаи байналмилал баланд мебардоранд. Дар соҳаи варзиш чемпионҳои зиёд дорем, амсоли Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Темур Раҳимов, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён ва дигарон, ки ба натиҷаҳои хуби варзишӣ соҳиб гашта, обрӯйи меҳани азизамонро боло бардоштаанд. Аммо афсӯс, ки ба варзишгарони маъюб таваҷҷӯҳ нест. На дар мусобиқаҳо онҳо ширкат мекунанд ва на тӯҳфаҳои дуруст тақдимашон мегардад, ба истиснои 1 медал ва 1 коғаз, ки дар он мӯҳру имзо гузошта шудааст.

Варзишгари маъюби гурӯҳи 1-ум Идриси Ҳайдар, ки зодаи ш.Истаравшан аст, дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки моҳи апрели соли 2022 дар ш.Хуҷанд баргузор шуда буд, дар намуди варзиши Дастхобонӣ (Армрестлинг), дар вазни худаш ҷойи 2- умро гирифта, бо медалу Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ба варзишгар Идрис ваъда доданд, ки дар мусобиқаи соли 2023, ки дар мамлакати Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Ӯ бо умеди иштирок дар мусобиқа 1 сол тамрин дида, шабу рӯз орзуи ба чемпионат рафтан дошту рӯзу ҳафтаҳо мешуморид. Аммо моҳи апрел, ки наздик омад, шахси мутасаддӣ, ки аз тарафи Кумита таъин шудаасту маош мегирад – Зокирҷон Комилов ва мураббии варзишгарони маъюб дар вилояти Суғд Идрисро фиреб дод.

Мавсуф Чемпионати Тоҷикистонро дар соли 2023 нагузаронида, оиннома ва низомномаро вайрон намуда, дилхоҳ варзишгарони ба худаш писандро гирифта, ба мамлакати АМА ба чемпионат бурд. Лек Идрис, гарчанде, ки номаш дар рӯйхат навишта шуда буд, дар нимароҳ монд…

Магар нисбати номбурда Зокирҷон Комилов ягон кас чора намеандешад ва оё варзишгарони маъюб лоиқи масхараву таънаву мазаммат ҳастанд!? Маблағҳои аз буҷаи ҳукумат ба соҳаи варзиш ҷудошуда, хосса барои варзишгарони маъюб магар ба онҳо тааллуқ надорад, ки харҷ карда намешавад? То ба кай ноадолатӣ нисбати варзишгарони маъюб сурат мегирад ва чаро Кумита аз фаъолияти Зокирҷон Комилов барин шахсон сарфи назар мекунад?

Аз Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки ба ин қазия рӯшанӣ андохта, 1  маротиба бо Идрис Ҳайдаров шахсан вохӯрда, суҳбат намояд.

Эҳром Раҷабов,

ш.Истаравшан,

Тел: 926235149

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter